БАРТАРИИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАҲСИ РОҒУН
Бархе аз коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотии марбути Роғун бар Узбакистон бартарӣ ёфтааст. Ин бартарӣ ба гузориши ахири Кумитаи равобити байнулмилалии Сенати Амрико, посухи Бонки Ҷаҳонӣ ба экологҳои Узбакистон ва изҳороти Струан Стивенсон, вакили порлумони Иттиҳоди Аврупо пайванд дода мешавад, ки дар онҳо ба ин ё он шева ҳаққи Тоҷикистон ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун эътироф, таъкид ё то андозае пуштибонӣ шудааст.
Сенати Амрико иҷрои ин тарҳҳро муҳим арзёбӣ карда, Бонки Ҷаҳонӣ ба номаи экологҳои Узбакистон посухи манфӣ дод ва Стивенсон аз кишварҳои Ғарб даъват намуд, аз талошҳои Тоҷикистон дар истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ ва нерӯгоҳи Роғун, ки метавонад, омили пешрафти иқтисодии минтақа шавад, пуштибонӣ кунанд. Ба ин тартиб паллаи тарозу дар талошу фишорҳои иттилоотӣ ва дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон акнун як миқдор ба фоидаи Тоҷикистон хам хӯрд.
АМАЛКАРДИ ТАРАФҲО
Майли Ғарб ба мавзеъгирии Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки коршиносон мегуфтанд, Узбакистон бо ташкили сафари Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун ба соҳилҳои хушкидаи Арал, баргузории ду конфаронси байнулмилалии экологӣ ва даъвати коршиносони амрикоӣ ва намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ба Тошканд, зоҳиран дар баҳси иттилоотӣ ва дипломатии зидди Роғун дастболо шуда буд.
Талошҳои байнулмилалии Узбакистон бо чораҳои амалии фишор ба Тоҷикистон ҳамзамон буданд. Аз ҷумла боздошти вагонҳои молу колои тронзитии Тоҷикистон дар роҳи оҳан, намоишкорона даъват накардани намояндагони Тоҷикистон ба конфаронси экологии Тошканд, чандин изҳороти шадидлаҳни раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов ва намояндагони аршади ҳукумати ӯ, тазоҳуроти зидди корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, баҳси ҳарими ҳавоӣ, интиқоли газ, афзоиши боҷи гумрукӣ ва ҳатто нашри чандин видеонавори воҳимаангези эҳтимоли фалокат дар Роғун бар асари заминларза дар шабакаи You Tube ва монанди инҳо.
Тоҷикистон дар ин байн бидуни ягон ҳаракати тунд, ҳамоно ба зарурати истифодаи дурусти об дар кишварҳои минтақа, эҳтиёҷи ҳаётияш ба нерӯгоҳҳои аз лиҳози экологӣ поки барқи обӣ ва омодагияш ба ҳама гуна омӯзиши пайомадҳои тарҳи Роғун ва ҳалли мушкил аз роҳи гуфтушунид таъкид мекард. Барои намуна, вақте президент Каримов гуфт, ки танҳо пур кардани обанбори Роғун кишварашро барои 8 сол аз об маҳрум хоҳад кард, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳаргиз дар додани об ба ҳамсоягони худ беадолатӣ накардаанд ва дар оянда низ нахоҳанд кард. Пас оё чи омилҳое таваҷҷӯҳи Ғарбро ба тарҳи Роғун ҷалб намуд?
ОМИЛҲОИ БАРТАРӢ
Чанд моҳи охир таваҷҷӯҳи Ғарб ба Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст, ба вижа дар робита ба вазъи Афғонистон ва омодагиҳо ба хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар, густариши ҳузури хомӯшонаи Чин ва эҳтимоли такрори намунаҳои Мисру Тунис дар ин минтақа. Дар ин пасманзар афзоиши таваҷҷӯҳи Ғарб ба мушкилоти ҳассоси минтақа низ ба мушоҳида мерасад, ки истифодаи захираҳои об яке аз онҳост.
Алексей Кременюк, муовини раиси Пажӯҳишгоҳи Амрико ва Канадаи Фарҳангистони улуми Русия мегӯяд, «барои Ғарб ва Амрико оромӣ дар ин минтақа муҳим аст ва ба хотири субот дар Афғонистону Покистон Амрико аз сохтмони нерӯгоҳ ва иҷрои дигар барномаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақа пуштибонӣ мекунад.»
Дар гузориши Кумитаи равобити байнулмилалии Сенати Амрико низ ба аҳамияти нерӯгоҳҳои барқи обии Осиёи Марказӣ барои интиқоли барқ ба Афғонистону Покистон ҳамчун омили беҳбуди иқтисодӣ ва таҳкими субот таъкид шудааст. Зимнан тарҳи Роғун барои субот дар худи Тоҷикистон низ муҳим шумурда мешавад. Зимистони сарди соли 2007-2008 ва ваҳшатҳои он ҳанӯз аз он замон тараҳҳуми кишварҳои Ғарбро ба бор оварда, зарурати Роғунро аз баҳс хориҷ карда буд ва дар гузориши Сенат низ ин нукта тазаккур ёфтааст.
Аз ин нигоҳ, мавзеъгирии Тоҷикистон -- омодагӣ ба гуфтушунид бо Узбакистон ва ниҳодҳои байнулмилалӣ, омодагӣ ба таъмини шаффофият дар бунёди нерӯгоҳ ва ҳам ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон дар муқобили баёнияҳои шадидлаҳн ва чораҳои фишороварандаи Узбакистон рӯҳияи бештари дипломатӣ ва ташаннуҷзудоӣ доштанд, ки тавонист, майли Ғарбро ба вуҷуд орад.
Бо вуҷуди ин коршиноси тоҷик, Рашид Ғанӣ Абдулло, бо ишора ба ақибнишинии Русия ва Чин аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон мегӯяд, «Узбакистон дар Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад ва ҳатто Амрико бе назардошти манофеи он амал карда наметавонад ва аз ин лиҳоз пуштибонии Ғарб ҳоло бештар ба он равона шудааст, ки Узбакистону Тоҷикистонро ба созиш оварда шаванд.»
ҚАДАМҲОИ БАЪДӢ
Бархе аз коршиносони дигар низ бар инанд, ки майли мусбат ба Тоҷикистон як навъ аломат ба Узбакистон аст, ки бояд бо ҳамсояи худ канор ояд. Ҳарчанд имрӯзҳо мақомоти Тошканд аз ҳама гуна шарҳи таҳаввулоти ахир худдорӣ мекунанд, аз эҳтимол дур нест, ки Узбакистон дар ин баҳс далелҳои наверо ба кор хоҳад андохт. Аммо, меафзоянд онҳо, агар дар шеваи бархӯрди Тошканд дигаргунии амиқ ба вуқӯъ напайвандад ва Тоҷикистон низ роҳи мӯътадили дипломатии худро идома диҳад, далелу талошҳои нави Тошканд дигар он таъсири умда нахоҳанд дошт, ки пештар доштанд.
Салими Аюбзод, Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/4590-bartarii-diplomatiai-tojikiston-dar-bahsi-roghun.html
-
05.10.2026 08:36
334
Сарвари рӯзгорсоз ва Пешвои ваҳдатофари миллат
-
02.10.2026 13:58
267
Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
29.09.2026 13:16
192
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
-
08.05.2026 19:24
791
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
759
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
741
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
10.10.2026 12:45
108
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
06.10.2026 14:01
171
Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад
-
06.10.2026 13:58
155
Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд
-
15.09.2026 20:48
424
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
14.07.2026 10:13
629
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
675
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
06.10.2026 23:47
235
Меъмории муосир: Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ тақвият медиҳанд
-
06.10.2026 14:04
166
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
-
06.10.2026 09:15
206
Пойтахт «ҳушманд» мешавад: Аз чароғакҳои ҳушманд то гузаргоҳҳои дурахшандаи пиёдагард
-
06.10.2026 09:21
232
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд
-
04.10.2026 21:07
392
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод
-
25.09.2026 00:51
357
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”
-
30.09.2026 11:18
282
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
393
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
199
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
10.09.2026 22:44
542
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
539
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
631
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
02.03.2026 23:37
833
“Ранҷи модар”
-
28.02.2026 22:46
928
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2293
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.07.2026 12:25
597
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2421
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1483
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
04.10.2026 20:51
305
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
27.09.2026 20:11
267
ҶҶ 2002: Ғалабаи панҷуми Бразилия дар Осиё
-
23.09.2026 20:56
122
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
-
04.10.2026 20:56
317
Александр Васильевич Суворов - Сарлашкар ва ислоҳотгари санъати ҳарбӣ
-
27.09.2026 20:15
285
Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон
-
27.09.2026 20:06
236
Gazzetta di Mantova: Қадимтарин рӯзномаи Италия










































