07:38:26 11-уми Октябри 2026 сол

Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад

Бонки Осиёии Рушд суръати рушди иқтисодии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд пешгӯӣ карда, барои дастгирии инфрасохтори кишвар 1,1 миллиард доллар ҷудо менамояд.

2222 logistikaИқтисоди Тоҷикистон соли 2026 ба андозаи 7,3 фоиз ва соли 2027 ба андозаи 6,8 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Чунин пешбинӣ дар «Таҳлили рушди Осиё»-и Бонки Осиёии Рушд (БОР) оварда шудааст. Ба ақидаи иқтисоддонҳо, рушд дар сатҳи 7 фоиз яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар байни кишварҳои рӯ ба рушди ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Ко Сакамото тазаккур дод, ки рушди баланди иқтисодӣ барои таъсиси босуръати ҷойҳои нави кории босифат, махсусан дар соҳаҳои рақобатпазири саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва маҳсулоти минералӣ имконият фароҳам меорад.

Муҳаррикони асосии рушди иқтисод ва нақши логистика

Коршиносони БОР чор соҳаи калидиро ҳамчун муҳаррикони асосии рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ном мебаранд:

- Энергетика

- Нақлиёт ва логистика

- Саноат

- Хизматрасонӣ

Мутобиқи «Стратегияи нави шарикӣ барои солҳои 2026-2030», БОР ба инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон, бахусус дар доираи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) сармоягузории фаъол хоҳад кард. Ин тадбирҳо хароҷоти логистикиро коҳиш дода, тиҷорати хориҷиро ҳавасманд месозанд.

Лоиҳаҳои муҳим ва сармоягузории 1,1 миллиард долларӣ

Дар давраи солҳои 2026-2028 БОР барои дастгирии рушди иқтисодӣ ва навсозии инфрасохтори Тоҷикистон тақрибан 1,1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.

Бо дастгирии ин бонк аллакай як қатор лоиҳаҳои бузург амалӣ шудаанд ва ё идома доранд:

- Таҷдиди роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе-Бохтар»

- Бунёди роҳи автомобилгарди «Обигарм-Нуробод»

- Сохтмони роҳҳои «Хулбук-Темурмалик-Кангурт» ва «Бохтар-Данғара-Гулистон»

- Барқарорсозии қитъаи 40-километрии роҳи Оқмазор – Бохтар дар вилояти Хатлон

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ