Ифтитоҳи ду маркази муосири илмӣ дар Бадахшон
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадами навбати баҳри рушди таҳсилоти инноватсионӣ ва омодасозии кадрҳои муҳандисиву экологӣ гузошта шуд.
Дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020–2040) дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ду маркази муосири таълимӣ — Маркази «STEM» ва «Маркази таълимии устуворгардонии шаҳри Хоруғ» расман ба истифода дода шуданд.
Таъсиси маркази «STEM» (Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика) қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори илмӣ-таълимии донишгоҳ маҳсуб меёбад. Маркази дуюм — «Устуворгардонии шаҳри Хоруғ» бошад, махсус барои омӯзиш ва таҳияи модулҳои таълимӣ барои устувории шаҳр, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ нигаронида шудааст.
Платформаи нави илмӣ ва ниёзҳои воқеии ҷомеа
Ин марказҳои нави инноватсионӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисони бахшҳои давлативу хусусӣ ҳамчун майдони озмоишҳои илмӣ ва амалӣ хизмат хоҳанд кард. Ҷавонону устодони донишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки ба таҳқиқоти самтҳои зерин фаъолона ҷалб шаванд:
- Таҳқиқи тағйирёбии иқлим, муҳити зист ва иқтисоди «сабз».
- Идоракунии захираҳои обӣ, геоинформатика ва сохтмони устувори шаҳрӣ.
- Рушди технологияҳои рақамӣ ва энергетика.
Масъулини соҳа таъкид мекунанд, ки фаъолияти ин марказҳо ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар заминаи донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалии таҳияи лоиҳаҳо, таҳқиқот ва соҳибкориро мустақилона азхуд намуда, робитаи илмро бо ниёзҳои воқеии ҷомеа боз ҳам тақвият бахшанд.
“Рӯзгор”
















