20:46:21 17-уми Сентябри 2026 сол

Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа

Баъд аз ин ки Паёмбар (с) ҳамроҳи ғуломи Хадиҷа - Майсара аз сафари тиҷоратӣ бозгаштанд, осори баракат ва амонатдорӣ дар молҳои Хадиҷа намоён буд, зеро ки қабл аз он чунин фоидае барои Хадиҷа ба даст наомада буд.

madina 12568956454221Оре, садоқату дурустӣ ва амонатдории Паёмбар (с), таваҷҷуҳи Хадиҷаро ҷалб намуда буд, ба хусус, ҳангоме ки ғуломи ӯ Майсара каромоту бузургвориҳоеро, ки аз Паёмбар (с) дар тӯли ин сафар дида буд, барои Хадиҷа таъриф намуд.

Хадиҷа ба хотири ин ки насаби шариф дошт ва зани покдоману наҷиб буд, хостгорони зиёде дошт. Бахусус, сарони Қурайш аз ӯ хостгорӣ менамуданд, аммо Хадиҷа ба ҳамаи онҳо ҷавоби рад медод, чунки он хусусиятеро, ки Хадиҷа дар вуҷуди шавҳараш дидан мехост, онҳо доро набуданд. Хадиҷа пас аз солҳо гумшудаи худ (Паёмбар (с))-ро пайдо намуд, пешниҳоди издивоҷи хеш бо Паёмбар (с)-ро ба воситаи зане ба номи Нафиса матраҳ кард. Нафиса пешниҳоди Хадиҷаро бо Паёмбар (с) дар миён гузошт.

Паёмбар (с) низ пешниҳоди Нафисаро пазируфт ва ин амрро бо амаки худ дар миён гузошт. Онон назди амаки Хадиҷа рафтанду Хадиҷаро барои Паёмбар (с) хостгорӣ намуданд. Ба ин тартиб издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа сурат гирифт.

Тамоми фарзандони Паёмбар (с) ғайри Иброҳим аз Хадиҷа мебошанд. Фарзандони Хадиҷа аз инҳо иборатанд: Қосим, Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум, Абдуллоҳ ва Фотима.

Доварии Паёмбар (с)

Замоне ки Паёмбар (с) сию панҷ сол дошт, Қурайш тасмим гирифтанд, то хонаи Каъбаро бозсозӣ намоянд. Сабаби бозсозии хонаи Каъба ин буд, ки бар асари селе, ки дар Макка иттифоқ афтода буд, наздик ба вайронӣ ва нобудии хонаи Каъба гардад. Қурайш, ки ба хонаи Каъба эҳтироми хосе доштанд, тасмим гирифтанд, ки бинои онро бозсозӣ намоянд. Ибтидо онон метарсиданд, ки мабодо Худованд ба хотири вайрон намудани хонаи Каъба осебе ба онҳо бирасонад. Аз тарафи дигар агар хонаи Каъба бозсозӣ намешуд, бинои он комилан фурӯ мерехт. Саранҷом Валид ибни Муғираи Махзумӣ корро шурӯъ намуд ва ду рукни аслии Каъбаро вайрон карду гуфт: “Бор Худоё, мо ҷуз кори хайр ҳадафе надорем”. Баъд аз он сохтани ҳар қисмати Каъбаро ба як тоифа супурданд. Кори сохту бозсозии Каъба тамом шуда буд ва танҳо насби Ҳаҷарул-асвад боқӣ монда буд. Аз сабаби он ки ифтихори насби Ҳаҷарул-асвад насиби ҳар қабилае, ки мешуд, имтиёзи хосе нисбат ба қабоили дигар пайдо менамуд, қабоили мухталиф бо ҳам даргир шуданд ва ин даргирӣ чаҳор ё панҷ рӯз тӯл кашида, наздик буд, ки байни онҳо ҷанги сахту вайронгаре иттифоқ афтад.

Билохира Абӯумайя ибни Муғираи Махзумӣ ба онҳо пешниҳод кард, ки нахустин касе, ки вориди хонаи Каъба гардад, дар мавриди насби Ҳаҷарул-асвад ҳар чи гӯяд, дигарон қабул кунанд. Ҳамаи қабилаҳо ин пешниҳоди ӯро пазируфтанд ва дар интизори ин буданд, ки чӣ касе ворид хоҳад шуд. Худованд ин гуна ирода карда буд, ки ин ифтихор насиби Паёмбар (с) гардад. Вақте ки Паёмбар (с) наздики хонаи Каъба шуд, ҳамаи нигоҳҳо мутаваҷҷеҳи ӯ буд ва аз ин ки фарди амину дурусткор ворид шудааст, бисёр хушҳол шуда, дар интизор буданд, ки Паёмбар (с) чӣ гуна доварӣ хоҳад кард. Паёмбар (с) вақте ки аз моҷаро иттилоъ пайдо кард, чодари худро паҳн намуд ва он гоҳ дастур дод, ки ҳар як сарони қабоил гӯшаи аз он чодарро бигиранду боло бардоранд. Ҳангоме ки навбат ба насби Ҳаҷарул-асвад расид, бо дастони мубораки худ сангро дар ҷои махсус қарор дод ва бо ин тартиб бо дирояту зиракии хеш ба ҷангу ҷидоли миёни онон (Қурайш) хотима дод.

Хусусияти Паёмбар (с) қабл аз биъсат

Паёмбар (с) қабл аз ин ки ба паёмбарӣ мабъус гардад, дорои хусусияту вежагиҳои бисёр неку писандида буд. Садоқат ва дурусткории Паёмбар (с) забонзади хосу ом гардида буд ва ҳамаи мардуми Қурайш эшонро бо номи Муҳаммадамин мешинохтанд. Ӯ ба оёт ва нишонаҳои қудрат ва азамати Илоҳӣ меандешид ва соатҳои тӯлонӣ ба розу ниёзи Парвардигори хеш мепардохт. Шароб наменӯшид, агар Қурайш кори хайр ва неке анҷом медоданд, ононро ёрӣ менамуд ва агар кори зишту норавое анҷом медоданд, аз онон рӯйгардон мешуд.

Бо ҳамнавъон ба некӣ ва хушӣ рафтор мекарду ба дарди дилҳои дигарон гӯш медод. Аз синни сиву панҷсолагӣ ба узлат ва гӯшанишинӣ мепардохт ва бештари вақташро дар ғоре ба номи ғори Ҳиро сипарӣ менамуд. Рӯзе аз рӯзҳо ҳодисае барояш иттифоқ афтод, ки ҳаргиз бо он рӯ ба рӯ нашуда буд ва ҳатто интизори онро надошт.

Нузули ваҳй

Зиндагии Паёмбар (с) ҳамроҳи Хадиҷа бо хушбахтӣ ва саодат сипарӣ мешуд ва ҳар чи Паёмбар (с) ба синни чиҳилсолагӣ наздиктар мешуд, вежагиҳои рӯҳӣ ва ахлоқии ӯ тараққӣ меёфт ва мутаъолитар мегардид. Паёмбар (с) ҳар сол моҳи Рамазонро дар ғори Ҳиро, ки дар кӯҳи Нур воқеъ шуда буд, сипарӣ менамуд. Аммо дар ин сол Паёмбар (с) бо ғори Ҳиро унсу улфати бештаре пайдо намуда буд ва рӯҳи Паёмбар (с) ба гунае мутаъолӣ шуда буд, ки хобҳои содиқонаро мушоҳида менамуд ва ҳар чи дар хоб медид, ба вуқӯъ мепайваст.

Оре, Худованд ирода карда буд, то лутфи бениҳояти худашро машмули ҷаҳониён созад ва Паёмбар (с)-ро “Хотамуланбиё” қарор диҳад ва динро ба василаи ӯ комил гардонад.

Паёмбар (с) дар яке аз рӯзҳо, ки барои розу ниёз ба ғор Ҳиро рафта буд, бо шахсе рӯ ба рӯ гардид, ки ҳаргиз ӯро надида буд ва он шахс Ҷабраил (а) буд. Дар ин рӯз ҳомили як паёми бисёр бузургу навидбахш барои Паёмбар (с) буд. Он паём чунин буд: “Эй Муҳаммад, башорат ва мужда бод туро, ки ман Ҷабраил ҳастам ва ту Паёмбари Худо ба сӯи ин уммат ҳастӣ”. Онгоҳ Ҷабраил (а) ба Паёмбар (с) гуфт: “Иқраъ” (бихон). Паёмбар (с) дар ҷавоб фармуд: “Мо ана биқориъин” (Ман хонданро намедонам). Ҷабраил (а) Паёмбар (с)-ро бисёр фишор доду он гоҳ гуфт:

“Бихон ба номи Парвардигорат, ки ҳамаи ҷаҳонро офаридаст. Инсонро аз хуни баста офаридаст. Бихон ва Парвардигори ту бузургвортар ва бахшандатар аст аз он чи ту мепиндорӣ. Ҳамон Худованде, ки ба василаи қалам инсонро таълим дод ва ба ӯ чизҳое омӯхт, ки намедонист”.

Паёмбар (с) баъди нузули ин оятҳо, бо ҳолати пур аз тарсу ҳарос ғори Ҳироро тарк карду ба сӯйи хона шитофт. Аз шиддати ларзу тарс ба ҳамсари меҳрубонаш Хадиҷа (р) гуфт: “Маро бипӯшонед, маро бипӯшонед”. Хадиҷа (р) Паёмбар (с)-ро пӯшонид ва сабаби ба вуҷуд омадани тарсу ларз дар вуҷуди ӯро ҷӯё шуд. Баъд аз ин ки тарсу ларзи Паёмбар (с) бартараф шуд, моҷароро барои Хадиҷа (р) баён кард. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки чаро Паёмбар (с) дучори тарсу ҳарос гардид? Ҷавоб ин аст, ки ҳамон тавре ки ҳазрати Мӯсо вақте таҷаллии азамати илоҳиро бар кӯҳ диду беҳуш шуд ва аз шиддати хавфи Илоҳӣ тоб наёвард, ин масъала дар мавриди Паёмбар (с) низ содиқ аст, чунки Паёмбар (с) аз қабл омодагии ин мавзуъро надошт ва интизор надошт, ки рӯзе бо падидаи бузурге ба номи “ваҳй” рӯ ба рӯ хоҳад шуду бори сангину хатири нубувват бар дӯши ӯ вогузор хоҳад гардид.

Азбаски ҳамсари меҳрубони Паёмбар (с) аз шахсияти волои эшон бохабар буд ва медонист, ки ин башорати азим барои эшон аст, ба Паёмбар (с) гуфт: “Аз он ҷое ки шумо дар гуфтору кирдори худ содиқ ҳастед ва ҳаққи хешовандону заифонро ба ҷой меоваред, Худо шуморо азият нахоҳад кард”.

Хадиҷа (р) баъд аз он Паёмбар (с)-ро назди амакаш Варақа ибни Навфал бурд ва моҷароро барояш нақл кард. Варақа чун маълумоте аз китобҳои гузаштагон ва анбиёи илоҳӣ дошт, ба Паёмбар (с) гуфт: “Ин ҳамон фариштаест, ки Худованд ӯро ба сӯйи Мӯсо (а) фиристодааст. Яъни ӯ Ҷабраили амин, ваҳйовари Илоҳӣ аст ва қавми ту ҳамон мушкилот ва азиятҳоеро барои ту эҷод хоҳанд кард, ки барои паёмбарони пеш аз ту эҷод карданд ва туро аз шаҳри худ (Макка) берун хоҳанд кард”.

Паёмбар (с) дар ҳолати андӯҳ ва нороҳатӣ

Баъд аз ин ки ваҳй бар Паёмбар (с) нозил шуд, бештари вақти худро барои тоату ибодат ва тафаккур дар оёту нишонаҳои ӯ дар ғори Ҳиро сипарӣ менамуд. Аммо муддате гузашту ҳеҷ гуна ояти ҷадиде бар Паёмбар (с) нозил нагардид. Паёмбар (с) нороҳату ғамгин буд, чун фикр мекард, ки Худованд ӯро танҳо гузошгаст, аммо ҳар вақт чунин фикре ба суроғи Паёмбар (с) меомад, Ҷабраил (а) бар Паёмбар (с) нозил мешуду мегуфт: “Ту расули Худоӣ”.

Албатта агар муддате ваҳй бар Паёмбар (с) нозил нашуд, ба ин хотир буд, ки ҳолати аввалини Паёмбар (с) ҳангоми нузули ваҳй, ки ҳамзамон бо тарсу ларз буд, бартараф шавад ва шавқу иштиёқи Паёмбар (с) барои дарёфти ваҳйи баъдӣ бештар гардад. Ин буд, ки вақте шавқу иштиёқи Паёмбар (с) ба ниҳояти худ расида буд, Худованд ояти баъдиро бар Паёмбар (с) нозил кард. Оёти нозилшуда ин аст:

“Эй ҷома бар сар кашида, бархез ва мардумонро аз азоби Худованд битарсон. Ва танҳо Парвардигори худро ба бузургӣ ёд кун. Ва ҷомаи хешро покиза дор. Ва аз чизҳои касифу палид дурӣ кун. Базлу бахшишро барои ин макун, ки афзунталабӣ кунӣ. Барои хушнудии Парвардигорат шикебоӣ кун”. (Сураи “Муддассир”, ояти 1 то 7).

Аз вақте ки оятҳо бар Паёмбар (с) нозил шуд, масъулияти сангини эшон, ки таблиғу инзори мардум буд, шуруъ шуд. Паёмбар (с) агар то кунун танҳо ба тазкия ва таълиму тарбияти дарунии хеш мепардохт, аммо аз имрӯз бояд таблиғу иршоди мардумро ба сӯйи Худо бар уҳда гирад ва дар ростои даъвати онон ба сӯйи Парвардигор агар дучори ранҷу заҳмате шавад, набояд нороҳату ғамгин шавад, ба ин хотир Паёмбар (с) кори даъвату таблиғро шурӯъ намуд.

Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша

Муаллиф: Муҳаммад Алии Холидӣ, Ҷилди 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ