20:33:24 17-уми Августи 2026 сол
Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 15.08.2026 13:11 313
15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд 15.08.2026 12:53 298
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Ҳасан Асадӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.
Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар Душанбе лабораторияи нав кушода мешавад 15.08.2026 12:49 291
Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиал лабораторияи нави «Электроникаи саноатӣ» кушода мешавад.
БА ЗУДӢ ДАР «РӮЗГОР»! 14.08.2026 20:28 337
Сомонаи «Рӯзгор» ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади зинда нигоҳ доштани анъанаҳои асосгузораш рӯзноманигори фарзона Султон Ҳамад, силсилаи мусоҳибаҳоро бо чеҳраҳои барҷастаи рӯзноманигорӣ, адабиёт ва фарҳанг оғоз намудааст. Ин суҳбат яке аз ҳамин силсилаи мусоҳибаҳост.
Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд 13.08.2026 11:23 294
Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 118,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 16,2 миллион сомонӣ ё 16 фоиз зиёд мебошад.
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд 13.08.2026 11:18 308
Дар Теҳрон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири додгустарӣ (адлия)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Аскар Ҷалолиён баргузор гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд 13.08.2026 11:11 276
11 август дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд 13.08.2026 11:06 225
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода дар вохӯрии муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои сиёсӣ Эллисон Ҳукер дар Вашингтон дар ҳавзаи Колумбия бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд 07.08.2026 14:01 228
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуди Шолуӣ мулоқот намуд.
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд 03.08.2026 11:04 334
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Директори генералии Осорхонаи таърихӣ-табиии Вена Катрин Воланд вохӯрӣ намуд.
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд 01.08.2026 12:03 354
Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш ва Сангвор баргузор мегарданд.
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад 01.08.2026 11:57 374
Аз 1 август дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд 01.08.2026 11:51 329
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парватӣ мулоқот намуд.
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид 30.07.2026 10:55 463
28 июл дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд 30.07.2026 10:50 422
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ 27 июл зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн баррасӣ гардиданд.