«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
Дар Минтақаи сайёҳии миллии «Аваза» намоишгоҳи бузурги давлатҳои аъзои ИДМ ва Эрон баргузор гардид, ки дар он Павилиони миллии Тоҷикистон бо тарҳи муосир диққати иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Дирӯз дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон Намоишгоҳи дастовардҳои миллии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардид.
Дар ин ҳамоиши бузурги иқтисодӣ кишварҳои аъзои Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, инчунин Эрон ва Туркманистон павилионҳои миллии худро ташкил намуданд.
Тарҳи замонавӣ ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ
Павилиони миллии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати кишвар дар майдони 39 метри мураббаъ бо омезиши нақшу санъати миллӣ ва тарҳи муосири технологӣ бунёд ёфт.
Дар павилион иқтидори иқтисодиву содиротии Тоҷикистон дар самтҳои зерин ба намоиш гузошта шуд:
- Дастовардҳои саноати мошинсозӣ, кӯҳкорӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок.
- Меваҳои шаҳдбори ватанӣ, хушкмеваҳо, асали табиии тоҷик ва обҳои ташнагишикан.
- Иқтидори энергетикии кишвар, технологияҳои рақамӣ ва лоиҳаҳои соҳаи «иқтисоди сабз».
- Намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, нассоҷӣ ва адабиёти миллӣ.
Инчунин дар маркази павилион LED-экрани бузург насб гардид, ки дар он наворҳои ҷолиб дар бораи табиати зебоманзар, сайёҳӣ, соҳаи кишоварзӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист пахш карда шуданд.
Ҳадафи асосии ин намоишгоҳ таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, рушди ҳамкориҳои инноватсионӣ ва муаррифии иқтидори тиҷоратии кишварҳои аъзои ИДМ мебошад.
“Рӯзгор”
















