22:53:10 10-уми Сентябри 2026 сол

Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб

Баъд аз вафоти Омина модари Паёмбар (с) сарпарастии ӯро Абдулмутталиб бар ӯҳда гирифт, Абдулмутталиб аз ҳеҷ гуна меҳру утуфате нисбат ба Паёмбар (с) дареғ намеварзид ва ӯро бисёр дӯст дошта навозиш мекард, ҳатто ӯро аз фарзандони худаш ҳам бештар дӯст медошт, чаро ки медонист ояндаи дурахшону равшан дар интизори ӯст.

bd4a77961253c54be2b86ac150dda2c1Дар сояи хонаи Каъба барои Абдулмутталиб зерандозе паҳн мекарданд, писаронаш гирдогирди он менишастанд, то Абдулмутталиб биёяд ва бар рӯйи он зерандоз бинишинад ва ҳеҷ як аз онҳо ба хотири эҳтироми Абдулмутталиб ба рӯйи он зерандоз наменишаст, аммо Паёмбар (с) бо вуҷуди ин ки синну сол надошт, ҳар вақт меомад бар рӯйи он зерандоз менишаст ва ҳар гоҳ амакҳояш мехостанд ӯро аз ин кор манъ кунанд ва канор бикашанд, Абдулмутталиб мегуфт: “Ӯро раҳо кунед, зеро ба Худо қасам, Муҳаммад аз шаъну мартабаи волое бархӯрдор аст”. Илова бар ин, дасти навозише бар сари ӯ мекашид, то шояд ба ин васила Паёмбар (с) аз даст додани падару модарро дар зиндагии хеш эҳсос накунад ва василаи андӯҳу ғами ӯро фароҳам насозад. Аммо бо тамоми меҳру утуфати ҷаддаш нисбат ба Паёмбар (с) зиндагии ӯ бо ҷаддаш низ дере напойид ва дар синни нӯҳсолагӣ бобои бузургворашро аз даст дод. Ин амр боиси нороҳатӣ ва андӯҳнокии Паёмбар (с) шуд, ба гунае ки Паёмбар (с) ҳангоми вафоти ҷаддаш як дунё ғаму андӯҳ ба дил дошт ва бисёр нороҳату парешон буд.

Паёмбар (с) таҳти сарпарастии амакаш Абӯтолиб

Бо вуҷуди ин ки вафоти Абдулмутталиб, Паёмбар (с)-ро нороҳат ва ғамгин карда буд, аммо Абӯтолиб бо ибрози меҳру муҳаббати зиёдаш ба Паёмбар (с) иҷоза надод то вафоти ҷаддаш ӯро биозорад, зеро ки Абдулмутталиб дар охири умраш, сарпарастии ӯро ба Абӯтолиб супурда буд. Ҳангоме ки Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абӯтолиб қарор гирифт, ӯро ба хонааш бурд ва аз Паёмбар (с) монанди фарзанди худ нигаҳдорӣ ва менамуд, ҳатто ӯро аз фарзандонаш муқаддам медошт ва ин меҳру утуфатро ҳатто дар давроне, ки Паёмбар (с) ба паёмбарӣ мабъус шуд, ба эшон иброз медошт.

Мулоқот бо Буҳайро - роҳиби масеҳӣ

Паёмбар (с) бо вуҷуди ин ки навҷавоне камсинну сол буд, аммо кору талошро бисёр дӯст медошт ва мехост бо кору фаъолияташ заҳмати амакаш Абӯтолибро, ки марди фақир буд, ҷуброн намояд.

Ҳангоме ки Паёмбар (с) ба синни дувоздаҳсолагӣ расид, Абӯтолиб қасди тиҷорат ба Шомро намуд. Паёмбар (с) аз ин ки амакаш аз ӯ ҷудо мешуд, сахт афсурда ва нороҳат шуда буд. Вақте ки Абӯтолиб Паёмбар (с)-ро дар чунин ҳолате дид, дилаш ба раҳм омад ва ӯро бо худ ба Шом бурд. Дар байни роҳ ба қаряе ба номи Бусро, ки аз тавобеи Шом мебошад, расиданд. Ин минтақа ҳанӯз таҳти султаи румиён қарор дошт ва дар он ҷо роҳибе ба номи Буҳайро зиндагӣ мекард. Азбаски сифатҳои Паёмбар (с) дар китобҳои пешин, аз ҷумла Таврот ва Инҷил зикр гардида, Буҳайро ин сифатҳои Паёмбарро дар Инҷил мутолиъа намуда буд, аз ҳар корвоне, ки ба он ҷо мерасид, ҷӯё мешуд, то шояд хусусияти Паёмбари ҷадидро, ки дар Инҷил ваъда дода шудааст, дар он шахс биёбад. Ҳамин ки корвон ба он ҷо расид, Буҳайро ба он ҷо шитофт, дар ҳоле ки пеш аз он ҳеҷ гоҳ ба назди корвониёне, ки дар он ҷо иқомат мекарданд, намеомад.

Буҳайро ҳамаи афроди корвонро аз назар гузаронид, то ин ки ба Паёмбар (с) расиду гуфт: “Ин сарвари ҷаҳониён аст, ки Худованд ӯро барои ҳидоят ва роҳнамоии тамоми оламиён фиристодааст”.

Корвониён вақте аз Буҳайро суол карданд, ки аз куҷо медонӣ, ки ин Паёмбар хоҳад шуд ва ҳидояти ҷомеаро бар уҳда хоҳад гирифт, ӯ дар ҷавоб ба онҳо гуфт: “Вақте ки шумо қасди дохил шудан ба шаҳрро доштед, ҳамаи сангҳо ва дарахтҳо ба саҷда афтоданд. Сангҳо ва дарахтон барои касе ғайр аз паёмбарон саҷда намекунанд”.

Баъд аз он, ҳамаи онҳоро ба хотири гиромидошти Паёмбар (с) ба даъват фаро хонду сипас ба Абӯтолиб гуфт: “Ӯро бо худ ба Шом набар, зеро бими он аст ки аз ҷониби румиён ва яҳудиён ба ӯ осебе бирасад”. Абӯтолиб низ Паёмбар (с)-ро ҳамроҳи яке фарзандонаш ба Макка фиристод.

Паймони Ҳилфул-фузул (ҷавонмардӣ)

Паёмбар (с) ҷавоне бистсола шуда буд ва азбаски фитрати поку сиришти нек дошт, наметавонист зулму ситами дигаронро таҳаммул намояд. Аз ин рӯ, дар паймонҳое, ки ба хотири дифоъ аз ҳаққу ҳуқуқи маҳрумон ва мазлумон баргузор мешуд, ширкат менамуд, ки яке аз ин гуна паймонҳо паймони Ҳилфул-фузул (ҷавонмардӣ) аст.

Моҷаро аз ин қарор буд, ки марди тоҷире аз қабилаи Зубайд матоъеро барои фурӯш ба Макка овард. Матоъи ӯро фарде ба номи Ос ибни Воили Саҳмӣ харидорӣ кард, аммо ҳаққу ҳуқуқ ва маблағеро, ки дар ивази матоъе, ки аз ӯ харидорӣ карда буд, напардохт. Ӯ барои гирифтани ҳаққи худаш ба қабилаҳои ҳампаймони Ос ибни Воил шикоят кард, аммо касе ба доди ӯ нарасид. Аз ин хотир марди тоҷир болои кӯҳи Абӯқубайс рафту аз дигарон тақозои кӯмак намуд. Вақте ки Зубайр писари Абдулмутталиб, ки амаки Паёмбар (с) буд, тақозои кӯмаки ӯро шунид, қабилаҳои Қурайш, банӣ Ҳошим, банӣ Абдулмутталиб, Асад ибни Абдулъуззо, Зуҳра ибни Килоб ва Тайм ибни Мурраро ҷамъ намуд. Онон бо якдигар паймоне бастанд, ки аз ҳуқуқи мазлумин дифоъ кунанд ва ба афроди бекасу бенаво кӯмак кунанд. Ин паймон дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷудъон баста шуд, ки Паёмбар (с) низ дар он иштирок дошт ва аз ин паймон ҳамеша изҳори ризоият менамуд, ҳатто баъд аз ин ки ба паёмбарӣ мабъус шуданд, фармуданд: “Дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷудъон дар паймоне ширкат доштам, ки дӯст надорам узвияти онро бо шутурони сурхмӯйи фаровон иваз кунам ва агар дар даврони Ислом низ маро ба сӯйи чунин паймоне фаро хонанд, дар он ширкат хоҳам кард”.

Паёмбар (с) дар пайи касбу кор

Паёмбар (с) дар синни ҷавонӣ касбу кори мушаххасе надошт, аммо дар ин айём бештар ба чӯпонӣ ва гӯсфандчаронӣ мепардохт, то заҳматҳои амакаш Абӯтолибро ҷуброн намояд. Аммо баъд аз муддате, ки рӯзгорро ба чупонӣ сипарӣ намуд, даст аз ин кор кашиду ба тиҷорат пардохт. Албатта ҳадафи Паёмбар (с) аз чӯпонӣ таҳияи сарфу харҷи зиндагӣ буд ва дигар ин ки беҳтар метавонист оёту нишонаҳои Худованд, аз ҷумла азамати осмон, хуршед, ситорагон, моҳ ва ғайраро бубинад.

Паёмбар (с) дар синни бисту панҷсолагӣ ба қасди тиҷорат бо сармояи Хадича равонаи Шом шуд. Ба хотири ин ки Хадиҷа зани сарватманду пулдор буд, афродеро аҷир (муздур) менамуд, то бо сармояи ӯ ба тиҷорат бипардозанд. Вақте ки ростгӯӣ ва садоқати Паёмбар (с) ба гӯши Хадиҷа расид, фардеро назди Паёмбар (с) фиристод ва ба Паёмбар (с) пешниҳод кард, ки бо ғуломи ӯ Майсара барои тиҷорат ба Шом биравад. Ба хотири ин ки шуғли мардуми Қурайш тиҷорат буд, Паёмбар (с) ин пешниҳодро пазируфт ва ҳамроҳи Майсара ба Шом рафтанд. Хадиҷа низ пешниҳод карда буд, ки маблағи бештареро аз он чи ба дигар бозаргонон медод, ба Паёмбар (с) бидиҳад.

Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша

Муаллиф: Муҳаммад Алии Холидӣ, Ҷилди 1

Назари Шумо

Security code
навсозӣ