The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
Соли 1665. Лондон дар даҳшат аст. Вабои бузург ҳар рӯз ҳазорон нафарро нест мекунад. Кӯчаҳо холӣ, калисоҳо пур аз ҷасад, зангҳои марг садо медиҳанд. Шоҳ Чарлз II бо дарбориён ба Оксфорд мекучад на аз тарси марг, балки аз тарси он ки худи ҳукумат нест шавад.
Дар ин шароити фоҷиавӣ як чиз равшан мешавад: мардум бояд бидонанд, ки чӣ рӯй медиҳад. Аммо чӣ гуна? Рӯзномаҳои Лондон аз тарси сироят даст кашидаанд. Ҳатто чопгарон ба коғази шаҳр даст намерасонанд.
Ҳамин вақт Чарлз II қарори таърихӣ қабул мекунад: дар матбааи Донишгоҳи Оксфорд рӯзномаи нав таъсис дода мешавад. 7 ноябри соли 1665 шумораи аввалини «The Oxford Gazette» аз чоп мебарояд. Ин рӯзнома на танҳо хабар мерасонад балки умед мебахшад.
Сэмюэл Пипс, амалдори флоти Бритониё, ки рӯзномаи шахсии худро дошт, пас аз хондани шумораи аввалини он чунин навишт:«Ин нашрия хеле хуштартиб аст, пурра аз хабар аст ва ҳеҷ чизҳои холӣ надорад». Ин суханони ӯ таърифи баланд ба рӯзномаи нав буд, зеро дар он замон аксари нашрияҳо пур аз матнҳои такрорӣ ва бефоида буданд.
Номе, ки таърихро тағйир дод
Вабо коҳиш меёбад. Шоҳ ба Лондон бармегардад. Ва 1 феврали соли 1666 - танҳо пас аз 24 шумора рӯзнома номи худро иваз мекунад: «The London Gazette». Ин ном на танҳо як сарлавҳа аст, балки тамғаи расмии тоҷ мешавад.
Аз ҳамин лаҳза The Gazette на танҳо рӯзнома, балки ҳуҷҷати расмӣ мегардад. Ҳар қарори шоҳ, ҳар ҳукми суд, ҳар эълони расмӣ дар саҳифаҳои он чоп мешавад. Мардум медонанд: агар дар Gazette набошад, пас расман вуҷуд надорад.
Шоҳиди оташ, ҷанг ва шӯриш
The London Gazette танҳо хабар нашр намекунад он таърихро сабт мекунад. Соли 1666 сӯхтори бузурги Лондон. Gazette ҳар рӯз ҳисоботи оташро нашр мекунад. Мардум аз саҳифаҳои он мефаҳманд, ки кадом маҳалла сӯхта, кадом калисо наҷот ёфтааст.
Соли 1707 Gazette эълони муттаҳидшавии Англия ва Шотландияро нашр мекунад. Ин ҳуҷҷатест, ки Подшоҳии Муттаҳидаро таваллуд мекунад.
Соли 1815 Ҷанги Ватерлоо. Gazette бо сарлавҳаи «Gazette Extraordinary» гузориши пурраи ғалабаи Веллингтонро нашр мекунад. Рӯзномаи The Times маҷбур мешавад, ки чопи худро қатъ кунад ва танҳо матни Gazetteро дубора чоп кунад. Ин қудрати The Gazetteро нишон медиҳад.
Калимае, ки забонро бой кард
Аз номи The Gazette феъли нав ба забони англисӣ ворид мешавад: «to gazette». Маънояш расман эътироф шудан.
Вақте ки номи афсаре дар саҳифаҳои Gazette чоп мешуд, ин маънои онро дошт, ки ӯ расман қаҳрамон эътироф шудааст. Ҳамин калима имрӯз ҳам дар забонҳои ҷаҳон истифода мешавад.
The Gazette инчунин номгӯи барандагони Салиби Викторияро аз соли 1857 нашр мекунад. Ҳар ҷанговаре, ки ин мукофоти олӣ мегирад, номаш аввал дар Gazette чоп мешавад танҳо баъд дар рӯзномаҳои дигар.
Аз коғаз то рақам
Соли 2003. Ҷаҳон ба интернет мегузарад. The Gazette ҳам рақамикунонӣ мешавад. Ҳамаи шумораҳо аз соли 1665 то имрӯз ройгон дар интернет дастрас мешаванд.
Имрӯз The Gazette ҳар рӯзи корӣ нашр мешавад ва то 450 намуди эълонро дар бар мегирад: аз муфлисшавӣ то мурдани мерос, аз тағйири ном то додани унвонҳо.
Аммо як чиз тағйир наёфтааст: The Gazette ҳанӯз ҳам ҳуҷҷати расмии тоҷ аст. Ҳар подшоҳи Бритониё аз соли 1665 то имрӯз тоҷгузории худро дар саҳифаҳои он сабт кардааст.
“Рӯзгор”
















