Саммити ИДМ дар Туркманистон: Таъкиди Тоҷикистон ба рушди зеҳни сунъӣ ва иқтисоди «сабз»
Дар минтақаи Авазаи Туркманистон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ доир гардид, ки дар он Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии ҳамкории ояндаи Иттиҳодро муайян намуд.
Дирӯз, 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар минтақаи сайёҳии Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суҳбати пурмазмун намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамоиши кунуниро, ки дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ доир мегардад, басо рамзӣ номида, ба ҷониби Туркманистон барои ташкили сатҳи баланди нишаст ва анҷоми бомуваффақияти раёсат дар Иттиҳод миннатдорӣ изҳор карданд. Таъкид шуд, ки роҳи тайшуда аҳаммияти ИДМ-ро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо устувор намуд.
Афзалиятҳои нав: Аз технологияҳои муосир то иқтисоди «сабз»
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити тағйирёбандаи ҷаҳон ва воқеиятҳои нав ишора карда, диққати сарони давлатҳоро ба рушди бахшҳои зерини калидӣ ҷалб намуданд:
- Таҳкими ҳамкориҳои технологӣ ва татбиқи зеҳни сунъӣ (AI).
- Гузариш ба иқтисоди “сабз” ва амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи неруи барқароршаванда.
- Рушди пайвастаи робитаҳои нақлиётӣ ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, саноатӣ ва сармоягузорӣ.
- Мустаҳкам намудани ҳамёрии муштарак дар муқобили таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир.
Конфронси Душанбе-2027 ва Даҳсолаи байналмилалии сулҳ
Сарвари давлат аз ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтааст, ёдовар шуданд.
Пешвои миллат эълон доштанд, ки Тоҷикистон якҷоя бо СММ ва шарикони байналмилалӣ нақша дорад, ки моҳи июни соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро барои оғози расмии ин Даҳсола баргузор намояд. Иштироки фаъоли кишварҳои ИДМ дар ин чорабинӣ ҳамчун нишонаи барҷастаи ҳамбастагии Иттиҳод арзёбӣ гардид.
Дар фароварди сухан Президенти мамлакат бо пуштибонӣ аз қарорҳои ҷаласа таъкид доштанд, ки Тоҷикистон пайваста хоҳони идомаи ҳамкориҳои созандаи бисёрҷониба дар доираи ИДМ мебошад.
“Рӯзгор”
















