ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои бонкии рақамӣ ҳушёр бошанд ва файлҳои шубҳанокро ба телефонҳои худ боргирӣ накунанд.
Вақтҳои охир қаллобони интернетӣ усулҳои нави дуздии маблағҳоро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои «Telegram» ва «WhatsApp» ба роҳ мондаанд. Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, хакерҳо файлҳои зарароварро дар формати «.apk» паҳн карда, маблағҳои сокинонро тасарруф менамоянд.
Қаллобон ин файлҳои хатарнокро таҳти ниқоби барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо, аксҳо ва ҳатто «даъватнома ба тӯй» ирсол мекунанд. Боргирӣ ва насби чунин файлҳо ба ҷинояткорон имкон медиҳад, ки ба телефони мобилӣ, маълумоти шахсӣ, замимабарномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронии шумо дастрасии пӯшида пайдо кунанд.
Тавсияҳои муҳими Бонки миллӣ барои ҳифзи маблағҳо:
Маҳдудияти боргирӣ: Файлҳои формати «.apk»-ро, ки аз манбаъҳои номаълум ё тавассути паёмрасонҳо меоянд, ҳеҷ гоҳ насб накунед.
Гузариш ба пайвандҳо: Ба линкҳои (ссылка) шубҳаноке, ки тавассути SMS, почтаи электронӣ ё мессенҷерҳо меоянд, ворид нашавед.
Махфияти рамзҳо: PIN-рамз, гузарвожа ва рамзи якдафъаинаи SMS-ро ба ҳеҷ кас (ҳатто ба шиносҳо ё намояндагони бонк) надиҳед.
Санҷиши манбаъ: Манбаи паёмро бодиққат санҷед, ҳатто агар он аз номи мақомоти давлатӣ ё ташкилоти шинос омада бошад.
Муштариёни муҳтарам, дар ёд дошта бошед!
Кормандони ҳеҷ як ташкилоти қарзии молиявӣ аз шумо рамзҳои тасдиқкунандаро талаб намекунанд ва насби барномаҳои ғайрирасмиро пешниҳод наменамоянд.
Агар файли шубҳанокро аллакай насб карда бошед: фавран ба бонке, ки аз он хизматрасонӣ мегиред, муроҷиат намуда, ҳамёнҳо ва кортҳои худро масдуд (блок) кунед.
“Рӯзгор”
















