19:22:21 27-уми Сентябри 2026 сол

Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон

Дар таърихи Хуросон ва Осиёи Марказӣ номи Абумуслими Хуросонӣ ҳамчун рамзи мубориза бар зидди зулм ва озодкунандаи мардуми Хуросон аз юги сулолаи Уммавиён медурахшад. Ӯ сарвари шӯриши зидди араб дар Хуросон дар солҳои 747–750 буд ва наҳзати ӯ тавонист сулолаи Уммавиёнро сарнагун кунад.

abumuslim khurosoni 457878454545

Абумуслими Хуросонӣ

Абумуслими Хуросонӣ тақрибан соли 720 дар қарияи Сапеддижи шаҳри Анбор Сарипули Афғонистон ба дунё омадааст. Вай зодаи Марв ё Нишопур буд. Номи аслии ӯ Абдурраҳмон ибни Муслим буд ва баъдтар бо унвони Абумуслими Хуросонӣ машҳур гардид.

Шӯриш дар Марв ва сарнагун кардани Уммавиён

Абумуслим дар соли 747 шӯришро дар Марв оғоз кард. Ӯ аз Иброҳим писари Алии Муҳаммади Аббос дастури роҳбарии Хуросонро гирифта, ба Марв омад ва бар зидди Уммавиён ба мубориза бархост. Азбаски ранги сиёҳ нишони беадолатӣ ва бешафқатии Уммавиён маҳсуб мешуд, Абумуслим парчами худро сиёҳ ва гурзро нимсиёҳ кард.

Наҳзати Абумуслим аз ҷониби ҳама табақаҳои иҷтимоии ҷомеа аз ашрофи араб то ғуломони форс дастгирӣ ёфт. Вай тавонист лашкари бузургеро ҷамъ карда, муқобили ҳокими Уммавиён Наср ибни Сайёр мубориза барад ва то соли 748 тамоми Хуросонро зери назорати худ гирифт.

Фатҳи Хуросон ва сарнагун кардани сулолаи Уммавиён

Соли 749 пайравони Абумуслим қисматҳои ғарбии Хилофати Арабро забт карданд ва соли 750 сулолаи Уммавиён сарнагун карда шуд. Абумуслим дар ин пирӯзӣ нақши калидӣ дошт. Ӯ Хуросонро ба маркази муборизаи сиёсӣ ва фарҳангӣ табдил дод ва барои мардуми ин сарзамин озодии нисбиро ба вуҷуд овард.

Хизмати бузург ба фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ

Давраи Абумуслим ва баъд аз он оғози эҳёи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ гардид. Дар ин давра забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ рушд кард ва замина барои давлатҳои мустақили форсӣ-тоҷик ба мисли давлати Сомониён омода шуд. Абумуслим ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар «Абумуслимнома» яке аз нахустин асарҳои насри омиёнаи форсӣ-тоҷикӣ тасвир шудааст.

Марг ва мерос

Абумуслим дар соли 755 аз ҷониби халифаи Аббосӣ Мансур кушта шуд. Аммо номи ӯ ва наҳзати ӯ дар ёди мардуми Хуросон ва Осиёи Марказӣ боқӣ монд.

Чаро «Чеҳраи мондагор»?

Абумуслими Хуросонӣ намунаи муборизи озодихоҳ ва созандаи таърихи Хуросон аст. Ӯ тавонист бо роҳбарии моҳиронаи худ лашкари бузургеро муттаҳид созад ва сулолаи золими Уммавиёнро сарнагун кунад. Ӯ ба мардуми Хуросон ки аҷдодони халқи тоҷик мебошанд озодӣ ва ҳуқуқи худмуайянкунӣ овард. Номи ӯ дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ, адолат ва эҳёи фарҳанги миллӣ то абад боқӣ хоҳад монд.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ