19:21:34 27-уми Сентябри 2026 сол

Gazzetta di Mantova: Қадимтарин рӯзномаи Италия

Gazzetta di Mantova тарҷумааш «Газетаи Мантуя» ин қадимтарин рӯзномаи Италия ва яке аз қадимтарин рӯзномаҳои ҷаҳон аст, ки аз соли 1664 то имрӯз нашр мешавад. Ин нашрия зиёда аз 360 сол бетанаффус фаъолият мекунад ва дар байни рӯзномаҳои ҷаҳон ҳамчун ягона нашрияе, ки аз замони таъсис то ҳол бо ҳамон номи аслӣ нашр мешавад, мақоми хосса дорад.

2 gazzetta di mantova 542145Рӯзнома соли 1664 дар шаҳри Мантуя Италия таъсис ёфтааст. Муассисони он се бародар Гульелмо, Пьетро ва Федерико Озанна буданд, ки чопгарони расмии герсоги Мантуя буданд ва аз соли 1588 ин ҳуқуқро дар ихтиёр доштанд.

Дар моҳи июни соли 1664 аз коргоҳи бародарон Озанна рақами аввалини Gazzetta di Mantova баромад. Ин варақаи хабарӣ буд, ки аз ҷониби хонадони Гонзага ҳокими Мантуя ташкил шуда буд. Дар ибтидо нашрия дар шакли «аввизи» (avvisi варақаҳои хабарӣ) паҳн мешуд ва баъдтар ба рӯзномаи пурра табдил ёфт.

Герсоги Карло II Гонзага Невер ба бародарон Озанна имтиёзи истисноии чоп дод, ки ин ба онҳо ҳуқуқи ягонагии нашри ахборро дар герсогии Мантуя медод.

Рӯйдодҳои муҳими сол

Соли 1588 бародарон Озанна чопгарони расмии герсоги Мантуя мешаванд.

Соли 1664 таъсиси Gazzetta di Mantova дар Мантуя аз ҷониби се бародар Гульелмо, Пьетро ва Федерико Озанна.

Соли 1831, 1848 рӯзнома дар солҳои инқилобҳои Италия нақши муҳим мебозад.

Соли 1919, 1920 нашрия муваққатан қатъ мешавад (давраи ба вуҷуд омадани «Voce di Mantova»).

Соли 1946, рӯзнома баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ нашри худро аз нав оғоз мекунад.

Соли 2014, Ҷашни 350-солагии рӯзнома.

Соли 2024, Ҷашни 360-солагии рӯзнома.

Нақш дар ҷомеа

Gazzetta di Mantova дар давоми асрҳо рӯзномаи асосии минтақаи Мантуя буда, ҳаёти ҷамъиятии ин шаҳр ва атрофи онро инъикос мекунад. Дар асрҳои XVII–XVIII он ахбори муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро паҳн мекард.

Дар саҳифаҳои рӯзнома дар давоми асрҳо рӯйдодҳои муҳими таърихӣ инъикос ёфтаанд: сафари сафирон, ғоратгарии қарокчиён дар лагунаи Венетсия, консерти Моцарт дар Театри Биббиена 1770, гирифтани Бастилия 1789, ҳукми қатли дон Ҷованни Гриоли 1851 ва бисёр дигарон.

Рӯзнома инчунин рӯйдодҳои муосири минтақаро пайгирӣ мекунад: обхезӣ 1951, 1976, марги Тацио Нуволари 1953, фоҷиаи Гуиддизоло 1957, вохӯрии Гронки ва Де Голл 1959, барандагии дастаи футболи Мантуя ба Серияи А 1961, сафари Папа ба Мантуя 1991, зилзилаи соли 2012 ва ғайра.

“Рӯзгор” 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ