Ҳамкориҳои Душанбе ва Москва дар соҳаи маориф таҳким меёбанд
Дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия барои хонандагони синфҳои 5 ва 6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар миқдори бузурги китобҳои дарсӣ дастрас гардид.
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 842 ҳазору 400 адад китоби дарсии нави «Забони русӣ» ворид карда шуд. Аз ин шумораи умумӣ, 682 ҳазору 400 китоб дар Федератсияи Русия чоп шуда, 160 ҳазор нусхаи он дар худи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст.
Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Умед Ҳасанзода зимни суҳбат изҳор дошт, ки ин китобҳо бо назардошти талаботи муосири раванди таълим таҳия шудаанд. Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ, рушди малакаҳои забондонӣ ва беҳтар намудани заминаи таълимии хонандагон мебошад. Айни замон тақсими китобҳо ба мактабҳои кишвар шуруъ гардидааст.
Мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон ва заминаҳои қонунгузорӣ:
Ҳанӯз 4 апрели соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расида буд, ки ба соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷиро тасдиқ кард. Ба забони русӣ дар тамоми мактабҳо мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст.
Хонандагони тоҷик омӯзиши забони русиро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм оғоз мекунанд.
Умед Ҳасанзода таъкид намуд, ки ин ташаббус ҷузъи муҳими ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия дар самти илму маориф буда, дар баробари таъсиси мактабҳои русизабон ва омӯзиши кадрҳо заминаи мустаҳками ҳамгироии таълимии ду давлатро фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд: «Забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад».
“Рӯзгор”
















