07:37:01 11-уми Октябри 2026 сол

Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил расман оғоз ёфта, то 9 октябр идома меёбанд. Пойтахти Тоҷикистон хонаи эҷодиву фарҳангии истеъдодҳои ҷавони минтақа мегардад.

5 delfi 56231245Имрӯз, 6 октябр дар доираи ин бозиҳои муҳташам дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳии чорабинӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир мегардад.

Маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои 20-уми Делфӣ имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ оғоз мешавад.

Маълумоти муҳим дар бораи бозиҳо:

-Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ намояндагон ва иштирокчиён аз 9 давлати ҷаҳон ба пойтахт омадаанд.

- Ҷавонон аз рӯйи самтҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, созҳои нафасӣ, рақси халқӣ ва сарояндагии академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

- Дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ