Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
Рӯзи 24 сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи ҷашнии 30-юми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин нишасти стратегӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шариф Норзода ва роҳбари Намояндагии ин вазорат дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Дилрабо Азимӣ намояндагӣ карданд.
Таҳлилгарони соҳа бар ин боваранд, ки дар шароити кунунии геополитикӣ, танзими мутаносиби равандҳои муҳоҷират барои субот ва амнияти минтақавӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Дар ҷаласа намояндагони мақомоти салоҳиятдори 9 кишвари аъзои иттиҳод, аз ҷумла Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Беларус вазъи кунунии муҳоҷират ва тағйирот дар қонунгузориҳои миллиро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.
Меҳвари асосии баҳсҳо ба ҷорӣ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла муайянкунии биометрии шахсият бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ дар низомҳои назорати видеоӣ нигаронида шуд. Иштирокчиён таъкид карданд, ки Шуро бояд ҳамчун абзори фоиданоки вокуниши саривақтӣ ба тағйироти вазъи муҳоҷиратӣ боқӣ монад.
Намояндаи Тоҷикистон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Душанбе аст. Вай махсусан ба масъалаҳои мубодилаи иттилоот, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи Русия ҳамчун шарики асосии стратегӣ аҳамияти махсус медиҳад ва санадҳои ҳуқуқии баимзорасида барои танзими ин раванд заминаи устувор мегузоранд. Дар фарҷоми нишаст, роҳбарони мақомоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои мушаххас қабул карданд.
“Рӯзгор”
















