07:38:50 11-уми Октябри 2026 сол

ОМОДАГӢ БА ИДИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ: Рустами Эмомалӣ қарори таҷлили Рӯзи Конститутсияро ба тасвиб расонд

Дар пойтахт бахшида ба 32-юмин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар чорабиниҳои бошукӯҳи илмию фарҳангӣ ва мулоқоти коршиносон доир мегарданд.

333 konstitutsioni Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар доираи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе расман тасдиқ гардид.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муҳим, дар тамоми муассисаву ташкилотҳои шаҳрдорӣ ва зерсохторҳои он мулоқоту суҳбатҳо доир ба аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз бо иштироки коршиносони соҳа, инчунин барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.

Санади сарнавиштсоз ва заминаи пешрафти ҷомеа:

Рӯзи тақдирсоз: 32 сол муқаддам, яъне 6 ноябри соли 1994, халқи тоҷик дар таърихи давлатдории худ бори аввал Конститутсияи кишварро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Аз ин рӯ, 6 ноябр яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб мешавад.

Пояҳои давлатдорӣ: Конститутсия ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии мамлакат, манфиатҳои миллӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро муайян кард.

Ҳуқуқу озодиҳо: Ин санади олии ҳуқуқӣ таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро, сарфи назар аз миллату нажод, забону мазҳаб, ҳадафи асосии худ қарор дода, Истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ