16:10:42 07-уми Ноябри 2026 сол

Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд

Дар шаҳри Минск ҷаласаи Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон роҳҳои таҳкими робитаҳои соҳибкориро муҳокима кард.

1111 6228392818229813132 nДар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ» ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши муҳими иқтисодӣ муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни ҷаласа роҳбарон ва намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои Иттиҳод масъалаҳои рушди ҳамкории байнипалатавӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Муҳимтарин масъалаҳои дар ҷаласа муҳокимашуда:

Иштирок дар намоишгоҳҳо: Мусоидат ба иштироки фаъоли ширкату корхонаҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар намоишгоҳҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди давлатҳои аъзо баргузор мешаванд.

Рақамикунонии соҳа: Таҷриба ва дурнамои истифодаи низомҳои электронии тасдиқи пайдоиши молҳо дар ҳудуди кишварҳои ИДМ.

Тавсеаи соҳибкорӣ: Дигар масъалаҳои калидии марбут ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва осонсозии мубодилаи молу маҳсулот.

Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарони палатаҳо ба мувофиқа расиданд, ки нақшаҳои муайяншуда минбаъд тавассути палатаҳои савдо ва саноати давлатҳо ба таври амалӣ пиёда карда шаванд. Ин тадбирҳо ба таҳкими ҳамкории байнипалатавӣ, тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи Иттиҳод мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ