Аз умқи асрҳо то ЮНЕСКО: Ҳамоиши бахшида ба “Рӯзи фалак” дар пойтахт
Дар пойтахт “Рӯзи фалак”-ро бо баррасии мақоми ин жанри қадимии мусиқӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ ҷашн гирифтанд.
Санаи 9 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи фалак” ҳамоиши илмиву фарҳангӣ таҳти унвони «Фалак – оҳанги ҷовидонаи миллати тоҷик» баргузор гардид.
Зимни баромади худ директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг Некрӯз Сафарзода таъкид дошт, ки фалак яке аз қадимтарин шаклҳои мусиқии суннатии мардуми тоҷик буда, таърихи зиндагӣ, эҳсосоти инсонӣ ва ҷаҳонбинии халқро таҷассум мекунад. Дар ҳамоиш донишмандон ва мутахассисони соҳаи мусиқӣ дар бораи таърих, мақом ва хусусиятҳои иҷроии ин жанри бостонӣ маърузаҳо намуданд.
Асолати миллии фалак ва вижагиҳои иҷрокунандагӣ:
- Фалак мусиқии мардумӣ, фолклорӣ ва эҷодиёти халқ буда, асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл ба мо мерос мондааст.
- Ба андешаи мусиқишиносон, фалак намуд ва усулҳои иҷрокунандагии махсуси худро дорад. Асосан ду намуди он — фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ бештар шинохта шудаанд.
- Дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ҳифз, омӯзиши илмӣ ва тарғиби фалак ҳамчун ҷузъи мероси фарҳангии миллӣ аҳаммияти бештар касб намуд.
Эътирофи ҷаҳонӣ дар ЮНЕСКО
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон “Рӯзи фалак” ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санъати беназири миллии тоҷикон ҷойгоҳи арзандаи худро на танҳо дар кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ пайдо кардааст.
15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, фалаки тоҷикӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ин дастовард боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.
“Рӯзгор”
















