07:40:06 11-уми Октябри 2026 сол

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму адаб ва зиёиёни мамлакат рӯнамоии асари нави ҳамосӣ доир гардид, ки дар он симои Сарвари давлат дар қолаби ҳамосаи миллӣ офарида шудааст.

4 Kitob-Dostoni-KudshinosiДирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони каломи бадеъ маросими рӯнамоии китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар бо номи «Достони худшиносӣ» баргузор гардид. Ин асар, ки истиқбол аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, дар Нашриёти «Адиб» бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва форсӣ чоп шудааст.

Дар «Достони худшиносӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун персонажи асосӣ интихоб гардидааст. Муаллиф дар мисоли образи бадеии «Пури Раҳмон» хислатҳои ватандӯстона, инсонпарварона ва адабпарваронаи Пешвои миллатро ифода намуда, роҳи расидан ба сулҳ, бунёди давлатсозии миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангиро дар замони соҳибистиқлолӣ инъикос кардааст.

Хусусиятҳои асосии асар ва ҳадафи он:

Пайванди замонҳо: Шоир тавонистааст дар як сужа замони асотирӣ, ҳамосӣ ва таърихиро ба ҳам оварда, пайванди дирӯзу имрӯзро ба хотири фардо нишон диҳад.

Идеяи марказӣ: Меҳру муҳаббат, садоқату самимияти Пури Раҳмон нисбат ба халқи тоҷик, забон, фарҳанг ва таъриху тамаддуни куҳани миллат.

Тасвири набардҳо: Муаллиф тавассути ҳиссиёту андешаҳои ботинии қаҳрамон воқеяти замон ва ташаккули ҳаёти имрӯзаро дар набардҳои дохиливу берунӣ нишон медиҳад.

Саҳифаи тоза дар назм: Ин китоб нахустин кӯшиши ҷиддӣ дар қолаби ҳамосаи миллӣ офаридани симои Сарвари давлат дар назми муосири тоҷик арзёбӣ мешавад.

Иштирокчиёни чорабинӣ доир ба мазмуну муҳтаво ва идеяи асосии асар баёни андеша намуда, таъкид доштанд, ки ин достон хонандаро аз паҳлуҳои дигари шахсияти Пури Раҳмон дар муттаҳид кардани мардум ва бунёд намудани давлати муосири пешрафта воқиф месозад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ