СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
16-уми июли соли 2025 устод Шариф Ҳамдампур дар саҳифаи фейсбукии хеш хабар дод, ки китоби наваш «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» омодаи чоп шудааст. Ӯ порча-порча аз ин китобро ҳар рӯз барои хонандагон дар саҳифааш нашр мекард. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки китоб дар муддати кӯтоҳ теъдоди зиёди мухлисони ҳақиқиро ба худ ҷалб кард. Хонандагон бо шавқу завқ онро мехонданд ва мунтазири давомаш мешуданд. Дар идомаи ин, яке аз порчаҳо «Муколамаи Аҳмадшоҳи Масъуд бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ» сабаби баҳси ҷиддӣ гардид.
Дар зери ин матлаб, Абдуссатор Бобоев шахсе, ки худро шогирди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муаррифӣ кардааст шарҳи тӯлонӣ навишт ва сипас дар саҳифаи худ матлаби ҷудогонае бо унвони «Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст» нашр кард. Дар он ӯ муаллифро ба дурӯғгӯӣ, таҳриф ва яктарафабаҳодиҳӣ муттаҳам сохт.
Чизе, ки назари моро ба ин баҳс бештар ҷалб кард, ин буд, ки Абдуссатор Бобоев дар матлабаш мақолаеро аз сомонаи «Рӯзгор» «Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вохӯрд?», ки соли 2014 ба нашр расида буд, ба пуррагӣ овардааст. Мақолае, ки нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди сулҳ тасдиқ мекунад, аммо Абдуссатор Бобоев онро барои тақвияти мавқеи худ истифода бурда, аз он хулосаи баръакс баровардааст.
Аҷиб ин аст, ки Абдуссатор Бобоев дидаву дониста, маводи мазкурро бидуни овардани эзоҳ ба он ки ин мақола моли сомонаи «Рӯзгор» аст ва соли 2014 нашр гардидааст, танҳо чанд ҷумла илова кардааст: «Ҳоло факту санадҳо роҷеъ ба қазияи сулҳи тоҷиконро ин ҷо мегузорам, дӯстон хонда хулосабарорӣ кунанд: 09:45:45 07-уми августи соли 2026, сомонаи иттилоотии “Рӯзгор”: Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вохӯрд?»
Амали Абдуссатор Бобоев дар истифодаи маводи пурраи кори дигарон бидуни иҷоза ва бидуни ишораи дуруст ба манбаъ, на танҳо хилофи ахлоқи касбии журналистӣ, балки хилофи меъёрҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф мебошад. Дар соҳаи журналистика ва публитсистика, истинод ба манбаъ яке аз принсипҳои асосӣ ба шумор меравад. Истифодаи маводи касе бе иҷоза ва бе зикри номи муаллиф ва сомона, даздунии маънавӣ (plagiarism) буда, ба эътимоди хонанда ва эътибори кори муаллиф зарбаи сахт мезанад.
Ҳарчанд Абдуссатор Бобоев номи сомонаи «Рӯзгор»-ро зикр кардааст, вале ин зикр танҳо барои нишон додани манбаъ аст, на барои гирифтани иҷоза ва эҳтироми ҳуқуқи моликияти фикрӣ. Ин рафтор хонандаро ба гумроҳии каҷфаҳмӣ мебарад, ки гӯё мазмуни мақола далели мавқеи ӯст, дар ҳоле ки дар асл он ҳақиқати дигарро исбот мекунад. Ё шояд ӯ ҳадафи дигаре дорад, ки мо аз он бехабарем. Вале он чизе, ки равшан аст ин аст, ки чунин рафтор бо принсипҳои асосии ҳунари рӯзноманигорӣ сидқ, шаффофият ва эҳтиром ба моликияти фикрӣ ҳеҷ мувофиқат надорад.
Ин рафтор ба мо нишон дод, ки ин баҳс фаротар аз як ихтилофи шахсӣ аст. Дар маркази он таърих, ҳақиқат, рисолати рӯзноманигор ва эҳтиром ба сулҳ қарор дорад.
Шариф Ҳамдампур низ дар посухе бо унвони «Қалам бояд васл кунад, на фасл» ба ин иттиҳомот ҷавоби мантиқӣ ва асоснок дод. Вай таъкид кард, ки нақли ӯ аз муколамаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бар асоси шаҳодати шоҳидон ва иштирокдорони бевоситаи музокирот сурат гирифтааст ва сулҳи тоҷикон натиҷаи иродаи ҳар ду ҷониб буд, на як тараф.
Чун ғайри ихтиёр ин ҳолат моро вориди баҳс кард, мехоҳем дар ин мақола моҳияти ин баҳсро баррасӣ кунем. Ба саволҳое, ки дар ин миён ба миён омадаанд, посух ҷӯем. Аз ҳама муҳим рисолати қаламро дар замони мо, ки беш аз ҳарвақта метавонанд мардумро аз ҳам ҷудо кунанд, ёдовар шавем.
Муколамаи Аҳмадшоҳи Масъуд ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ оё «дурўғ» аст?
Шариф Ҳамдампур дар китоби худ воқеаеро нақл кардааст, ки дар он Аҳмадшоҳи Масъуд бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муколама мекунад ва ба ӯ мегӯяд, ки «ба умеди муллову эшонҳо нашавед». Абдуссатор Бобоев ин нақлро «дурӯғи шохдор» номидааст.
Аммо воқеият чист?
Муаллиф дар матлаби худ иддао накардааст, ки ин гуфтугӯ дақиқан ҳамин тавр ва бо ҳамин алфоз рух додааст. Ӯ онро ҳамчун ривояти таърихӣ, бар асоси шаҳодати шоҳидон ва иштирокдорони бевоситаи музокирот ба қалам додааст. Ин усули маъмули публитсистӣ аст, ки дар он муаллиф ба хотираҳо ва шаҳодатҳо такя мекунад.
Абдуссатор Бобоев ба ҷои пешниҳоди далели қатъӣ, санади радкунанда ё шаҳодати мустақим, танҳо ба эҳсосот ва андешаи шахсӣ такя кардааст. Ин ба меъёрҳои тадқиқи таърихӣ ва ахлоқи инсонӣ мувофиқ нест.
Оё нақши Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нодида гирифта шудааст?
Шариф Ҳамдампур дар посухи худ таъкид кардааст: «Сулҳ натиҷаи иродаи ҳар ду ҷониб буд. Агар иродаи ҷонибҳои даргир барои қатъи ҷанг ва расидан ба созиш намебуд, ҳеҷ миёнаравӣ ва ҳеҷ ҳуҷҷате наметавонист сулҳро дар кишвар барқарор созад».
Ин посух нишон медиҳад, ки муаллиф ба нақши ҳар ду тараф ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам Сайид Абдуллоҳи Нурӣ эътироф дорад. Ӯ нақши Сайид Абдуллоҳи Нуриро нодида нагирифта, балки онро дар чаҳорчӯби як раванди муштарак арзёбӣ кардааст.
«Аввал қаҳрамони сулҳ»? Оё чунин радабандӣ дуруст аст?
Абдуссатор Бобоев даъво кардааст, ки «аввал қаҳрамони сулҳ Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст, ки агар намехост, ҳеҷ сулҳе ба даст намеомад».
Ин иддао яктарафа ва беасос аст. Сулҳ натиҷаи талоши муштараки ҳар ду ҷониб, миёнаравии байналмилалӣ (СММ, Русия, Эрон, Афғонистон) ва пуштибонии мардум буд. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар суханроние, ки баъди базгашт аз шифохона дар хонааш дар ҳузури пайравонаш дошт, аз заҳматҳо ва фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар роҳи расидан ба сулҳ ёдовари намуда изҳори сипос кард ва мардумро ба ҳифзи ваҳдат фаро хонд.
ИСТФОДА АЗ МАВОДИ СОМОНАИ «РӮЗГОР»
Чуноне, ки дар боло зикр кардем, Абдуссатор Бобоев дар матлабаш ба маводи сомонаи «Рӯзгор» мақолаи «Чаро Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вохӯрд?» истинод кардааст, ки ба қалами устод Султони Ҳамад тааллуқ дорад ва соли 2014 дар сомона нашр шудааст.
Ин мақола худаш гувоҳи равшани нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳ аст. Дар он бо рақамҳо ва фактҳои дақиқ омадааст, ки 40 мулоқоти расмии ин ду роҳбар дар зарфи 7 сол ба барқарории сулҳ мунҷар шуд. Ин далели устувори нақши калидии Пешвои миллат дар ин раванди таърихӣ мебошад.
Аммо чизе ки назарро бештар ба худ мекашад, ин аст, ки Абдуссатор Бобоев хамзамон ба ин мавод истинод мекунад ва дар айни замон нақши Президентро нодида мегирад. Ин худ гувоҳи возеҳи ноустуворӣ ва ноаён будани мавқеи ӯ мебошад.
Бидуни иҷоза ва бидуни ишораи дуруст дар бораи манбаъ, муаллиф ва соли нашри мавод, ин хилофи принсипҳои асосии этикаи журналистӣ мебошад. Ин рафтор на танҳо ба эътибори худи ӯ, балки ба эътибори тамоми баҳс зарба мезанад.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки истиноди Абдуссатор Бобоев ба маводи «Рӯзгор» на далели дурустии мавқеи ӯ, балки гувоҳи ноустуворӣ ва пурзиддияти он мебошад.
Қалам бояд васл кунад, на фасл
Посухи Шариф Ҳамдампур «Қалам бояд васл кунад, на фасл» худаш паёми асосӣ ва руҳи ин баҳс мебошад. Ӯ даъват мекунад, ки қалам на бояд миёни мардум фасл афканад, балки дилҳоро ба ҳам васл кунад.
Ин дар ҳолест, ки Абдуссатор Бобоев бо истифода аз сифатҳои таҳқиромез чун «дурӯғгӯ», «тамаллуқкор» ва «сияҳном» ба ҷои баҳси илмӣ ва асоснок, роҳи тӯҳмат ва беэҳтиромиро интихоб кардааст.
ХУЛОСА
Посухи мо ин аст, ки Сулҳи Тоҷикон: Хати васл аст, на хати фасл. Биёед, ба ҷои тӯҳмату айбҷӯӣ ба ҳифзи сулҳе, ки ба қимати ҷони ҳазорон инсон ба даст омадааст, содиқ бошем. Мо ба устод Шариф Ҳамдампур барои ҷуръаташ арзи эҳтиром дорем ва ба тамоми онҳое, ки барои ҳифзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, сипосгузорем.
«Рӯзгор»
















