07:40:07 11-уми Октябри 2026 сол

Сабқати донишҷӯёни Тоҷикистон бо намояндагони 45 давлати ҷаҳон дар Русия

Ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар дар қатори намояндагони 45 давлати ҷаҳон иқтидори илмии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

333 photo 2026-10-07 13-47-48Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи VI байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ, ки дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия доир гардид, иштироки фаъолона намуданд. Дар ин ҳамоиши бонуфузи илмиву соҳавӣ намояндагон аз 45 кишвари ҷаҳон сабқат карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоии олимпиада, донишҷӯёни тоҷик Нилуфар Наврӯззода ва Ғолиб Ойаҳмадов маҳорати баланди касбӣ нишон дода, бо Шаҳодатномаи иштирокчӣ, Диплом ва нишони махсуси олимпиада қадрдонӣ карда шуданд.

Дар доираи ин ҳамоиши сатҳи баланд барои иштирокчиён як қатор чорабиниҳои муҳими таълимиву амалӣ ташкил карда шуданд, аз ҷумла:

- Гузаронидани тренингҳо ва дарсҳои махсус аз ҷониби коршиносони варзидаи соҳаи молия.

- Баррасии масъалаҳои муосири амнияти молиявӣ ва муқовимат ба хатарҳои иқтисодӣ.

- Иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм.

Иштироки ҷавонони мо дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ барои таҳкими робитаҳои байналмилалии донишгоҳҳои Тоҷикистон, табодули таҷриба ва муаррифии арзандаи иқтидори интеллектуалӣ ва таълимии ҷавонони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ