АБДУЛҚОДИРЗОДА: "ҶУБРОНИ ЗАРАРИ МАЪНАВӢ МЕХОҲАМ"
Cӯҳбати ихтисосӣ бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
-Ҷаноби муфтӣ, Тӯраҷонзодаҳо даъво доранд, ки Шумо ба онҳо тӯҳмат задаед ва онҳо ба ин далел ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Воқеияташ чӣ гуна буд?
-Се соли ахир аст, ки мардум аз Ошӯрои масҷиди "Туркобод" шикоят доштанд. Махсусан, дар миёни аҳли илм ва уламои Тоҷикистон аз ин ранҷида буданд. Дар ҳамон маҷлиси ғайринавбатие, ки Шӯрои уламо даъват намуда буд, ҳама ибрози ақида ва фикру андеша намуданд. Болои ин намефаҳмам ноомадии кор ё ин ки омади кор буд, дар таърихи 19-уми ноябри соли гузашта дар як маъракаи хонаводагӣ, дақиқтараш дар хонаи акаи Ҳотам як нишасте доштем.
Онҳо ҳам даъват шуда буданд. Ҳангоме мо рафтем, Нуриддин Қаҳҳоров оид ба Ошӯро ва ашк резондану ҷашну мотам гирифтани он ҳамчун аҷру подош ва ибодат сӯҳбате доштааст. Дар ахир қайд намуд, ки мотам гирифтани Ошӯро ва ашк резондан барои Имом Ҳусайн аҷру подоши хеле зиёде дорад. Дар маҷлис тақрибан 30-40 нафар ҳузур дошт. Дар давоми мавзӯъ ман сӯҳбат кардам.
Қайд намудам, ки бародари азиз, ҳазрат, ҳамин Ошӯрое, ки Шумо мекунед, хилофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат, хусусан мазҳаби ҳанафӣ аст. Тарафи дигар масъала гуфтам, Шумо мегӯед, ки ашк резондан ва мотам гирифтан дар Ошӯро ё махсус барои Имом Ҳусайн дар моҳи муҳаррам аҷр дорад. Қабл аз ҳама паёмбари ислом дар натиҷаи заҳр хӯрдан аз дунё гузаштанд, шаҳид шуданд. Мо бояд ба хотири вафоти паёмбар мотам бигирем.
Ба хотири ӯ ашк бирезем ва сияҳ бипӯшем. Хостам, фаҳмонам, ки бародари исломӣ кореро, ки Шумо пеш гирифтаед, ин нифоқу низоъ меорад. Якбора сухани маро қатъ карду гуфт, ки "ту беақл будаӣ". Сӯҳбати мо як сӯҳбати илмӣ буд, на ин дашному таҳқир. Худо шоҳид аст ва савганд ҳам мехӯрам, ки ин сӯҳбат фақат ба хотире буд, ки оромии Тоҷикистон бошад, осудагии мардуми Тоҷикистон бошад, пешравии дину маънавият бошад. Ин суханҳоро ба дигар мақсад нагуфтам.
-Эшони Нуриддин (Нуриддин Қаҳҳоров) як иддаои дигар ҳам доштанд, ки Шумо дар он маҳфил гуфтаед, дар масҷиди Тӯраҷонзодаҳо 100-долларӣ барои касоне, ки дар Ошӯро ширкат меварзанд, тақсим мекунанд. Воқеан, Шумо ҳамин суханҳоро гуфтаед?
-На, чунин нагуфта будам. Вале ман дар он ҷо қиссаеро аз ҳангоми донишҷӯӣ дар Покистон нақл кардам. Хуб, дар он ҷо ман гуфтам, ки дар ҳамон рӯзи даҳаи Ошӯро дар масҷиди шиамазҳабони Покистон занҷирзаниҳо мешуд. Мо дақиқ хабар доштем ва ҳама медонад, ки дар минтақаҳои суннимазҳаб ва ҳанафимазҳаб эҷод кардани Ошӯро ва занҷирзаниҳо ба маблағ мешавад.
На танҳо Ошӯро, балки динҳои ғайриисломӣ ҳам мардумро бо маблағ даъват мекунанд, ин чиз ошкор аст. Ҳеҷ кас инро инкор карда ҳам наметавонад, ин воқеият аст. Аммо ман нагуфтам, ки дар масҷиди инҳо чунин мешавад. Дар таърихи 9-уми декабри соли гузашта ба масҷиди "Туркобод" барои намозгузорӣ мерафтем ва ман дар он ҷо ягон сухани паст ҳам гуфтанӣ набудам.
Фақат дар он ҷо мехостем намоз бигзорем. Бо мардум як сӯҳбат кунем. Худо шоҳид аст, ҳеҷ лаъну таън ба касе ҳам гуфтанӣ набудем. Аммо дар он ҷо ба мо яку якбора ҳам "ҷуҳуд" гуфтанд, ҳам гуфтанд, ки ин даъвои саидӣ мекунад.
-Хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мегӯянд, баёнияе, ки Шӯрои уламо содир кард, бо мусоидат ё супориши ниҳодҳои давлатӣ таҳия шудааст...
-Онҳо даъво доштанд, ки аслан маҷлис даъват нашудааст. Вале маълум шуд, ки зиёда аз 60 нафар иштирок доштанд дар маҷлисе, ки дар он қарори Шӯрои уламо қабул гардида буд. Ҳоло дар як масъала омаданд, ки ин супоришӣ буд. Бояд инсон воқеияту ҳақиқатро бигӯяд, мардуми тоҷик ҳам мегӯяд, ки "каҷ биншину рост бигӯ".
Вақте шикоятҳо омад, Раёсати маркази исломӣ ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ маҷбур шуд, ки маҷлиси ғайринавбатӣ даъват кунад. Ин маҷлис дар асоси шикояти ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳии шаҳрвандон даъват шуд ва ин ҳеҷ супоришие нест. Маркази исломӣ муқобили тамоми ақидаҳои бегона, чи салафиву таҳрирӣ ва ғайра мебошад. Шӯрои уламо хуб медонад, ки омили асосии оромии кишвари мо якмазҳабӣ аст.
-Пас, чаро дар ҷаласаи охирини додгоҳ, бино ба навиштаи расонаҳо, бархе аз шоҳидон ва аъзои Шӯро гуфтаанд, ки аз он хабар надоранд, аз ҷумла, мулло Маъруф?
-Ман хеле хуб дар ёд дорам, ки домулло Маъруф чӣ гуфт. Хуб, аз он ҷаласа то ҳол тақрибан се моҳ мегузарад. Ва тамоми калимаҳое, ки дар маҷлис садо дод, шояд дар ёди ман ҳам намонда бошад. Ва шояд дар ёди домулло Маъруф ҳам намонда бошад. Ва баъзе аз ҷумлаҳое аз баёния қироат шуд ва аз ӯ пурсида шуд, ки дар ёдат ҳаст, гуфт, ки дар ёдам нест, чунин набуд. Беҳтар мебуд, ки мегуфт, дар ёдам нест. Хуб, ӯ инсони комилҳуқуқ аст ва ҳуқуқ дорад ҳар чизе хост бигӯяд. Аммо ман надидам дар он ҷо, ки домулло Маъруф муқобили мо сӯҳбат карда бошад. Баръакс, ба онҳо гуфт, ҳамон Ошурое, ки шумо гузаронидаед, сад дар сад чизи бегона аст.
Он ҳадисеро, ки Нуриддин Қаҳҳоров, мегӯяд, "зикру Оли Муҳаммадин соъатан хайруммин ибодати санатин", яъне як соат зикри хонаводаи Муҳаммад беҳтар аз як сола ибодат аст, гуфт, ки ин ҳадис ҳадиси мавзӯъ аст. Ва вақте Маҳмуд Қаҳҳоров хост бо ӯ баҳс кунад, дар шоҳидии 30-40 чиҳил нафар, гуфт бародар, баҳс накун, бар зарари шумо мешавад баҳс. Зеро ин ҳадис, ҳадиси мавзуъ ва кизб, дуруғ аст. Ӯ мухолифи мо чизе нагуфта буд.
-Хуб, дар баёнияе, ки мавриди баҳс қарор гирифт, номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳам зикр шудааст. Сабаби ба миён овардани номи Кабирӣ дар чӣ буд?
-Мо гуфтем, ки Шӯрои уламо дар муқобили тамоми ақидаҳои бегона истодагарӣ мекунад ва истодагарӣ кардааст. Дар оянда ҳам, ман ё ҳар каси дигаре бошад, ин корро хоҳад кард. Зеро ҳоло ягона силоҳе, ки қотил ҳаст барои мусалмонҳо, низои ақидавӣ ва мазҳабист. Дар мавриди бародари азиз Кабирӣ. Ба фаъолиятҳои дигари ӯ, фаъолиятҳои сиёсии ӯ мо кор надорем.
Аммо аз нигоҳи мазҳабӣ ва ақидавӣ мо бояд мардумро огоҳ кунем. Вазифа дорем, бигӯем, ки муовини "Бедории исломӣ" интихоб шудан дар Эрон, ки расман давлати мазҳабии ташаюъ аст, эҳтиёт бошед, ки дар мазҳаб, дар ақида ва дар ибодат кадом халале ворид нашавад. Мо кадом таҳқире накардем, фақат мардумро огоҳ кардем. Чизи дигаре нест.
-Ҷаноби муфтӣ, оё назорат аз болои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта дар салоҳияти Шӯрои уламо ҳаст? Агар таҳдиде ба амният вуҷуд дошта ва ё қонунгузорӣ нақз шуда буд, оё беҳтар набуд, ки мақомоти амниятӣ, додситонӣ ва Кумитаи дин дастбакор мешуданд, то пойи Шумо дар миён намебуд?
-Барои он ки шубҳаву гумон дар ин замина рафъ шавад, бевосита аз Ойинномаи Маркази исломӣ иқтибос меорам. Дар зерхати 1-и банди 2 гуфта мешавад: "Маркази исломӣ барои ҳалли масъалаҳои умумидиёнатии пайравони равияи суннимазҳаби ҳанафии дини ислом дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст." Дар зерхати 5-и банди 2-и зерхати 3 омадааст: "Фаъолияти масҷидҳои ҷумҳуриро дар мавриди риояи мазҳаби ҳанафӣ ва арзишҳои он зери назорати доимӣ қарор диҳад.
-Тӯраҷонзодаҳо гуфтанд, ки даҳ рӯз Шумо фурсати додгоҳро гирифтед, аммо ба шароити оштӣ посухи рад додед, чаро?
-Мо даҳ рӯз мӯҳлат гирифтем ва бо тамоми аъзои Шӯрои уламо тамос гирифтем. Андешаи онҳоро оиди ин масъала баррасӣ кардем. Ҳатто шахсеро, ки бархе масъалаҳоро инкор кард, шояд аз рӯи пиронсолӣ бошад, ман номашро намегирам. Вақте онҳо суол медоданд, ки не мегуфт, вақте ман суол медодам, ҳа мегуфт.
Рафтам пешашу гуфтам, ки ҳазрати устод, Шумо имзои худро мешиносед? Гуфтанд, бале, мешиносам. Гуфтам ҳамин имзои Шумо ҳаст? Гуфт, бале имзои ман аст. Гуфтам чаро имзо кардӣ? Гуфт, ки ман дар ҳақиқат хатари шиагароиро дидам. Барои ҳамин такроран аъзои Шӯрои уламо хоҳиш карданд, ки мо бекор кардани қарори Шӯрои уламоро ҷонибдорӣ намекунем.
-Ҷониби даъвогар алайҳи Шумо мегӯяд, ҳамаи шартҳои дигарро пас гирифта ва як шарт дорад. Шумо чӣ мегуед, чӣ пешбинӣ доред ва чӣ шароит пеш мегузоред?
-Дар ҳақиқат, ман фикр намекардам, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо то ин андоза хӯрдагирӣ ва сахтгирӣ кунанд. Ду ҳафта боз (хайрият, ки дохили панҷара неву наздики панҷара) моро рост карда, чунон таҳқиру чунон суолборону чунон ҳарфҳои зиште мегӯянд, ки агар бовар кунед ман саломатиямро тақрибан аз даст додам.
Хеле зарари маънавӣ дидам. Ман дидам, ки бениҳоят аз ҳад гузарониданд. Ҳоло тарафи ҳимояи мо санад ҷамъ оварда истодааст, ба хотири пешниҳод кардани даъвои муқобили даъво. Мо ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунем. Хеле таҳаммул кардам, аммо дидам, ки бародарон ҳеҷ муросое карданӣ нестанд.
-Гуфтанд, ки ҳудуди 17 ё 24 имом-хатиби масҷидҳо ба далели қироат накардани баёнияи Шӯрои уламо аз масъулият барканор шудаанд, аз ҷумла Абдураҳими Қазоқонӣ. Ҳақиқати ин қазия чӣ гуна аст?
-Аз рӯи ҳақиқат ин сарусадоҳо ҳеҷ воқеияте надоранд. Мувофиқи Ойиннома ман ин ҳақро надорам, ки касеро озод ё таъйин кунам, магар дар ҳамин Маркази исломӣ. Як чанд имом-хатибон тавассути кумиссиюне, ки дар назди Кумитаи дин ҳаст, аз санҷиш нагузаштанд ва озод шуданд.
Мо низ узви ин кумиссиюн ҳастем. Аммо дар мавриди чӣ гуна барканор шудани Абдураҳими Қазоқонӣ чизе намедонам. Чун дар банди мурофиаҳои судӣ будам ва дар кори он кумиссиюн иштирок надоштам. Шахсан аз касе хоҳиш накардаам, ки ин ё он нафарро аз вазифа сабукдӯш кунад.
Раҳматкарими Давлат, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Ризозода, «Озодӣ»
-
05.10.2026 08:36
338
Сарвари рӯзгорсоз ва Пешвои ваҳдатофари миллат
-
02.10.2026 13:58
269
Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
29.09.2026 13:16
193
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
-
08.05.2026 19:24
796
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
765
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
747
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
10.10.2026 12:45
116
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
06.10.2026 14:01
175
Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад
-
06.10.2026 13:58
159
Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд
-
15.09.2026 20:48
427
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
14.07.2026 10:13
633
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
678
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
06.10.2026 23:47
240
Меъмории муосир: Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ тақвият медиҳанд
-
06.10.2026 14:04
172
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
-
06.10.2026 09:15
212
Пойтахт «ҳушманд» мешавад: Аз чароғакҳои ҳушманд то гузаргоҳҳои дурахшандаи пиёдагард
-
06.10.2026 09:21
237
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд
-
04.10.2026 21:07
395
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод
-
25.09.2026 00:51
362
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”
-
30.09.2026 11:18
283
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
395
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
203
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
10.09.2026 22:44
547
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
542
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
636
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
02.03.2026 23:37
838
“Ранҷи модар”
-
28.02.2026 22:46
930
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2296
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.07.2026 12:25
601
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2425
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1489
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
04.10.2026 20:51
307
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
27.09.2026 20:11
270
ҶҶ 2002: Ғалабаи панҷуми Бразилия дар Осиё
-
23.09.2026 20:56
126
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
-
04.10.2026 20:56
320
Александр Васильевич Суворов - Сарлашкар ва ислоҳотгари санъати ҳарбӣ
-
27.09.2026 20:15
289
Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон
-
27.09.2026 20:06
241
Gazzetta di Mantova: Қадимтарин рӯзномаи Италия











































Шарҳҳо
RSS Обуна