«ТӮРАҶОНЗОДАҲО БАРОИ ГУЛ-ГУЛШУКУФИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАР ҲАҚҚИ САРВАРИ ОН ДУОИ ХАЙР МЕКУНАНД»
Чандест, ки иғвоҳои ба сари хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо омада, моро ба ташвишу изтироб овардааст. Аз ин сабаб қалам ба даст гирифтем, то ки ҳақиқатро рӯйи варақ орем. Солиёни дароз, аниқтараш аз замони Шӯравӣ, ба ин аҳли оила меҳру муҳаббати беандоза дорем. Аз ҷумла, бо қиблагоҳи ин хонавода Эшони Тӯраҷон (ҷояшон ҷаннат бошад) ошноӣ доштем.
Тӯҳматҳо ба номи ин хонавода аллакай шурӯь шуда буд. Яъне қиблагоҳи ин хонаводаро баьзе ҳасудхӯрон КГБ-и Шӯравӣ медонистанд. Ниҳоят маьлум гардид, ки ин гуфтаҳо асосе надорад. Баъдтар эшонро "ваҳҳобӣ" хонданд, ки ин гуфтаҳо ба ҷуз тӯҳмат дигар чизе набуд. Кунун оғоз шуд, тӯҳмати навбатӣ. Гӯё аҳли ин хонавода мардумро ба шиамазҳабӣ мегараванд.
Мавриди зикр аст, ки солиёни дароз мо дар масҷиди "Муҳаммадия" бо аҳли ин хонавода намоз мегузорем. Лекин боре нашунидаем, ки эшон мардумро ба мазҳаби бегонае ташвиқ карда бошанд. Баръакс оммаро ба мазҳаби ҳанафия тарғиб карда ва барои гулгулшукуфии Тоҷикистон ва дар ҳаққи сарвари давлат дуои хайр мекунанд. Мо метавонем бо як чанд далелҳои хеш исбот намоем, ки аҳли ин хонавода аз ин тӯҳмату бӯҳтон фарсахҳо дуранд:
1. Эшон аз мазҳаби ҳанафия буда, ақоиди "мотурудӣ" (яке аз ҷараёнҳои тасаввуф) доранд, чуноне, ки дар аксар мавъизаҳои хеш иброз медоранд.
2. Мо шоҳид ҳастем, ки дар ин масҷид дар як рӯз панҷ вақт намоз гузошта мешавад, на ин ки се маротиба чун аҳли ташайюъ.
3. Дар мазҳаби шиа никоҳи муваққатӣ роиҷ аст, ки эшон чунин никоҳро маҳкум месозанд.
Фикр мекунем, ки барои аҳли фаҳм ҳамин қадар далел кифоя аст. Мавриди зикр аст, ки солҳои 60-ум аҳли ин хонавода дар моҳи муҳаррам (дар яке аз рӯзҳои ҷумъаи ин моҳ) фоҷиаи кушта шудани набераи паёмбари охирузамон Муҳаммад (с), ки паёмбари ҳамаи мусулмонон аст, Имом Ҳусайнро ёд мекунанд. Магар ёд кардани набераи паёмбар ва меҳру муҳаббат доштан ба эшон шиа мазҳабист? Асло не!
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки тамоми мусулмонони кураи замин ҳазрати Имомро аз рӯи эҳтиром дӯст медоранд, на вобаста аз мазҳабу миллат. Чуноне, ки паёмбари ислом Муҳаммад (с) ҳарду наберааш - Имом Ҳусайн ва Имом Ҳасанро дар паҳлӯяш шинонда, чунин дуо мекунад: «Худовандо! Ту ҳамин дуро дӯст дор (Имом Ҳусайн ва Имом Ҳасан), ман дӯсташон медорам. Худовандо! Дӯст дор касеро, ки дӯст медорад ин дуро!»
Хулоса, бо ёд кардани Имом Ҳусайн аҳли ин хонаводаро шиа гуфтан нишонаи аблаҳист.
Як гурӯҳ сокинони ноҳияи Ваҳдат, Наврӯзи Н., Мирзоев С., Наимов М., Нозиров Н., Абдуллоев С., Сулаймонов А., Усмонов О.
-
05.10.2026 08:36
334
Сарвари рӯзгорсоз ва Пешвои ваҳдатофари миллат
-
02.10.2026 13:58
267
Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
29.09.2026 13:16
192
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
-
08.05.2026 19:24
791
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
759
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
741
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
10.10.2026 12:45
108
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
06.10.2026 14:01
171
Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад
-
06.10.2026 13:58
155
Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд
-
15.09.2026 20:48
424
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
14.07.2026 10:13
629
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
675
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
06.10.2026 23:47
235
Меъмории муосир: Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ тақвият медиҳанд
-
06.10.2026 14:04
166
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
-
06.10.2026 09:15
206
Пойтахт «ҳушманд» мешавад: Аз чароғакҳои ҳушманд то гузаргоҳҳои дурахшандаи пиёдагард
-
06.10.2026 09:21
232
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд
-
04.10.2026 21:07
392
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод
-
25.09.2026 00:51
357
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”
-
30.09.2026 11:18
282
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
393
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
199
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
10.09.2026 22:44
542
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
539
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
631
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
02.03.2026 23:37
833
“Ранҷи модар”
-
28.02.2026 22:46
928
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2293
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.07.2026 12:25
597
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2421
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1483
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
04.10.2026 20:51
305
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
27.09.2026 20:11
267
ҶҶ 2002: Ғалабаи панҷуми Бразилия дар Осиё
-
23.09.2026 20:56
122
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
-
04.10.2026 20:56
317
Александр Васильевич Суворов - Сарлашкар ва ислоҳотгари санъати ҳарбӣ
-
27.09.2026 20:15
285
Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон
-
27.09.2026 20:06
236
Gazzetta di Mantova: Қадимтарин рӯзномаи Италия











































Шарҳҳо
RSS Обуна