ТОШКАНД ВА ИШҚОБОД МУХОЛИФИ "РОҒУН" ВА "ҚАМБАРОТА"
Узбакистон ва Туркманистон мухолифати худро ба сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар минтақа эълон кардаанд. Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркманистгн пас аз музокироти дуҷониба дар Ишқобод, зимни як баёнияи муштарак, мухолифати худро ба сохтмони обанборҳои бузург дар минтақаи Осиёи Миёна эълон кардаанд.
Аз ҷумла раиси ҷумҳури Узбакистон зимни интиқод аз сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун" гуфтааст, ки он дар маҳали зилзилахез бунёд мешавад, ки дар ҳолати сар задании заминҷунбӣ, ба амнияти минтақа таҳдид хоҳад кард. Аммо донишмандон иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди ба зилзилаҳо тобовар набудани Роғунро бепоя номиданд. Ба гуфтаи онҳо, иншоот дар қаламрави Тоҷикистон тибқи лоиҳаҳои муҳандисӣ, тавоноии то 9 бал заминларзаро доранд.
Расонаҳои хабарии ду кишвар бо такя ба шабакаи телевизонҳои давлатии Туркманистону Узбакистон, иттилоъ додаанд, ки зимни сафари расмии Ислом Каримов ба Ишқобод дар таърихи 2-юми октябр, сарони ду кишвар пешниҳод намудаанд, ки масоили марбут ба истифодаи захоири оби дарёҳои фаромарзӣ, тибқи санадҳои байналмилалӣ сурат гирифта ва манофеи кишварҳои минтақа ба инобат гирифта шавад.
Ҳарду кишвар ҳамчун узви Конвенсияи аврупоии Комисияи иқтисодии СММ оид ба ҳифзи дарёҳои фаромарзӣ аз соли 1992, таъкид кардаанд, ки "ҳеҷ ҷонибе наметавонад дар амри сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадиди бузург, бидуни ризояти кишварҳои манфиатдор амал кунад."
Ба дунболи пахши баёнияи муштарак, президентҳои ҳарду кишвар дар нишасти хабарии худ таъкид кардаанд, ки дар масъалаи баҳрабардорӣ аз захоири обу энержӣ дар минтақа, ҷонибдори санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ мебошанд.
Ин баёнияҳои пурсарусдо дар ҳоле шунида мешаванд, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, сарнавишти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Роғун ва масъалаи тақсими об дар Осиёи Марказиро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти Созмони Милал мегӯяд, дар ин мулоқот, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, ду тараф ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар баҳрабардорӣ аз захираҳои оби минтақа таъкид кардаанд.
Дар ин мулоқот Бан Ки Мун аз талошҳои Тоҷикистон барои мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ситоиш кардааст. Қабл аз ин мулоқот, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳаққи ҳалоли Тоҷикистон аст.
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
447
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
428
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
560
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
315
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
349
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
407
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
231
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
956
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
987
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
687
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1370
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2296
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
111
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
262
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
289
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
185
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
350
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
538
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
873
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1189
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1138
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2279
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2341
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3374
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
505
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1857
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1999
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
967
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1154
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1126
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
04.06.2026 12:50
248
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026
-
24.05.2026 11:44
77
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
274
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
01.06.2026 12:36
186
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон
-
20.07.2025 13:08
1346
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4394
Гулханди ғунчаҳо











































Шарҳҳо
RSS Обуна