Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон
Ассалому алайкум, модари ҷон, нури дидаву тоҷи сарам...
Имрӯз якуми июн аст. Дар тамоми дунё иди кӯдаконро ҷашн мегиранд, аммо барои ман ин рӯз маънои дигар дорад – имрӯз рӯзи зодрӯзи туст, модарҷон. Ман, ки ҳамон кӯдаки ту ҳастам, имрӯз бо дили сӯхта ва ашки резон ин номаро аз ин дунёи фонӣ ба биҳишти ҷовидон мефиристам.
Агар зинда мебудӣ, субҳи барвақт хеста, назди кати хобат мерафтам, ба чеҳраи ширину зебоят бӯса зада, бо як шодии пур аз ханда туро бо рӯзи мавлудат табрик мекардам... Аммо имрӯз дастонам ба оғӯши ту намераванд, балки рӯй ба осмон меоранд. Ман ин номаро бо қалами шикаста ва ашки равон менависам ва медонам, ки Аллоҳи меҳрубон садои дили маро ба туву падар мерасонад.
Модарҷон, намедонам, ки рӯҳат имрӯз моро мебинад ё не, аммо мо ҳамеша дуо мекунем, ки рӯҳат шоду ором бошад. Ман боварӣ дорам, ки шод шудани рӯҳи ту на танҳо бо дуоҳои мо, балки бо рафторҳову қадамҳои мо ҳам ҳаст. Ту мехостӣ, ки мо аҳлу иттифоқ бошем ва мо ҳамин тавр ҳастем. Шукри Худо, имрӯз дар рӯзи зодрӯзат ҳамаи фарзандонат, ҷигарбандонат сари як дастурхон ҷамъ омаданд. Алалхусус, акаи Ҷаҳонгирҷон аз ғарибӣ бо аҳлу оилаашон ба дидорбинии мо омадаанд ва мо ҳама сарҷамъем. Танҳо ҷойи туву падар дар ин хона холисту бас...
Модар, ин рӯзҳо Хадичаи меҳрубону кӯчакамро дида, дилам гум мезанад... Вай гоҳ-гоҳ ягон рафторҳое мекунад, ки рост ба рафторҳои ту мекашад. Давидану шиштану хестанҳояш туро ба ёд меорад. Эй кош мебудед, модарҷон! Кош мебудеду медидед, ки Аллоҳ ба мо чӣ фарзандакони ширину зебову қашанг додааст. Сад афсус, ки ту дар ҳасрати дидори набераҳоят рафтӣ ва ин бузургтарин армони ҳаёти ман хоҳад монд.
Маро як пандат ҳеҷ гоҳ аз ёд намеравад, модар. Ҳамеша ба гӯшам мехондӣ: «Писарам, ҳамеша ба қадри оилаат бирас». Кош имрӯз дар ин ҷо мешудӣ ва медидӣ, ки келинатон Назокат чӣ қадар дастпухтҳои зебову болаззаттарро ёд гирифтааст... Агар мебудӣ, имрӯз аз ошпазиҳои келинат маза карда, нӯши ҷон мекардӣ ва дуояш медодӣ. Аммо афсус пас аз рафтани падар, ту ҳам тоқати танҳоӣ ва дурии ӯро накардӣ. Гӯё дилат барои ӯ гум зад ва ту ҳам сафар кардӣ – ба дидори Аллоҳ ва ба назди қиблагоҳам. Мо баъди рафти шумову падар ҳамеша кӯшиш дорем, ки ҳеҷ гоҳ аз бародарону апаҳоямон дурӣ наҷӯем. Ҳамагӣ ду се рӯз пеш, сари манзили покат рафтем. Ба баҳонаи зодрӯзи ту аҳлу байт ва хешу ақраборо хабар гирифтем. Дар ҳар хонадоне, ҳама аз хубиҳои ту, аз ахлоқу меҳрубониҳои ту сухан мекарданд.
Имрӯз, дар ин лаҳзаҳо, ба зиндагии худам назар мекунам. Соҳиби хона шудам, соҳиби мошин шудам, соҳиби фарзандон шудам... дар зиндагӣ ҳеҷ шикояте надорам... Аммо модар, дар даруни дилам, бе шумо гумон мекунам, ки ҳеҷ чиз надорам. Ин ҳама дороии дунё дар назди меҳри ту ҳеҷ аст. Тез-тез дилам бароятон зиқ мешавад, дилам реш-реш мешавад ва ин холигии даруни дили маро ҳеҷ чизи ин ҷаҳон пур карда наметавонад.
Ман аз Аллоҳи пок, бо ҳамин дили решу ашки равонам як дуо талаб дорам ва мехоҳам ту ҳам дар ҷаннат барои бародарам омин гӯӣ:
Илоҳо, ба акаи калониям, Муҳиддинҷон, фарзандони солеҳу солеҳа диҳӣ. Ягон орзуи дигар надорам, ҳамин ки сари бародарам сабз шавад ва шодии хонаашро бо овози тифли гирёну хурсанд пур кунӣ. Илоҳо омин!
Зодрӯзат муборак бошад дар ҷаннатҳои Аллоҳ, модари орзумандам! Илоҳо, Аллоҳи меҳрубон туву падарро дар канори ҳам шод гардонад ва руҳатонро аз мо розиву хушнуд созад.
Бо муҳаббати бепоён, ашки ҷорӣ ва ҳасрати дидор – писари ту, Аҳмадшоҳ.
















