04:51:23 31-уми Майи 2026 сол

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон

Санаи 21 майи соли 2026 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласа иштирок доштанд:

5 prokuratura 322365541221- аъзоёни Шӯро (прокурори вилоят, роҳбарони РВКД, РКДАМ, РАНДММК, РАНМН, мақомоти андоз ва гумрук);

- прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят;

- сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;

- кормандони масъули мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберии РВКД дар вилоят ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят;

  роҳбарони шуъбаи Хадамоти алоқа дар вилояти Хатлон ва ширкатҳои хизматрасонии алоқаи интернетӣ дар вилояти Хатлон;

  роҳбарони шуъбаи Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои бонкӣ дар вилояти Хатлон.

Дар ҷаласа як масъала мавриди барраси қарор дода шуд:

Таҳлили вазъи ошкор, бақайдгирӣ, таҳқиқу тафтиши пешакӣ ва баррасии судии ҷиноятҳои тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаи иҷтимоӣ содиргардида дар ҳудуди вилоят (баромади сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари прокуратураи вилояти Хатлон Ҷалолиддинзода Камолиддин).

Ҷаласаро раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят прокурори вилояти Хатлон, генерал майори адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад кушода, иброз дошт, ки масъалаи ба баррасии ҷаласаи Шӯро пешниҳодгардида яке аз мушкилоти ҷомеа маҳсуб ёфта, зиёд гардидани содиршавии ҷиноятҳо бо истифодаи технологияи компютерӣ ва интернет боиси ташвиши мақомоти ваколатдори соҳа гардидааст.

Аз ин ру, зарур дониста шуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯро мавриди баррасии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, тадбирҳои муассири ҳалли мушкилоти ҷойдошта коркард ва дар амал татбиқ карда шавад.

Баъдан сухан ба сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2 Ҷалолиддинзода Камолиддин дода шуда, номбурда қайд намуд, ки ҳолати содиршавии ҷиноятҳо дар фазои интернет рӯз аз рӯз ташвишовар гардида, ҷинояткорон бо истифодаи интернет ба ҷиноятҳои қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, паҳн кардани маводи порнографиву ғайриахлоқӣ, иштироку мусоидат дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ содир намудаанд.

Бинобар ин, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ зарур аст, ки корро дар ин самт ҷоннок карда, ҷиҳати пешгириву огоҳонии ин қабил ҷиноятҳо, ошкору тафтиш намудани онҳо ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони ҷинояткор чораҳои муассир роҳандозӣ карда шаванд. Ҳамзамон шаҳрвандон низ бояд дар мубориза бар зидди ин қабил ҷиноятҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ ва кӯмак намоянд.

Бо натиҷаи ҷаласаи Шӯро барои беҳтар шудани вазъи ошкору тафтиш шудани ҷиноятҳои киберӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ҷалолиддинзода К., Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ