Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
Бо ибтикори сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Беларус дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ бахшида ба бузургдошти шоири барҷастаи тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ шоми эҷодӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони доираҳои илмӣ ва фарҳангӣ, донишмандону коршиносон, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус иштирок намуданд.
Ҳамоишро бо суханони ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Беларус Алиризо Саноӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар доираи чорабинӣ олимон ва коршиносон инчунин бо маърузаҳои пурмуҳтаво оид ба мероси ғании эҷодии Абулқосим Фирдавсӣ ва саҳми ӯ дар адабиёти ҷаҳон суханронӣ намуданд.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки Абулқосим Фирдавсӣ яке аз бузургтарин чеҳраҳои адабиёти тоҷику форс ба шумор рафта, достони ҷовидонаи ӯ — «Шоҳнома», ки ҳудуди 60 ҳазор байтро дар бар мегирад, дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи вижа дорад.
Ҳамчунин изҳор гардид, ки осори Фирдавсӣ ҷузъи ҷудонашавандаи мероси маънавӣ ва фарҳангии халқҳои форсизабон буда, рамзи арзишҳои инсонпарварона, ҳифзи хотираи таърихӣ ва идомаи суннатҳои чандинасраи фарҳангӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни суханронӣ махсусан ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз ва тарғиби мероси ғании адабии ниёгон, аз ҷумла нашр ва тақдими китоби «Шоҳнома» ба ҳар як оилаи тоҷик, таъкид карда шуданд.
Сафир иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон ба осори гаронбаҳои Фирдавсӣ эҳтироми амиқ доранд. Дар Тоҷикистон ба номи шоири бузург кӯчаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, инчунин яке аз ноҳияҳои пойтахт номгузорӣ карда шудаанд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ қироати порчаҳо аз осори Фирдавсиро ба забонҳои тоҷикӣ-форсӣ, русӣ ва беларусӣ фаро гирифта, ба рамзи муколамаи фарҳангӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва наздикшавии маънавии халқҳо табдил ёфт.
АМИТ «Ховар»
















