«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Топ – 35 шарики боэътимоди сол» баргузор мешавад.
Тавре ба мо аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озмун бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилоти хизматрасон метавонанд дар он иштирок намоянд.
Мақсади баргузории озмун, ин муайян намудани ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, мусоидат намудан дар рушди бахши хусусӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ ва шарикии соҳибкорони ватанӣ-аъзои палата, ҷалби сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони боэътимоди Тоҷикистон, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати маҳсулот ва хизматрасониҳои худ тавассути рақобати солим, муайян намудани ширкату корхонаҳои муваффақтарин ва боэътимод ва баланд бардоштани нуфуз ва эътиборнокии соҳибкорони ватанӣ байни доираҳои соҳибкорони мамлакатҳои хориҷи кишвар мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тибқи талаботи Кумитаи тадорукоти озмун то 20 июли соли 2026 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар арафаи таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад
АМИТ «Ховар»
















