«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест,
Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.
Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил,
Лек мисли модарон ӯро дили хунбор нест.
Агар ба таърихчаи иди занон дар замони нав назар андӯзем хоҳем дид,ки Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.
Санаи 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд. Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи сотлиалист Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди, истисморгарон ташкил карда буд.
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, санаи 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд.
Хотиррасон бояд намуд,ки агар ба чунин сарчашмаи эътимоднок чун «Осор-ул Бақоия»-и Абӯрайҳони Берунӣ назар афканем хоҳем дид,ки дар замонҳои ққадим аҷододони мо ба зан-модар ҳамчун рамзи нигоҳдорандаи чакдони оташ дар хона арҷи зиёде мегузоштаанд.
Тибқи ин сарчашмаи мазкур ва дигар осори ниёгонамон маълум мешавад, ки вобаста ба арҷ гузоштан ба зан дар аввали моҳи март, дар даромадани Наврӯзи бузург мардуми моро ҷашне будааст бо номи «Муждагирон» ва дар ин рӯз мардон ба занону бонувон, модарону хоҳарон тӯҳфаҳо тақдим мекардаанд. Инҷо низ ниёишу фалсафаи баланде вобаста ба арҷ гузоштан ба зани тоҷик аз ққадимулаём ба назар мерасад.
Бо фармони Президенти ҶТ аз санаи 6.03.соли 2009, санаи 8-уми март ба Ҷашни Рӯзи Модарон табдил дода шуд. Айни замон рӯзи 8-уми март ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо- “Рӯзи Модар” эълон карда шудааст.
Ҳоло дар дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хоссае қарор гирифтааст. Ин амалҳо моро бар он бовар менамояд, ки мо ворисони аҷдоди шарафманди хеш имрӯз ба сӯи воқеият, бахшидани андешаҳои фарзонагони миллат бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом намуда, роҳи пуршараферо дар тақдири мақоми зан ва модар чун ҳадяи беҳтарини офаридгор дар қаламрави таърих тай намуда истодаем. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст.
Зан-модари тоҷик ин тавлидкунандаи Куруши Кабир,Ораши Камонгар, Ситамен, Салмони Форс,Абумуслими Хуросонӣ, Закариёи Розӣ, Одам Шуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхуррасис Бӯали Синои бузург, Ҳаким Носири Хусрав, Мавлои Балх ва дигар бузургони миллат аст ва бо ин кораш амали модароне чун Ситорабонуи зебо амали бузургеро ба ҷой гузоштаанд ва мо аз ин зиёд мефахрем!
Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.
Модари азиз барҳақ фариштааст, балки аз фаришта низ болотар меистад!
Дар ёддоштҳои падари бузургворам, педагоги навовару ҷавонмарги тоҷик, собиқ директори мактаб-интернати овозадори №1-и ноҳияи Дарвоз Давлатҷон Зайниддинов бо як андешаи навиштааш дучор омадам: “Оҳ, вақт- вақт ту чи хел тез ва номаълум гузашта меравӣ.Вақти сарсахту беохир!Каме мавқуф бош, ба модари бузургворам хизмати писарона кунам!
Модар! Ту намехости ки гурусна бошам, дар поям хоре занад, аз рафиқонам бадтар либос пӯшам! Ман писари ягонаи туам, ба мисли он ки дар само офтоб якото, дар бани одам ҷон яктост, Шумо низ бароям чун офтобу ҷон ягона астед.Модар, модарҷони азизи ман!”
Оре,ҳақ асту рост.Модар ягона аст ва мо бояд ин фариштаи осмониро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.
Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28-уми декабри соли 2024 иброз намуда буд, ки «дар фарҳангу тамаддуни мо- тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ,73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.»
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 роҳбари давлат боз ба мақоми зан дар ҷомеъа дахл намуда, иброз намуданд, ки масъалаи боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа ва тарбияи кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувони лаёқатманд бошад дар маркази диқкати Ҳукумати кишвар қарор дорад ва ин сиёсат оянда низ давом хоҳад ёфт.
Дар ҳақиқат ҳами тавр низ аст. Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.
Занону модарони азизро бо ин иди зебои омад- омади фасли баҳори нозанин ва ҷашни Наврӯз, табрик намуда,сухани шоирро инҷо меорам:
Дӯстон дар назди модар ҳаҷҷи худ аз сар кунед,
Ҳаҷҷи Каъба кардаед, инҷо ҳаҷҷи Акбарро кунед.
Шоирон гар дар хаёли шеъру ашъори навед,
Сархати ашъори худ аз хислати модар кунед.
Раҳнамои беҳтарини мо ҳамоно модар аст,
Он мабодо, ки ѓофилона раҳнамо дигар кунед.
Дар бузурги баҳри мо баъди Худо модар бувад,
Саҷда аввал бар Худову баъд бар модар кунед!
Идатон муборак модарону бонувони азиз! Ҳамеша сарбаланд, саодатманд ва фархунда бошед!
Варқаи Зайниддин, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1
















