Мулоқоти сафир бо Сарвазири Давлати Кувайт
21 майи соли 2026 сафири ҶумҳурииТоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бинобар анҷоми маъмурияти дипломатӣ бо Сарвазири Давлати Кувайт шайх Аҳмад Абдуллоҳ Ал-Аҳмад Ас-Сабоҳ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намуданд.
Дар анҷом Сарвазири Давлати Кувайт саҳми Зубайдулло Зубайдзодаро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Кувайт баланд арзёбӣ намуда, ба ӯ барои фаъолияти минбаъда, муваффақият таманно намуд.
mfa.tj
















