Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт
21 майи соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода, бинобар анҷоми маъмурияти дипломатӣ бо Валиаҳди Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот сафир салому паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Амири Давлати Кувайт ва Валиаҳди ин кишвар расонид. Валиаҳди Давлати Кувайт барои паёми дӯстонаи Пешвои миллат изҳори сипос намуда, эҳтиром ва таманниёти неки худро ба роҳбарияти олӣ ва мардуми Тоҷикистон баён кард.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди дуҷонибаро баррасӣ намуда, аз рушди робитаҳои Тоҷикистону Кувайт дар ҳамаи бахшҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар анҷоми мулоқот Валиаҳди Давлати Кувайт саҳми Зубайдулло Зубайдзодаро дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Кувайтва фаъолияти ӯ ҳамчун шайхуссуфарои корпуси дипломатӣ баланд арзёбӣ намуда, ба ӯ барои фаъолияти минбаъдааш бурдборӣ таманно намуд.
mfa.tj
















