04:51:25 31-уми Майи 2026 сол

Мулоқоти вазир бо як гуруҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори САҲА

22 майи соли 2026 дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо як гуруҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.

1 muloqoti vazir 45578451124554Дар рафти мулоқот инчунин таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳифзи сарҳад, муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодиву экологӣ ва инсонии САҲА зоҳир гардид. Илова бар ин, иштирокдорон аҳаммияти идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро дар минтақа таъкид карданд.

Сафирони давлатҳои иштирокчии САҲА омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикӣ бо Тоҷикистон ва дастгирии лоиҳаҳои муштарак, ки ба таъмини субот ва рушди устувор равона шудаанд, изҳор намуданд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ