11:46:02 10-уми Апрели 2026 сол

“Ранҷи модар”

modar 547865454512556Бар ҳар қадами пои ту мирам модари ман,

Ба ҳусну ҷамоли ту асирам модари ман.

Гар хона бисозам зӣ гилу хоки муқаддас,

Аз хоки қадамҳои ту гирам модари ман.

 

Як пораи гардӣ зӣ лаби куртаи покат,

Он суфра, ки буд ҷойи нишасту ҷойи хобат.

Қолинчаи абрешиминӣ ҷойгаҳӣ хобат,

Шуд ҷойи намоз шукр, ки бар меваи боғат.

 

Хелида хамир ёди ман аст бо тани бемор,

Оташ ба танур печида қалби ту бемадор.

Дасто ба гиребон шуда бо оташи сӯзон,

Нонро зӣ танур карда бурун чун маҳи хумор.

 

Бо лафзу бо ишора забонам шуда гуё,

Аз меҳру аз вафо шудаам оқилу ҷуё.

Бар он чӣ расидам, ки аз меҳри ту буданд,

Пайдоиши дунёст зӣ ту модари маъво.

 

Шукри шуъоӣ руӣ ту торикӣ надидам,

Ҳар шаб ба сари болини худ моҳ бидидам.

Аз гуфтаи бегонапараст ҳарфе начидам,

Бар мазҳаби худ будаму мушрикӣ надидам.

 

Аз умр вафо надидаву ранҷа кашидӣ,

Зоида ту ҳафт ахтару як марг чашидӣ.

Умре, ки кӯтоҳ Паёмбарӣ дидиву рафтӣ,

Сад ҳайф, ки аз меваи боғат начашидӣ.

Мирзоалӣ Раҳимзода - муовини якуми прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ