Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун баргузор гардид.
Тавре ба мо аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи мулоқоти дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии қолаби Осиёи Марказӣ–Чин доир гардид.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, муқовимат бо ҷинояткории фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, инчунин бозомӯзии таҷрибаи ҳамдигар баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии дуюми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии қолаби Осиёи Марказӣ–Чин нимаи дуюми имрӯз дар Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз мегардад. Дар ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок менамояд.
АМИТ «Ховар»
















