10:00:50 13-уми Майи 2026 сол

“Хизмат ба Ватан фарз аст!”

Вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 7 санҷиш гузаронида ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 4 амр, 7 пешниҳод ирсол карда шуда, 1 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 3 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 2 парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта мебошанд.

5 khizmat ba vatan 54551212Новобаста аз ташкилу гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз шахсони мансабдори комиссариатҳои ҳарбӣ ва шаҳрвандон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд.

 Чунончӣ, Нушервони Мирзо, таваллудаш 24 июли соли 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара, ҷ/д Корез, деҳаи Ғарғара, пеш бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз ин ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз ба ҷинояти қаллобӣ бо расонидани зарари калон ба шаҳрвандон, дар ҳолати ретсидиви хавфнок даст задааст.

Чунончи, ӯ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт моҳи апрели соли 2025 ба боварии шаҳрванд Раҷабов Умаралӣ Турсунович, таваллудаш 16.09 соли 1979, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, ҷ/д Киров, деҳаи Шуртеппа даромада, ба ӯ ваъда додааст, ки писараш Раҷабов Улуғбек Умаралиевичро, ки дар қисми ҳарбии 0438-и ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ адои хизмати ҳарбӣ намуда истодааст, пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбӣ озод менамояд ва бар ивазаш давоми моҳҳои май-июли соли 2025 маблағи 40 000 сомонӣ гирифтааст.

Нушервони М., ки мақсади ба даст овардани даромади муфтро дошт, маблағҳои талаб карда гирифтаашро ба манфиатҳои шахсии худ сарф намуда, то инҷониб ба манфиати Раҷабов У.Т. ва писари ӯ Раҷабов У.У. ягон амал анҷом надода, бо ин кирдораш ба охирин зарари калони моддӣ расонидааст.Оиди ин ҳолат 19 феврали соли 2026 аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати Нушервони М. бо моддаи 247 қисми 3 бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеият ирсол карда шуд.

Дар ин давра аз тарафи прокуратураи ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 343 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Чунончи, Ғиёсов Ҷ.Б., таваллудаш 18 ноябри соли 2004, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, Ҷамоати деҳоти Маданият, дар қайди комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур буда, дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбии шаҳр 23 январи соли 2025 аз муоинаи тиббӣ гузашта, тибқи хулосаи духтурон номбурда солим буда, ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қобил дониста шудааст. Пас аз гузаштан аз комиссияи тиббӣ хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизматӣ ҳарбӣ» амал намуда, бе сабабҳои узрнок ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир нашуда, уҳдадориашро дар хусуси адо кардани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба иҷро нарасонида, аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон шудааст.

Оид ба ин ҳолат аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Ҷ.Балхӣ нисбати Ғиёсов Ҷ.Б. бо моддаи 343 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар ин давра вобаста ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва фаҳмонидани моҳияти Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 2412.соли 2022 таҳти №1920 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ дар ташкилоту муасисаҳо, байни ҷавонону наврасон аз тарафи кормандони прокуратура вохӯриву сӯҳбатҳои зиёде анҷом дода шуда,моҳияти онҳо фаҳмонида дода шудааст.

Сафарзода Хуршед, Прокурори калони шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони рокуратураи вилояти Хатлон, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ