20:10:56 21-уми Майи 2026 сол

«Духтаре аз «Хонаи Павлов»

(тарҷума ба хотири 94 солагии аллома Мӯъмин Қаноат бахшида мешавад).

Тамоми ҷаҳониён дар бораи мудофиаи қаҳрамононаи хонаи Павлов дар маркази шаҳри Сталинград, ки онро немисҳо «қалъаи ифротгароёни рус» меномиданд шунидаанд. Табиист,ки муддати 58 шабонарӯз гитлерчиён ҳуҷум карда кӯшиши гирифтани ин бинои чорошёнаи дар майдони нейтралӣ воқеъгардидаро намуданд, лекин натавонистанд мардонагӣ ва истодагарии муҳофизони онҳоро шикананд.

mumin qanoat 54986545Қатъи назар аз ин вермахт1 дар инҷо аз талафоти ишғоли тамоми хоки Фаронса хело зиёдтар афсару сарбози худро аз даст дод. Ин рақамҳо далелҳои ба ҳама маълум мебошанд. Лекин камтар касон медонанд ки хонаи Павлов на танҳо шӯҳрати ҷангӣ дорад. Сухан сари он меравад, ки дар иҳотаи девораҳои он дар авҷи амалиётҳои ҷангӣ ҳодисаи ҳақиқатан бисёр ғайриоддие ба вуқӯъ пайваст, ки ҳимоягарони «қалъа» онро ҳамчун мӯъҷизаи ҳақиқӣ баҳо доданд. Умуман дар бораи ҳамаи инҳо бо тартиб сухан хоҳем кард.

1.Кандани гӯрро салибак халал расонид

Ҳангоме,ки ҳавопаймоҳои Люфтваффе2 хонаи бисёрошёнаро ба хоктеппаи вайрона табдил доданд ва онҷо оилаи чӯянгудози корхонаи металлургии «Октябри Сурх» Селезнёв мезист, сарвари оила аллакай дар қайди ҳаёт набуд. Вай дар ҷангҳои кӯчагии лашкари халқӣ муқобили фашистон ҷон бохта буд. Завчаи ӯ Евдокия, дар моҳи охирини ҳомиладорӣ қарор дошт ва як вақт дар таҳхонаи зеризаминӣ (заминкан) аз бомбаҳо пинҳон гашт. Бо азми қатъӣ андешаи ба назди хешовандон фирор намуданро ба маркази Сталинград, зери таркиши снаряд ва минаҳо кард.То дар шаҳри сӯхтаистода танҳо намонад. Инҷо бояд гуфт, ки барои ӯ толеъ хело баландӣ кард.Вай бе ягон осеб ба бинои чорошёнагии таҳти №61 воқеъ дар кӯчаи Пензаи майдони 9-уми январ (ҳоло майдони Ленин),ки волидайнаш кӯчарӯб буданд худро расонд.

Дуюмбора низ ба ӯ бахти бузург насиб гашту байни зиёда аз ду даҳгонаи ҷанговарон, табиби ҳарбии таҷрибанок Николай Комелев ҳузур дошт. Дар вақти лозима эшон ба таври касбӣ «аз «меҳмони ногаҳонӣ» зоишро қабул намуд. Дар тозатарин пайтобаи сарбозӣ шахсан худаш истиқоматкунандаи навзоди Сталинградро парпечон намуд. Агарчанде, ки модари ғамхор тамоми чораҳоро барои духтарчаи навзоди худ дар вазъияти бисёр сахту нобасомону шароити сусти иҷтимоии бинои муҳосирашуда медид, вазъи саломатии навзод тақозои беҳтар гаштани саломатияшро мекард. Гап сари он меравад, ки баъди таваллуд, тифл ба бемории гулӯзиндонак (дефтерия) гирифтор шуд. Ин ташхисро табиби ҳарбӣ гузошта буд. Бо сабаби бисёр маҳдуд будани воситаҳои дорувории дар ихтиёраш қарор дошта, бо тамоми хоҳиши доштааш табиби ҳарбӣ наметавонист ба тифл ёрии ҳудро расонанд. Тифлак рӯз то рӯз дар пеши чашмони модари пурашкаш пажмурда мешуд. Беморияш чунон тез авҷ гирифт, ки яке аз ҷанговарон баъди набард ба ҳангоми танафус хост, ки пешакӣ гӯраки тифлакро канад ва бо ин ғусаи маънавии модарро ҳангоми дафнкунии духтарчааш каме ҳам бошад сабук намояд. Ҳангоми кандани гӯр барои тифлак, дар чуқурии 30 сантиметр бели сапёрии сарбоз ба ашёи металлие бархӯрд.Ҷанговар чизи ёфтаашро аз хок тоза намуда дарҳол шах шуда монд. Дар дасти ӯ салиби хурдакак бо тасвири Модархудо ва Исои Масеҳ меистод, дар рӯи дигараш бо хати қадимаи славянӣ чизе навишта шуда буд. Сарбоз он замон зуд салиб кашида (аз рӯи ибрози андешаи мудофеъони Сталинград дар қисмати пеши размгоҳ умуман ягон ашхоси ба худо имон надошта набудааст) гӯрро аз хок пур мекунад. Салиби ёфтаашро бошад ба модари духтарчаи мурдаистода, ки ӯро Зина номгузорӣ карда буданд тақдим мекунад.

-Гир Евдокия! Аз Модархудои муқаддас самимона хоҳиш намо, духтарчаро аз ту набарад……

Дар ин байн ё дуохонии зани ҷавон, ки гӯё қуввае онро шунида бошад ва ё чизи дигаре,ки мӯҷизае рух дод.

Зинаҷон ба шифоёбӣ шурӯъ кард. Ин манзараро дида ҷанговарон боз бо азми қатъӣ ва мардонагӣ, бо як рӯҳияи баланд ҳуҷумҳои душманони бадкешро то 19-уми ноябри соли 1942, то вақте немисҳо пурра аз ишғоли «бинои қалъаи ифротиёни рус» рӯ нагардониданд зада гардониданд.Табиист, ки дар ин рӯз дар назди гитлерчиёни истилогар проблемаҳои ҷиддитару аз ишғоли ин бино заруртар пайдо гашт. Сухан сари он меравад, ки дар ин рӯз амалиёти стратегии шӯравии «Уран» шурӯъ гашта, қушунҳои Фронтҳои Ҷанубӣ- Ғарбӣ ва Дон ба қанотҳои гуруҳҳои ҳариф, ки онҷо артишҳои руминӣ ва итолиявӣ ҷой гирифта буданд зарбаи ҳалокатоваре заданд.Санаи 23-юми ноябр дивизияҳои рахнакунанда дар минтақаи шаҳри Калачи лаби Дон ба ҳам пайваставу артиши 6 - уми 330 ҳазорнафараи саҳроии фелдмаршал Паульюсро дар ҳалқа печонида иҳота намуданд.

Рӯзи дигар ҳуҷуми ҷавобии умумӣ дар шаҳр шурӯъ шуд ва ҳимоягарони «қалъа» низ дар ҳайати баталони 3, полки 12-уми дивизияи гвардиягии 13-ум, зери фармондеҳии генерал Александр Родимсев ба муқобили душман ба ҳуҷум гузаштанд. Ба ҳамин тариқ дар таҳхонаи хонаи Павлов якчанд нафар мардуми осоишта боқӣ мемонад. Дар байни онҳо Евдокия Селезнёва ва духтарчаи синамакаш Зина низ буданд, ки дар шаҳри зери бомбаборон қарор гирифта ҷои рафтан низ надоштанд. Аз маконе, ки онро бо ҷони худ ҳифз карда буданд ҷанговарон рафта истода ба таври риқаттовар бо “ҳамсояҳо” -и мулкии худ хайру хуш намуда, аз модари онҷо «ду маротиба духтарча таваллуднамуда» ваъдаи баъди ҷанг ҳатман вохӯрандро гирифтанд.

Пешакӣ мегӯям, ки на ҳамаи ҷанговарони «хонаи Павлов»-ро қисмат то рӯзи шодиву нишоти иди Зафар бурд. Бархе аз онҳо дар ҳамон ҷангҳои шадиди кучагӣ дар шаҳр, дар охири моҳи ноябр ҷоми шаҳодатро нӯшиданд. Ҳамчунин дар бораи генерал Родимсев ва ҷанговарони дивизияи машҳур ӯ, ки номи худро дар таърихи мудфиаи Сталинград бо ҳуруфоти тиллоӣ заркӯбӣ кардаанд бояд махсус қайд намоем.

Дар вақташ лейтенанти калон Родимсев зери тахаллуси «капитан Павлито» бебокона, боҷуръату моҳирона дар Испания ҷангида буд. Барои ин корнамоӣ мавсуф бо ду ордени Байрақи Сурхи Ҷангӣ қадршиносӣ ва дар моҳи сентябри соли 1937 бошад ба эшон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ барои «ба таври намунавӣ иҷро намудани супориши ҳукуматӣ» арзонӣ дода шуда буд. Ҳамаи ин гуфтаҳо шоҳиди он ҳастанд, ки таҷрибаи ҷангии Родимсев то омаданаш ба соҳили Волга чун ходими баландпояи ҳарбии касбӣ ба худ баҳо надошт.

Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии командири худ, дивизияи 13-уми гвардиягӣ, ки аз 10 ҳазор нафар ҷанговарони ба таври аъло тайёр ва нағз мусаллаҳ гаштаю бебоки собиқ корпуси 3-юми десантӣ-ҳавоӣ , ки аз ҷузъе томҳои баргузидаи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР намояндагӣ мекарданд ташкил ёфта буд. Дар вазъияти бӯҳронии ҷанг барои Сталинград, онҳоро ба тарафи соҳили рости Волга,дар яке аз рӯзҳои сентябри соли 1942 аз дарё гузаронида буданд.

Вазъият барои қушунҳои шӯравии мудофиъакунанда он қадар бад, буд, ки фармондеҳи артиши 6-ум фелдмаршал Паульюс ба фюрер оиди ишғоли шаҳр ахборот дода буд.Зеро то соҳили Волга ҳамагӣ 200-300 метр боқӣ монда буду сахт боварӣ доштанд, ки шаҳрро ишғол хоҳанд кард.

Дар гумон буд, ки дивизияи дигари муқаррарӣ дар чунин вазъияти баамаломада дар майдони ҷанг, зери оташи пурзӯри фашистон чизеро дигар мекард. Аммо десантчиёни Родимсев на бо шумора, балки бо бебокию нотарсии хеш дар набард қарор доштанд.Ин амалро ба зудӣ қушунҳои якачини вермахт, ки ба хотири мукофоту шӯҳрат ба Волга рӯҷӯ мекарданд ҳис намудаанд. Бо таассуроти ҳайратоваре «ишғолгарони ҷаҳон» дар ботини худ ба чи қодир будани қувва нав омадаи русиро дар набарди рӯзи якум, ки онҳоро чандсад метр аз соҳили дарёи бузурги рус қафо партофтанд зуд ҳис намуданд.

Бо суханпардозӣ оиди қаҳрамонӣ ва ҷанг карда тавонистани сарбозони Родимсев дар муқобили ҳарифи чанд маротиба аз онҳо дар шумора ва техникаи ҳарбӣ зиёдар, худи рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд. Онҳо чунинанд, ки давоми ҷанг дар Сталинград дивизияи 13-уми гвардиягӣ 15 ҳазор гитлерчиёнро несту нобуд намуда, беш аз 100 танкро зада аз кор бароварда, чанд ҳазор нафар сарбозони немисро асир гирифт.Ҳамагӣ бошад нисфи сарбозони худро дивизия талаф дод.Барои ибрози ҳақиқати ҳоли ҳимоягарони Сталинград ба хотири объективият ва адолат, бояд ҳамон чизи ҳақиқиро, ки ҷанговарони дивизия анҷом додаанд иброз намоем.

Инҷо суханҳои маршал Василий Чуйковро, ки амалиятҳои ҷангии дивизияи 13-уми гвардиягиро хело баҳои баланд додааст меоварам:

«Бо як истодагарии беинтиҳо меҷангиданд. Рӯи рост мегӯям, агар дивизияи Родимсев намешуд шаҳр пурра ба дасти фашистон дар моҳи сентябр меафтид».

Бо дигар тарз агар гӯем, дар он рӯзҳо қисмати на танҳо Сталинград, балки гуфтан мумкин аст, қисмати СССР ва кишварҳои зиёди олам дар мӯе овезон буд. Бояд гуфт, ки ишғоли Сталинград шарти ногузири пешгузоштаи Ҷопони миллитарстӣ ва ҳамсояи мо Туркияи моил ба фашизм барои дохил шудани онҳо ба ҷанг дар муқобили кишвари мо буд. Дар чунин ҳолат оё мо ҷангро дар се фронт метавонистем бардошт кунем!? Бо як сухан иброз медорам-ё ҷавоби онро то ҳол ягон таҳлилгарӣ ҳарбӣ надодааст.

2.Дар байни ҷанги бемислу монанд

Бе ягон назарбозӣ, 17 сол баъди ҷанг касе дар бораи таваллуди тифлаке дар байни оташи дӯзах ёде накард.Ба фикрам воқеъаи хело аҷиби таваллуди ин тифлак дар дохили оташи ҷанг зери ҳафт мӯҳр барои ҷомеъаи шаҳри Сталинград, СССР ва ҷаҳон пинҳон мемонд, агар яке аз мудофиакунандагони хонаи Павлов дар ҷустуҷӯи ӯ гом намениҳод.

Инҷо дар бораи лейтенант Иван Афанасев, ки взводи ӯ барои пурқувват кардани гуруҳи ҳуҷумгар-кашшофи сержант Яков Павлов, ки бо чор сарбоз тавонист нуқтаи муҳими такягоҳиро дар марзи нейтралӣ ишгол ва 3 шабонарӯз онро аз фишори фашистон ҳифз намояд сухан хоҳад рафт.

Ахиран Иван Филиппович Афанасев дар ҷангҳо биноияшро пурра аз даст медиҳад ва баъди ҷанг ба шаҳри Сталинград баргашта, дар ҷамъияти нобиноён ба кор шурӯъ менамояд.Мавсуф муддати дуру дароз кӯшиш кард, ки занеро, ки дар хонае, ки онҳо қариб 2 моҳ онро муҳофизат ва якчанд маротиба ҳуҷумҳои танкии фашистонро гардонида будаанд бо тифл таваллуд намудаааш кофта ёбад.Инҷо Афанасев бо як амри тасодуф ва ба воситаи писари биноӣ худ тавонист, занеро, ки он замон дар хонаи ба ном Павлов духтарча таваллуду акнун вай хело калон гаштаву дар кӯчаи маркази шаҳр, дар бинои 9 ошёнаи калон, дар Гулгашт Қаҳрамонон мезистанд пайдо намояд. Ҳамчунин баъди оне, ки нобиғаи маҳаллии илми офталмалогия, мудири кафедраи бемориҳои чашми Донишкадаи тибби Сталинград Андрей Михайлович Водовозов қисман ба андозаи 30 фоиз биноии чашмони командири гарнизони хонаи машҳурро барқарор кард, дар вохурӣ бо ҳамполкон Зинаро низ мебурдагӣ шуд.Ба ҳамаи эътирозҳои духтарак: «Ба ман, ки таваҷчӯҳ дорад Иван Филлипович?» Чунин ҷавоби кутоҳи фронтӣ медод:

- Не, Зинаҷон, ҳоло, ки ман зинда ҳастам ҳамроҳи ман ба ҳама ҷой меравӣ.Бин қисмати мо бо ҳам сарбаста шудааст....

Баъди чанде дар бораи Селезнёваи хурди васоити ахбори маҳаллӣ мақола чоп кард.Духтарак дар ин муддат мактаби миёна, техникуми мошинсозиро хатм намуда, давр корхонаи тракторбарории шаҳри Сталинград, ки ончо модараш солҳои зиёде кор карда буд ба кор даромад.

Соли 1967 шаҳрро ба номи Волгоград иваз намуданд ва беҳтарин «комсомолдухтар, фаъолдухтар, варзишгарбону ва ҳамту зебояк», ки он вақт хати зебое дошт, кумитаи заводии комсомол ба ниҳоди ноҳияи Марказии ВЛКСМ-и шаҳрӣ барои додани билетҳои нави комсомолӣ фиристонд.Инсондӯстӣ ва истеъдоди ташкилотчигии ин духтаракро роҳбарияти комсомол қадр карда, Зинаро ба вазифаи мудири бахши баҳсобгирии кумитаи ноҳиявии комсомол пешниҳод намуданд.Мавсуф розӣ шуд.Маҳз дар ҳамин давра мухбирони маҷаллаи маъруфи «Ҷаҳони Озодӣ»-и Ҷумҳурии Демократии Олмон ба Волгоград омада, ногаҳон ба назди ӯ ташриф оварданд. Чанд шабонарӯз бо ӯ сӯҳбат намуда, дар лаҳзаҳои гуногун Зинаро ва шахсони дар қайди ҳаёт будаи муҳофизони хонаи Павлов, ҷойҳои диққатчалбкунандаи ин “шаҳри қаҳрамони соҳили ҷанг”-ро аксбардорӣ намуданд.Дар натиҷаи меҳнати пурсамари шабонарӯзии ҳайати эҷодии Ҷумҳурии Олмони демократӣ як мақолаи калоне, ки нисфи саҳифаи маҷалларо ташкил медод бо муссавараҳо ва аксҳои зебои гирифтаашон дар бораи сарнавишти духтаки рус бо номи «Тифлак дар оғуши оташ», ки дар онҷо оиди тавлиди духтараки рус ба дунёи равшан дар “қалъае дар маркази Сталинград” дар ҶДГ накл мекард ба нашр расид.Мегӯянд, ки маводи чопгашта дар Олмони Шарқӣ аз чониби хонандагон бисёр хуш қабул гаштааст.Шахсан роҳбари ҶДГ Эррик Хоннекёр мухбири суратгир ва муаллифи мақоларо қабул намуда, ба онҳо барои эҷоди ин мақолаи хуби моҳияти зиддиҷангӣ дошта ташккур гуфтааст.

Оиди ин ин ҳолати кор баъдан дар Иттиҳоди Шуравӣ дар бораи сарнавишти ғайриоддии Зинаида Селезнёва маводҳо ба нашр мерасанд. Азчумла дар маҷалаи «Кругазор»- нашрияи он замон шӯҳратёри шӯравӣ Юрий Визбор дар ҳаммуаллифи бо як нафар рӯзноманигор очеркеро дар бораи мардонагӣ ва истодагарии десантчиёни лейтенант Афанасев ҳангомии мудофиаи хонаи Павлов чоп намуд.Дар он дар бораи тифли синамак бо номи Зинаҷон, ки бо ҳастии худ ба ҷанговарон барои то дами марг мубориза бурдан рӯҳ бахшида буд ишора намуда буд.

Ҳар чи ҳам бошад, ба ҳар ҳол ин тифлаки қаҳрамонро аз ҳама зиёдтар достони «Сурӯши Сталинград»-и шоири тоҷик Мӯъмин Қаноат, ки дар тарҷума аз тарафи Роберт Рождественский дар нашрияи «Юность» бо тиражи калон (3 миллион нусха- шарҳи Варқаи Зайниддин) ба табъ расиду ба муаллифи ин достони маъруф Мукофоти Давлатии СССР-ро арзонӣ дода буд, дар ҳамаи ҷои хоки СССР ва ҷаҳон машҳур кард.

Дар яке аз бобҳои достон , аз забони ҷанговари тоҷик Аҳмад Турдиев (тимсоли ҳимоягари воқеъии хонаи Павлов-ҷанговари зиреҳшикани точик Мабулат Турдиев) суханони самимона ва муассир дар бораи тавллуди тифлаке дар байни оташи дӯзах бо номи Зина, ки ба шарофати ҳамин тифлак сарбозони муҳофиз истодагарӣ карда тавонистанд оварда шудааст:

Сафи тайёраҳо бори бало бар дӯш меоянд,

Зи таҳхона нидои зиндагӣ бар гӯш меояд,

Садои тифли навзод ончунон пурҷӯш меояд,

Ки аз фарёди ӯ тайёраҳо хомӯш меояд.

......

Миёни ҷангҳо аз ёд бурдам меҳрубониро,

Шудам устод дарси ҷонфишонӣ, ҷонситониро,

Ба ман овард тифл бӯи зиндагониро,

Ҷавониро, ҷавониро......

Заминро хандарӯ аз гиряи тифлона мебинам.

Зи рӯи дустонам хандаи тифлона мечинам,

Ва ободии фардоро дар ин вайрона мебинам,

Заминро ташналаб аз васли обу дона мебинам.

........

Дар инҷо бист ёронем, ба як паёмону имонем,

Замин гаҳвораи тифл асту мо гаҳвораҷунбонем,

Гаҳе бо шеър,гаҳ бо тир ӯро алла мехонем,

Наафтад то ки як мӯяш , сари як мӯй ларзонем.

.......

Ҷаҳони додхоҳу додвар бо мост ҳамхона,

Агар ин хона афтад, мешавад сад хона вайрона,

Туро ,эй тифли фарзона,

Ба мисли чони ин хона

Намоям ҳифз бо дастону бо дастури мардона!

Бояд гуфт, ки чопи ин достон, давоми мантиқии худро дошт ва он боиси машҳур гаштани яке аз қаҳрамонзанони он , яъне тифлаки дирӯза Зина гашт. Сухан дар бораи он меравад, ки соли 1975 Телевизиони марказии СССР ба барномаи «Оташи кабуд» (Голубой Огонёк) Зинаида Селезнёваро, ки он давра факултаи «на он қадар занона»-и асбобҳои металбурии Донишкадаи политехникии Волгоградро хатм кард буд даъват намуд. Ана дар ҳамин барномаи он давра хело маъруфи шуравӣ, ки даҳҳо миллион тамошобин дошт, бонуи хело ҷавони волгоградӣ бо шоири тоҷик Қаноат, ки тавонист бо сатрҳои шеърӣ ба таври муаассир ва даққиқ иштироки ногаҳонии ӯро дар набарди фидокоронаи ҳимоягарони Сталинград тариқи назм таҷассум кунад бо ҳам шинос гаштанд.

«Хешовандӣ дар пояи таваллуди «размӣ»

Вохӯрии ғайриоддии онҳоро ба ягон шарту ӯҳдадорӣ водорнакунандаи зери нишони камераҳои телевизионӣ суратгирифта, баъдан ба дӯстӣ рафта расид.Ба шарофати он достон, ки аз тарафи муҳаққиқон таҳти навозишу меҳрубонии фавқулъодда қарор гирифт, муаллифи он гоҳ-гоҳе ба Волгоград ба меҳмонӣ мерафт. Баъдан якуним даҳсола дар ким-куҷое нопадид гашт.

Аз ҳамон давра ба Зинаида Петровна, ки баъди 20 соли хизмат дар Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Федеарсияи Руссия дар вилояти Волгоград то рутбаи капитанӣ расид, ягон хабаре дар бораи шоир наомад.

Маротибаи навбатӣ дӯстони кӯҳна, бо гузашти солҳои зиёд, аниқтараш соли 2003 вохӯрданд, ки он вақт шоири дар тамоми ҷаҳон машҳури тоҷик Мӯъмин Қаноат ба шаҳри Волгоград ба ҷашни 60 солагии ғалабаи халқи Шӯравӣ дар набарди Сталинград ташриф оварда буд.Онҷо, дар толори клуби дӯстии башарӣ, роҳбари он Оля Безбородова, ин ду нафар шахсиятҳои наҷибро даъват карда, оиди вохӯрияшон бошад пешакӣ ба онҳо чизе нагуфта буд.

Бояд қайд кард, ки ин даъфа меҳмони машҳур, тоҷики босалобату чеҳраи аврупоӣ дошта, ки 70 солагияшро ЮНЕСКО дар бисёре аз кишварҳои олам ҷашн гирифта буд, бо як ҷозибаи нотакрори нутқи муаллифи достон, ба аъзоёни клуби башардӯстӣ сатрҳои достони худ «Сурӯши Сталинград» -ро қироат намуд (муаллифи макола ҳамин гуна навиштааст ва дарҳақиқат шӯҳрати устод Қаноат хосатан дар кишвари Рус афсонавист ва мардуми ин кишвар шояд камтар медонистанд, ки кишвари мо тоза аз ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ баромадаву дар вазъи хело фақиронаи баъди ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ қарор доштему барои баропо намудану гузаронидакни чунин ҷашнҳо шароите низ он замон надоштем ва барои ин ҳиммату гумони хубашон ба ҳар ҳол ташаккур зиёдро ба ин дӯстони азиз арзонӣ медорем- шарҳи Варқаи Зайниддин).

Баъди он эшон ва дигар аъзоёни клуби дустии башариро тӯҳфаи ғайриоддии тайёрнамудаи Олга Безобразова интизор буд. Мавсуф ба иштирокчиёни вохӯрӣ, зери кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон «тифлакеро, ки ҷанговарон байни пардаи ғафси аҷал, алла мегуфтанд дар шахсияти раиси ивазнашавандаи ташкилоти ҷамъиятии «Бачаҳои Сталингради ҳарбӣ» -и ноҳияи Марказии шаҳри Волгорад Зинаида Селезнёва ( аз рӯи насаби шавҳараш Андреева) пешвоз гирифтанд.

Вохӯрии шиносҳои кӯҳна бисёр таъсибахш, ғайриоддӣ ва ногаҳон барои ҳарду тараф сурат гирифт.Зинаида Селезнёва ва Мӯъмин Қаноат ҳару ҳамдигарро ҳамчун хешу табори наздик ба оғӯш гирифта бӯсиданд.

- Чаро Шумо солҳои охир ба номаҳои ман ҷавоб намедодед Мӯъмин?

- Бо сарзаниши сари забон пурсид бонуи волгорадӣ.

-Шумо медонед дар кишвари мо ҷанги на он қадар калоне мерафт ва почта дар як вазъияти мушкиле кор мекард ва он ҳам агар кор мекард, ба таври дипломатӣ ҷавоб гардонид Мӯъмин.(Шоир инҷо ҷанги ҷиддии байни тоҷикону туркҳои месхетии барои бисёриҳо ногаҳон рухдодаро дар ин ҷумҳурии орому осудаи офтобӣ дарназар дошт(муаллифи мақола инҷо иштибоҳан низоъи дохилии Ҷумҳурии Ӯзбакистонро, ки дар водии Фарғона бар зидди туркони месхетӣ соли 1989 сар зада буд, бо ҷанги бемаънии таҳмилии дар кишвари орому осудатарини собиқ Шӯравӣ, Точикистон сарзадаи байни солҳои 1992-1997 омезиш додааст, гарчанде устод Мӯъмин Қаноат дар ҳақиқат чун намояндаи маъруфи миллати бузурги тоҷик ва вориси Ҳаким Фирдавсӣ ин ҷанги даҳшатнокро ба хотири шояд коста нагаштани обрӯи миллати худ як «ҷанги на он қадар калоне номидааст» шарҳи Варқаи Зайниддин).

- Холо дар кишвари мо сулҳу оромӣ барқарор аст.Ман ваъда медиҳам, ки дигар шуморо аз мадди назарам дур нахоҳам сохт…..

Изҳор медорам ки зиндагӣ ба шиноси нави ман бисёр дустони аслӣ ва вохӯриҳои наҷиберо илқо намудааст.

Масалан, вохӯрӣ бо ҳамон тарҷумони достони «Сурӯши Сталинград» Роберт Рождественский, ки онро ба забони русӣ тарҷума намудаааст. Вохӯрӣ бо командири дивизияи машҳур 13-уми гвардиягӣ Родимсев, ки ҷанговарони вай хонаи Павловро ҳимоя намуда буданду бо онҳо Зинаида пайваста вомехӯрд.

Зинаида Селезнёва ҳатто тавонист ба ватани хурди «генерали шуҷоъ», ки ин ин лашкаркаши машҳурро ҳамаи онҳое, ки ҳамроҳаш дар Испания, Сталинград, муҳорибаи камонаки Курск, озодкуниии Украина, Полша, убури дарёи Одра ва гирифтани Дрезден ва Прага иштирок доштанд чунин тахаллус дода буданд, сафар кунад.Маълум мешавад, ки дар замони наврасияш генерал он чизеро дидааст,ки чунин ҳодисаро бо чашми сар дидан умуман мумкин ва билкул зарур нест.

Дар деҳаи Шарлики Оренбург казакҳои дутовӣ ( Атаман Александр Илич Дутов -лашкаркаши ҳаракати сафедгвардиячиён дар замони ҷанги гражданӣ дар солҳои 1918-1921- шарҳи Варқаи Зайниддин) дар пеши назари тамоми аҳолии деҳа падарашро бо тозиёна кӯфта ба ҳалокат расонидаанд. Саша Родимсев ба ҷои падараш хӯронандаи хонадонашон гашта, дар назди мӯзадӯз шогирдӣ мекардааст.Ҳоло дар деҳа пайкараи лашкаркаши машҳур, ки ватанро дӯст медошт ва ҳамдиёрони худро бо размҳои рустамонаи худ маъруф намудааст гузошта шудааст.

Акнун гуфтори хоса оиди шиносоӣ бо «духтари ду маротиба таваллудгашта» дар хонаи Пвлов бо директори Осорхонаи меъмориалии сулҳ дар шаҳри Херосимаи Ҷопон Минору Хитогучи, ки ҳамон рӯзу соати аз тарафи ИМА дар шаҳри Херосима партоб кардании бомбаҳои атомӣ таваллуд гаштааст хоҳад рафт. Истиқоматкунандаи кишвари Тулӯъи Офтоб (яъне Ҷопон- шарҳи Варқаи Зайниддин) бо ворид гаштанаш ба Волгоград қарзи ахлоқии худ медонистааст, ки бо хоҳари ҳамқисмати сталинградии худ аз рӯи «таваллуди ҷангӣ» вохӯрад.

Бинед, писарчаи ҷопонӣ ва духтарчаи рус аз Сталинград баъди таваллуд гаштанашон чи гуна як замони вазнин ва дӯзахиеро аз сар гузарониданд.Барои асрҳо ин аъмоли ғайриинсонии пурҳайбати қисмат онҳоро ба ҳам овард. Бе ҳикмат низ нест, ки вохӯриии роҳбари созмони ҷамъиятии «Бачагони Сталингради ҳарбӣ» Зинаида Селезнёва ва ҷопонии «нигоҳдорандаи таърих» -и давраи пурдаҳшати ватани худ Минору Хитогучи аз осорхона-панорамаи давлатии «Муҳорибаи Сталинград» , ки дар наздикиии мавзеъи таърихии фурудоии дивизияи 13-уми гвардиягии тирандозиии генерал Родимсев ҳангоми убури Волга сентябри соли 1942 зери тӯфони оташи душман сурат гирифтаву ҷойгир аст ба вуқӯъ пайваст. Дар инҷо меҳмони ҷопонӣ бо намоишу тасвироти бисёр муаззами ба муҳорибаи тафсону бераҳмонаи мудофиаи Сталинград бахшидашуда. ки бо доираи ҳаҷми набарди худ на танҳо тамоми ҷангҳои оламро пеш гузаштааст, балки тамоми адабиёту кинонаворҳои дигарро бо ҳайбати худ қафо партофтааст шинос карда шуд.

Махсусан кормандони осорхона кӯшиш намуданд, ки ба ҳамкасби он сӯи баҳри худ, дар бораи Сталингради он замон «Херосимаи худ»-ро дошта қисса кунанд.Санаи 23-юми августи соли 1942 шаҳр зери бомбаандозии ваҳшиёнаи флоти ҳавоии Лютваффе, ки пайваста бо андохтани бомбаҳои вазнини тарканда ва оташин шарҳро ба замин яксон мекарданд нишон диҳанд. Вақто, ки лавозимоти ҷангии фашистони падарқусур ба итмом расид, онҳо ин аъмолро аз аэродромҳо оғоз намудаву боз ва боз ба болои хонаҳои истиқоматӣ бомбаҳоро партоб мекарданд. Он замон ҳавопаймоҳои бомбандози немисҳо бештар аз 2000 ҳазор парвози ҷангиро анҷом дода , шаҳри гулзорро ба ба як тӯдаахлоти тасаввурнашавандаи вайронаю пурдуд ва биноҳои нимвайрона табдил доданд. Сутунҳои азими шӯълаи оташ ба осмон аз марзи нигаҳдории нафт боло мешуданд ва аз онҷо баҳри оташин бо дуди талху сӯзон поён мефуромад.

Мавҷи сӯзони маводҳои нефтӣ ба сӯи Волга майл мекарданд.Болои дарё месӯхт, киштиҳои дарёгард лангарҳои сталинградӣ месӯхтанд.Дар натиҷаи чунин парвозҳои ҳавоӣ дар он рӯз дар шаҳр, тибқи сарчашмаҳои нави таърихии тадқиқотӣ 71 ҳазор нафар шаҳрвандон ҳалок гашта , қариб 142 ҳазор нафари дигар ярадору зарари чисмонӣ гирифта маслуқ ва контузия шуданд.Қайд менамоям, ки дар шаҳри Херосимаи Ҷопон дар рӯзи якуми бомбандозӣ 90 ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расида буд.

Бояд гуфт ки Минору Хитогучи вақти зиёде зери таъсири амиқи боздид аз осорхона-панорама монда буд.Ин вазъият ба ӯ халал нарасонид, ки дар саҳни теплоходи махсус аз тарафи маъмурияти Шаҳри Қаҳрамон барои гардиши ӯ ҷудогашта дар дарёи Волга бо хоҳари сталинградии худ дар мукотиба бошад.

Дар тамоми ин давра тарҷумони москвагӣ ва тарҷумони маҳаллӣ бе кор намонданд. Ҳамсӯҳбатонро зарур буд, ки ба ҳамдигар рози дили зиёде кунанд ва аз ҳама асосаш донанд ва фаҳманд, ки ҳар кадоми онҳо чи кор кунанд, ки кӯдакони имрӯза дар кишварҳои худ ягон бори дигар он ҳаводисеро, ки онҳо аз сар гузаронидан бо чашми сар набинанд.

Бояд гуфт, ки «тарҷумаи ҳоли ҳарбӣ»-и Зинаида Селезнёва як вақт ӯро ҳатто ба хизмати синамо бурд. Бале ман дар ин хусус нагуфтаам. Кинометаграфистони узбак, дар бораи ҳимоягари ӯзбекистонии хонаи Павлов, Камолҷон Турғунов, ки 16 фарзанд ва 28 набера дошт филм ба навор мегирифтанд.Он вақт ӯро низ таклиф намуданд, ки дар наворгирии филм дар бораи ҷанговари диловари зиреҳшикан, ки баъди Сталинград то Харкову баъдан Магдебург рафта буд иштирок намояд (хуш ба ҳоли бародарони ӯзабак, ки филм меофариданд, оё мо наметавонистем дар бораи машҳуртарин қаҳрамонони достони «Сурӯши Сталинград» Турдиеви зиреҳшикан ва Роибаи суғдӣ филм эҷод кунем он давра? - шарҳи Варқаи Зайниддин).Зеро бо ин марди ӯзбеки солдидаи оддӣ ва некхоҳ, ки ӯро чун духтараш медонист дар мукотиба ва номанависӣ қарор дошт.

Агарчанде ки навиштаҳояш на он қадар ба қоидаҳои имлои забони русӣ мувофиқ ҳам бошанд ҳам, вале ба қалбаш наздик буданд: «Духтараки соҳибэҳтироми ман Заширохон (бо тарзи узбакӣ), салом. Хонадонатон, домод Юра, духтарчаат Маринаҷон ва набераам Катюша чи хеланд?» Умуман баъдан бо даъвати кинометографистон Зинаида Петровна ба деҳаи «падари ӯзбак»-и худ ба наздикии Намангон, ки онҷо Комилҷон зиндагонӣ ва ба ҳайси тракторчӣ кор мекард рафтааст.

Беихтиёр ба чашми кас меафтид, ки қаҳрамони ҷанг, ба таври оддӣ, агар фақирона гуфтан нашавад бо завчааш Машрабҷон ва оилаи калонаш дар кулбаи нобоб , бо фарши заминӣ мезист. Дар болои кӯрпаи ким чи хел рангин нишаста тановул мекарданд. Ба меҳмонон нони гарм ва дар пиёла равғани шафофи ба асал монанд медоданд. Дар бораи ҷой додани меҳмонон дар кулбаи танги Турғунов аз сабаби норасоии ҷой ҳоҷҷати сухан низ нест. Аз ин рӯ баъдан меҳмононро дар истироҳатгоҳи шахсию зебо ва фаррохи директори заводи меваҳои хушк, ки дар зери қолинҳои қимматбаҳо ғутавр буд ҷой карданд. Ба ин бинои шахсии роҳбари корхона, дабдабаи махсусро ҳавзи назди ҳавлӣ медод. Онҷо наворгирони филм бо тӯрхалта моҳиҳои маъқулашонро медоштанд. Чи тавре мегӯянд фарқиятро дар доштани сармоя байни ду оилаи ӯзбек, ки аз ҳам на он қадар дур зиндагӣ мекарданд эҳсос кунед! Дар омади гап Камолҷон Турғунов ҳеҷ вақт барои мушкилии моддӣ ба ҳеҷ кас шикоят намекард ва аз зиндагиии фронтии худ низ чизе пеш намеовард ва ба ҳамон камаш қаноат мекард.

Зарур ҳаст, ки инҷо ба табиати хоксорона охирин ҳимоягари хонаи Павлов (Камолҷон Турғуновдар синни 94 солагӣ, соли 2015 вафтидааст), ки ана ҳамин хислат ба рафиқи мушфиқи ӯ аз Шаҳри Қаҳрамон Зинаида Селезнёва, ки солҳои дароз бо ҳам номанависӣ мекарданд ва чанд маротиба ба назди онҳо ба меҳмонӣ омад хос аст диққат дод.

Собиқ корманди Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Федерасияи Россия дар вилояти Волгорад,ки бо рутбаи капитани ба нафақа баромадааст ин дӯстиро, ки аз соли пуҳайбати 1942 сарчашма мегирад азиз медорад.Ба воситаи тамоми умри худ хотираи ҳимоягарони хонаи Павловро пос медорад, ки маҳз ба шарофати онҳо ин навзоди аз ҳама маъруфи набарди фавқулъодда ба дунё омад.

Бо самият ва қалб ҳангоми вохӯрӣ дар бораи онҳо бо дӯстони наврас-мактабачагони ноҳияи Марказии шаҳрии Волгоград ҳикоя мекунад.

Бояд гуфт, ки дӯстии мустаҳкамро Зинаида Петровна бо духтари командири дивизияи 13-ум Наталя Александровна Матюхина (бо насабаи шавҳараш) нигоҳ дошта, китоби тӯҳфанамудаи ӯро бо номи «Падари ман- генерал Родимсев» бо соядасташ нигоҳ медорад.

Бешубҳа ин эҷоди ҳуҷҷатӣ -адабӣ ҳамчунин дар бораи корнамоии бештар аз 20 нафар ҷанговари дивизия, ки 58 шабонарӯз хонаи Павлов ва тифлаки « девори оташ» -и худ Зинаро муҳифозат намудаанд низ ҳикоят мекунад.

1.Вайрмахт- қувваҳои мусаллаҳои Оломони фашитстӣ дар солҳои 1936-1945 (шарҳи тарҷумон)

2.Люфтваффе- қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Олмони фашистӣ(шарҳи тарҷумон)

В.И.Журавлёв, адиб ва рӯзноманигор, Ходими хизматнишрондодаи фарҳанги Федератсияи Русия,шаҳри Воронеж,маҷаллаи ҳармоҳаи адабии «Подём», шаҳри Воронеж, июни соли 2020.

Аз русӣ тарҷумаи Варқаи Зайниддин

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ