10:30:44 01-уми Июни 2025 сол

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….

Ҳамватанони гиромӣ, дӯстони азиз, бародарону хоҳарон!

Иди саиди Фитрро барои ҳар яки Шумо ва аҳли хонаводаатон табрику муборакбод гуфта аз Парвардигори Таборак ва Таъоло таманнои онро дорем, ки рӯзаву тоату ибодати моҳи шарифи Рамазони мову Шуморо мақбули даргоҳи Илоҳӣ намуда гуноҳони моро бо лутфу карамаш мағфират карда бошад.

Худованди бузург ба ҳурмати моҳи шариф Рамазон, хатми Қуръону тиловати оёти каломи Раббонӣ арвоҳи ҷамиъи гузаштагонро аз мо шод ва хонаи охираташонро обод кунад, сулҳу суботро дар Ватани азизи мо пойдору бардавом ҳифз намуда, мардуми азияткашидаи моро дар паноҳи исмати худ аз балоҳои заминиву осмонӣ ҳамеша нигаҳбон бошад.

Оҷизона пеши Худованди бузург даст ба дуъо мебардорем, ки мусалмонони дунё, новобаста аз мазҳабу ақидаи хеш ҳама бо ҳам дӯсту бародар бошанд, мухолифатро канор бигузоранду алорағми бадхоҳони дини мубини ислому мусалмонон ҳама аз як гиребони хилъати муқаддасе, ки ӯро ВАҲДАТ гӯянд, сар бурун кунанд ва ба риштаи Илоҳӣ чанг бизананду пароканда мабошанд. Илоҳо, моро бо сари баланду тани сиҳату хотири ҷамъ боз ба Рамазони дигар хушу хурсанд бирасон! Омин ё Раббалъоламин!

Илоҳо, чунон кун Ту поёни кор,

Ки Ту шод бошиву мо растагор.

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854