Дар Москва вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид
17 апрел дар шаҳри Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд.
Тавре ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишаст роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории шашҷонибаро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба раванди татбиқи мувофиқаҳои аз натиҷаи саммити дуюми сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» дар шаҳри Душанбе ҳосилшуда зоҳир гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин зарурати гузариш ба иқтисодиёти «сабз»-ро таъкид намуда, барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, ташаккули «кластерҳои сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим даъват ба амал овард.
Бо назардошти нақши фаъоли Тоҷикистон дар дипломатияи ҷаҳонии обу иқлим Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин пешниҳод кард, ки барои табодули технологияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам дар доираи рӯзномаи экологӣ платформаи махсус таъсис гардад.
АМИТ «Ховар»
















