13:42:50 24-уми Апрели 2026 сол

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд

Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши инфрасохтори рақамӣ зимни вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафир – Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарски Радослав баррасӣ гардиданд.

3 tjk europa 1232565412Зимни вохӯрӣ ҳамзамон таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди амалисозии лоиҳаҳое равона гардид, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Аз ҷумла, фаъолияти лоиҳаҳои амалишуда, ба монанди «C4CA» ва «CIVIT Registry» мавриди арзёбии баланд қарор дода шуд. Иброз гардид, ки ин ташаббусҳо дар рушди инфрасохтори рақамӣ ва низоми захираҳои иттилоотии давлатӣ саҳми назаррас гузошта, барои такмили идоракунии давлатӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

Ҷонибҳо раванди омодасозии санади ҳамкорӣ бо e-Governance Academy-ро баррасӣ намуда, иброз доштданд, ки баимзорасии ин санад имконият фароҳам меорад, то таҷриба ва дониши пешрафтаи аврупоӣ дар самти ҳукумати электронӣ ба таври назаррас ҷалб гардад.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ибрози омодагӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ