15:29:03 20-уми Июли 2025 сол

Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!

Ҳикоят мекунанд, ки дар як деҳаи дурдаст марди солхӯрдае ба сар мебурд. Ӯ аз бадбахтарин мардумони деҳа маҳсуб меёфт. То ҳадде, ки ҳамдеҳагон аз ҳамеша руҳафтодаву маъюс буданаш хаста шуда буданд. Пирамард мудом шиква мекард. Рӯзе набуд, ки ӯро бо чеҳраи хандону руҳи болида бубинанд...

3 starik 326512121Баробари боло рафтани синаш бадандешиву бадгумониаш кам намешуд. Аз ин рӯ, ҳамсояҳо кӯшиш мекарданд, ки ба қадри имкон аз ӯ дур бошанд то нигоҳи неку орзуҳояшон ба бадендешӣ сироят наёбад. Зеро дар атрофи ӯ ҳамеша шикоят аз дунё ва нигоҳи баде ба зиндагӣ буд...

Рӯзе, ки ӯ ба синни 80 расид, дар кӯчаҳои деҳа овозае паҳн шуд: “Мӯйсафед имрӯз хушбахт гаштааст. Аз чизе шикоят надорад ва дар лабонаш табассуму чеҳракушод аст”.

Ин хабар мардуми деҳаро ба ҳайрат овард ва ҳама назди ҳавлии пирамард ҷамъ омаданд то бидонанд, ки чӣ шуда то муйсафед танҳо дар аввалин рӯзи 80-солагиаш некбин шудаву ба зиндагӣ дили гарм дорад?

“Чизи муҳимме нест” – гуфта, пирамард афзуд: “80 сол аз умрам гузашт ва ман онро дар ҷустуҷӯи хушбахтиву комёбӣ беҳуда сарф кардам. Шодии ман аз он аст, ки қарор додам, то ин ҳардуро раҳо кунам, осуда бизиям ва аз ҳаёту зиндагиям лаззат барам...”

Ҳикмат: дунболи хушбахтӣ надавед, бар ивазаш аз зиндагии доштаатон лаззат баред, ҳамоно хушбахт мемонед. Хушбахтии дигарон далели бадбахтии шумо нест!

Аз арабӣ тарҷумаи Ш.Суҳайл