00:16:49 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма”, ки аз сӯи Маҷлиси намоядагон бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда буд, рад кард.

qonuni matbuot 54985545555Муаллифони тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” ду қонуни қаблии соҳаи рӯзноманигорӣ: Қонунҳои ҶТ “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма”-ро якҷо карда буданд. Ҳарчанд гуфта мешуд, ин қонун дар асоси таҷрибаи пешрафта ва хулосаҳои коршиносони байналмилалӣ омода шудааст ва кори расонаҳоро дар кишвар дуруст танзим хоҳад кард, аммо дар қарори ҳукумат омадааст, ки “он дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳимми соҳа таҳия гардидааст”.

Дар қарори ҳукумат якчанд сабабе, ки боиси напазируфтани лоиҳаи қонуни нави матбуот гардидааст, оварда шудааст. Ба гуфтаи мақомот, лоиҳаи қонуни нав мавзуи танзими расонаҳоро пурра дар бар нагирифтааст. Ҳукумат хостааст, бояд ҳар як намуди расона (телевизион, радио, матбуот ва оҷонсиҳо) дар алоҳидагӣ дар қонун танзим шавад.

“Аз ҷумла ҳангоми таҳия таҷрибаи дар амал татбиқгардидаи мақомоти давлатӣ дар самти танзими давлатии воситаҳои ахбори омма ба пуррагӣ истифода нагардида, вобаста ба ҳар як намуди воситаи ахбори омма, ки шакли фаъолияташон фарқ мекунанд, мебояд боби алоҳида бахшида шуда, дар он тарзи ташкил, лаҳзаи оғози фаъолият, зери танзими давлатӣ қарор гирифтан, кадом ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва иҷозатдиҳӣ доштан ва дигар масъалаҳо пешбинӣ карда шавад”, - омадааст дар қарори Ҳукумат.

Сабаби дигаре, ки ҳукумат барои рад кардани лоиҳаи нави қонуни матбуот зикр кардааст, марбути расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи мақомот, дар лоиҳа мавзуи воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Тоҷикистон пурра ҳаллу фасл гардидааст, аммо бояд ба масъалаҳои соҳибистиқлолӣ, амнияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ диққати махсус дода шавад.

Яке аз эродҳои дигари ҳукумат ба қонуни нави матбуот хатоҳои зиёди имлоӣ, техникӣ ва мутобиқ набудани матни русии он ба матни забони тоҷикӣ будааст, ки мақомот хостаанд, ин хатоҳо ислоҳ шаванд.

Дар хулосаи қарори ҳукумати кишвар омадааст, ки “масъалаи ворид намудани муқаррароти лоиҳаи Қонуни мазкур ба лоиҳаи Кодекси иттилооти Тоҷикистон баррасӣ карда шавад”.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ давоми қариб як соли охир таҳия шудааст.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi