10:37:32 23-уми Майи 2025 сол
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр 29.03.2025 21:39 375
Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди сайиди Фитр, ки яке аз ойинҳои муқаддаси дини мубини ислом мебошад, фаро мерасад.Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 28.02.2025 13:34 461
Ҳамватанони гиромӣ!Фардо моҳи мубораки Рамазон, ки ҳар рӯзи он барои мардуми мусулмон мактаби парҳезгорӣ, худшиносиву инсондӯстӣ ва ҳимматбаландиву хайру сахо мебошад, фаро мерасад.Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, ба хонадонатон ...
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд 03.10.2024 20:35 748
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ифтитоҳи Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) дар шаҳри Масқати Салтанати Уммон иштирок намуд.
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт…. 20.04.2023 15:58 1546
Иди саиди Фитрро барои ҳар яки Шумо ва аҳли хонаводаатон табрику муборакбод гуфта аз Парвардигори Таборак ва Таъоло таманнои онро дорем, ки рӯзаву тоату ибодати моҳи шарифи Рамазони мову Шуморо мақбули даргоҳи Илоҳӣ намуда гуноҳони моро бо лутфу карамаш мағфират карда бошад.
АСҲОБИ КАҲФ 13.08.2019 15:51 2567
Достони Асҳоби каҳф дар адабиёти бадеии миллатҳои мусулмон, бахусус адабиёти давраи исломии форсу тоҷик бозтоби густардае ёфтааст. Дар адабиёти тасаввуфии мусулмонон ба Асҳоби каҳф ба ҳайси мазҳари камол, таҷаллии сифоти ҷавонмардони соҳибдил, аҳли футувват ва бандагони солеҳ менигаранд ва онҳоро ба унвони намунаи инсони раҳёфта мепазиранд.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон 10.08.2019 18:37 2448
Ҳамватанони азиз!Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи иди саиди Қурбон, ки яке аз суннатҳои мубораки дини мубини ислом мебошад, қарор доранд. Ба ин муносибат хурду бузурги сокинони кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям.
Арафоти ишқбозон сари кӯйи ёр бошад, 09.08.2019 18:51 2666
Арафоти ишқбозон сари кӯйи ёр бошад, Ба тавофи Каъба з-ин дар наравам, ки ор бошад. Чу саре бар остонаш зи сари сафо ниҳодӣ, Ба Сафову Марва, эй дил, дигарат чи кор бошад? Қадаме зи худ бурун неҳ ба риёзи ишқ, к-инҷо, На садои нафҳаи гул, на ҷафои хор бошад.
Эй қавми ба ҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед...? 09.08.2019 11:19 2947
“Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва ҳар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, ки Худо аз ҷаҳониён бениёз аст». Оли Имрон, 97
Калонтарин масҷиди минтақа аввалҳои моҳи сентябри соли равон фаъол хоҳад шуд 07.08.2019 14:25 2553
Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ, ки дар як вақт дар он ҳудудан 120 ҳазор нафар ибодат мекунанд, моҳи сентябри имсол, дар остонаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Шаҳрдории пойтахт иттилоъ дода, ки ба хотири сари вақт ...
Бурхи Сармасти Валӣ пайвандгари динҳову тамаддунҳо 23.07.2019 16:27 4837
Бурхи Сармасти Валиро, ки оромгоҳаш дар деҳаи Боршиди ноҳияи Сангвори ҷумҳуриямон мебошад, дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон, ба ҳайси як шахсияти мазҳабии зоҳиду тақводор, ки яке аз умматони пайғамбар ҳазрати Мӯсо алайҳисаллом буда, ниҳоят башардӯст аст, мешиносанд ва дар тӯли беш аз се ҳазор сол ёдашро гиромӣ медоранд.
ҲИКМАТИ ГУРУСНАГӢ, РӮЗА ВА ТАНСИҲАТӢ I 05.06.2018 12:20 2434
Ривоят аст, ки Людовиг Корнаро-як аристократи машҳури Венетсия, ки солҳои 1465-1566 зистааст, сарватмандтарин ва шинохтатарин инсони замонаш буд. Чун соҳибдавлат буд ва моли зиёд дошт, аз андоза бештар мехӯрду менӯшид, мастии беҳад мекард.
НИЁИШҲО БА ДАРГОҲИ ХУДОИ ТАЪОЛЛО 05.06.2018 12:11 1397
Эй тӯшаам дар ҳангоми сахтӣ! Эй фарёдрасам дар замони гирифторӣ! Эй сарпарастам дар неъматҳо! Эй бароварандаи ҳоҷатҳо! Эй паноҳам дар лағзишгоҳҳо! Эй раҳонандаам аз ҳалокат ва бадбахтӣ ! Эй ҳамроҳ ва ёварам дар танҳоӣ!
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бод, ҳамватанони азиз! 16.05.2018 13:05 1587
Имрӯз охирин рӯзи моҳи шаъбон аст. Фардо моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.Яке аз саҳобаҳои киром Салмони Форсӣ (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) дар охирин рӯзи моҳи шаъбон хутбае (суханроние) эрод намуд ва дар он аз ҷумла фармуд...
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 26.05.2017 20:30 1894
Фардо моҳи шарифи Рамазон - айёми сабру таҳаммул ва матонату парҳезгорӣ фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик мегӯям ва дар ин моҳи хайру эҳсон ва файзу баракат ба хонадони ҳар кадоми шумо осоишу оромӣ орзу менамоям.
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба тамоми мусалмонон муборак бод! 26.05.2017 08:56 1857
Ҳазрати Салмони Форсӣ (р) мефармояд, ки Расулаллоҳ (с) дар охирин рӯзҳои моҳи шаъбон барои мо ваъз фармуданд, ки «эй мардум! Моҳи бисёр боазаммат ва мубораке ба суроғи шумо омадааст. Дар он шабе аст (шаби қадр), ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Аллоҳ (ҷ.ҷ) рӯзаи ин моҳро фарз қарор дода ва ....