“РОҒУН” БА САҲҲОМДОРОН СУД ОВАРДААСТ
Мақомоти вазорати молияи Тоҷикистон эълом карданд, ки дар соли гузашта саҳҳоми нерӯгоҳи “Роғун” панҷ милюн сомонӣ суд ба бор оварданд. Ин рақам, куллия суди ба даст омада аз саҳҳоми нерӯгоҳи "Роғун" аст, ки ба сокинони кишвар ва муассисаҳои давлатӣ ба фурӯш расида буданд.
Вале ҳанӯз рӯшан нест, ки ин панҷ милиюн сомонӣ ба чӣ тартиб миёни беш аз ду милюн саҳмиядори "Роғун" дар ин кишвар тақсим мешавад. Дар маҷмӯъ сокинони кишвар соли гузашта ба маблағи беш аз 830 милюн сомонӣ саҳҳоми ин нерӯгоҳро харидорӣ кардаанд. Сафаралӣ Наҷмиддионв, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 24 январ дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки ҳоло маблағи суд ё даромади саҳҳомдорон дар суратҳисоби ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” маҳфуз аст.
Вай афзуд: “Фикр мекунам, барои ҳалли масъалаи истифода аз суде, ки аз нигаҳдории саҳҳом ба даст меояд, бояд ҷаласаи саҳмиядорон баргузор шавад. Танҳо бо баргузории чунин ҷаласа метавон, наҳваи истифода аз ин маблағро муқаррар кард.”
Вазири молияи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки ҳазинаи тарҳи “Роғун” шаш милёрд сомонӣ арзёбӣ шудааст ва 75 дарсади саҳҳом моли давлати Тоҷикистон аст. Оқои Наҷмиддионв гуфт, фақат 25 дарсади саҳҳом ба фурӯш гузошта шуда ва маблағи он якуним милёрд сомонӣ мебошад. Вай афзуд, ки ҳудуди ду милюн атбоъи кишвар саҳҳоми садсомонӣ, панҷсадсомонӣ ва якҳазорсомонӣ харидорӣ кардаанд ва фақат ҳудуди 22 ҳазор нафар саҳмияҳои панҷҳазорсомонӣ дарёфт кардаанд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов хабар дод, ки суд аз саҳҳоми “Роғун” дар натиҷаи дар ихтиёри бонкҳо қарор додани маболиғи ин саҳмияҳо ба даст омадааст. Вай гуфт: “Соли гузашта аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо 202 милюн сомонӣ барои идомаи умури сохтмонӣ истифода шуд ва 300 милюн сомонӣ дар ихтиёри бонкҳои кившар қарор дода шуд. Маблағи боқимонда дар ихтиёри ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” аст.”
Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, соли гузашта барои идомаи умури сохтмонӣ дар “Роғун” аз будҷети кишвар 642 милюн сомонӣ тахсис шуда буд. Фурӯши саҳҳоми “Роғун” шашуми январи соли гузашта ҳамроҳ бо таблиғоти густурдае дар расонаҳои давлатӣ оғоз шуда буд. Соҳибназарон аз наҳваи “иҷбории” фурӯши ин саҳҳом изҳори нигаронӣ карда буданд, ҳарчанд ҳеҷ мавриде расман таъйид нашудааст.
Бо ин вуҷуд, бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ таблиғоти фурӯши саҳҳоми “Роғун” қатъ шуд ва мавзӯъи идомаи фурӯши саҳҳом батадриҷ аз байн рафт. Гузашта аз ин, ба гуфтаи коршиносон, оғози фурӯши саҳҳоми "Роғун" ба “муҳосираи иқтисодии“ Ӯзбакистон, ки мухолифи иҷрои тарҳи "Роғун" аст, мунҷар шуд ва ин амр ба камбуди будҷети Тоҷикистон низ боис гардид.
Ба гуфтаи вазири молияи кишвар, соли гузашта барои ҳалли масоили камбуди маблағ ва иҷрои тарҳҳои мухталиф давлати Тоҷикистон ночор шудааст аз созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои кӯмаккунанда 265 милюн дулор эътиброт дарёфт кунад. Дар натиҷа, мизони бидеҳиҳои давлати Тоҷикистон ба як милёрду 943 милюн дулор расидааст, ки муъодили 34,6 дарсади тавлидоти нохолиси миллии кишвар аст.
Вай мегӯяд, ки тибқи барномаи ҷалби эътибороти хориҷӣ, давлати Тоҷикистон метавонад мизони бидеҳиҳои худро то 40 дарсади тавлидоти нохоли миллӣ афзоиш бидиҳад, вале “бидеҳиҳои бештар аз ин барои амнияти иқтисоди кишвар хатарнок аст.” Бо ин вуҷуд, оқои Наҷмиддинов ҳадс зад, ки эҳтимол дорад то соли 2020 бидеҳиҳои Тоҷикистон бештар аз 40 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ бирасад.
Зимнан, миёни вомдиҳандагони аслии давлати Тоҷикистон Чин, Бонки Осиёи Тавсеъа, Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул қарор доранд. Созмонҳои байналмилалӣ иддаъо доранд, ки аз ин ба баъд давлати Тоҷикистон бояд дар заминаи дарёфти эътиборот мувозиб бошад ва бештар барои дарёфти кӯмакҳои бебозгашти молӣ таваҷҷӯҳ кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/4242-2011-01-24-11-27-06.html
-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
423
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
312
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
346
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
406
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
984
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
686
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1367
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
106
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
283
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
182
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
871
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1188
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2277
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2340
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
503
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1124
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
272
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1343
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4392
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































