КАНИШӢ: ОЯНДАИ КИШВАРҲОИ ПОЁНОБ АЗ РОҒУН ВОБАСТА АСТ
Мото Канишӣ, раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, иқдоми Тоҷикистон барои таъмини мардуми худ бо нерӯи барқи дохилӣ ва дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ ҳаққи мусаллами ин кишвар аст. Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ машғули арзёбии техникӣ ва зистмуҳитии Роғун мебошад.
Раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Мото Канишӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорони хабаргузории «Азия плюс» талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои берунрафт аз бӯҳрони энержиро мусбат арзёбӣ карда, гуфтааст, иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳалли масоили энержӣ вобастагӣ дорад. Мото Канишӣ яке аз роҳҳои ҳалли мушкили камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистонро рушди нерӯгоҳҳои хусусӣ номидааст. Дар мавриди нерӯгоҳи Роғун раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки ояндаи кишварҳои поёноби минтақа аз сохтмони Роғун вобастагӣ дорад.
Ӯ гуфтааст, сохтмони садду обанборҳо баръакс имкони кишварҳои поёноб барои обёрии заминҳои кишт дар ояндаро бештар мекунад ва бо танзими сарчашмаи дарёҳо метавон кишварҳои минтақаро бо оби зарурӣ таъмин намуд.
Дар интизори натиҷаи санҷиши коршиносони Бонки ҷаҳонӢ
Раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон, ҳар кадоме ба сурати ҷудогона ба раёсати ин ниҳоди ҷаҳонии молӣ нома ирсол кардаанд ва хостори таҳқиқи фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун дар сатҳи байнулмилалӣ шудаанд. Ва анҷоми ин корҳои таҳқиқотӣ аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ натоиҷи он ба кишварҳои минтақа ироа хоҳад шуд.
Ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 20 -уми апрели соли равон ба манзури ошноӣ бо вазъи нерӯгоҳи барқи обии Роғун вориди Тоҷикистон шуданд. Ин ҳайат зарфи як ҳафта ҷараёни иҷрои корҳои барқарорсозӣ дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун, имконот ва зарфиятҳои онро марвиди омӯзиш қарор дод.
Сафари ин ҳайат ба Тоҷикистон бар асоси созишномае миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди арзёбии фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун сурт гирифт. Дар пайи натиҷаҳои ин ташхис давлати Тоҷикистон хоҳад тавонист, то ба Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати ташкили консорсиюми байнулмилалӣ ва ҷалби сармоя муроҷиат намояд.
Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, арзёбии хатароти эҳтимолӣ ва манфиати нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби тамоми меъёру муқаррароти Бонки Ҷаҳонӣ, хулосаи коршиносони мустақили байналмилалӣ ва машварат бо кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ анҷом хоҳад шуд. Бонки ҷаҳонӣ эълом дошта буд, ки мавзӯъи иштирокаш дар такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун танҳо баъди анҷоми арзёбӣ ва таъйиди коромадӣ ва манфиатовар будани нерӯгоҳ матраҳ хоҳад шуд.
Арзёбии байнулмилалии Роғун яке аз иддаоҳои давлати Узбакистон, ашаддитарин мухолифи ин тарҳ мебошад. Ҳукумати Ӯзбакистон мегӯяд, бунёди обанбори азим барои Роғун, дар Тоҷикистон сабаби коҳиши маҷрои об ба кишварҳои поёноб шуда ба ва вазъи муҳити зист ва зиндагии мардум дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мегузорад.
Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонда ва мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун зимни тақсими об бо ҳамсояҳояш беадолатӣ нахоҳад кард. Дар сурати такмил, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават соат, қодир ба тавлиди бештар аз 13 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд.
Баъди боздиди ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва инчунин сафари Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ ба Тоҷикистон ҳамакнун таблиғи бесобиқаи сохтмони Роғун ва даъват барои харидории саҳмияҳои он то ҷое кунд шудааст. Аз сӯи дигар мухолифони Роғун ҳам дар симои вакилони муоҳифзатгари муҳити зист дар порлумони Узбакистон хомӯшии нисбиро пеша кардаанд. Мисле, ки ҳама дар интизори эълони натиҷаи ҳайати коршиносии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи суду зиёи нерӯгоҳи Роғун нишастаанд. Аммо замоне барои эълони натоиҷи он эълон нашудааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2391-2010-05-31-12-00-58.html
-
05.05.2026 00:04
410
«Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи қонунгузории миллӣ»
-
22.03.2026 15:28
479
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
457
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
06.05.2026 14:20
362
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
388
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
476
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
272
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
997
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1034
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
717
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1403
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2330
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
140
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
300
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
337
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:35
194
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
229
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
372
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
10.12.2025 16:56
903
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1220
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1170
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2318
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2376
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3400
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
535
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1889
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2039
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:59
1118
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1003
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1185
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
24.06.2026 10:35
320
Натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 (21-23 июн)
-
22.06.2026 00:09
344
Натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 (18-21 июн)
-
20.06.2026 13:32
237
Чемпионати ҷаҳонии соли 1954
-
17.06.2026 16:29
224
Муҳаммад Алӣ: Муште, ки ба адолат зарба зад
-
14.06.2026 14:06
346
Юрий Гагарин: Аввалин садои инсон аз кайҳон
-
11.06.2026 00:58
295
Аша Бхосле - Садои ҷовидонаи Ҳиндустон










































