«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҶик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».
(Эмомалӣ Раҳмон)

27-июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Вахдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст ба осонӣ даст надодааст.
Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон 8 даврро дар бар гирифт, ки ба таври зайл аст:
Даври аввал: аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар ш.Маскав;
Даври дуюм: аз 18 то 28 июни соли 1994 дар ш.Теҳрон;
Даври сеюм: аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Покистон ш.Исломобод;
Даври чорум: аз 22 май то 1 июни соли 1995 дар ш.Алмаато;
Даври панҷуми бетанаффус, Ашқобод:
Марҳилаи аввал: аз 30 ноябр то 22 декабри соли1995;
Марҳалаи дуюм: аз 26 январ то 19 феврали соли1996;
Марҳилаи сеюм: аз 8 то 21 июли соли1996.
Даври шашум: 23 декабри соли 1996 дар ш.Маскав;
Даври ҳафтум: 26 феврал ва 8 марти соли 1997 дар ш.Маскав
Даври ҳаштум: 22 ва 28 майи 1997 дар ш.Теҳрон «Протокол оид ба кафолати амалигардонии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Тавре Роҳбари давлат зикр намуданд, барои амалӣ намудани ҳадафҳои созанда 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расондем.
Ҳамин тавр, 29 сол пеш, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи вижаи Муншии умумии СММ Гард Меррем «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Бо имзои ин созишнома ба моҷарои мусаллаҳона дар кишвар хотима гузошта, яке аз саҳифаҳои фоҷиавии таърихи кишвар пӯшида шуд ва аз он рӯз Тоҷикистони азизи мо бар марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд.
Пас аз он рӯзи нусратбор, 27 июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне ягонагии миллӣ, баҳамоии миллӣ пазируфта шуд ва асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гардид.
Баъди аз ҳам пошхӯрии Иттиходи Шӯравӣ Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Вале мутаасифона мо тоҷикон, ки дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣқарор доштем, дар аввал натавонистем, ки неъмати бузурги Истиқлолро ба манфиати халқу давлати худ босамар истифода барем.
Воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90- уми асри ХХ ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст боз як имтиҳони ҷиддиеро дар пеш гузошт: давлати навакак тозаистиқлол ва миллатро нигоҳ доштан ва ё парокандагии ҳамину хам он.
Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда додаанд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.
Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат,Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддуни мо, ки парешону сарсон шуда буд, сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуд. Миллат ба ваҳдат омад. Ваҳдати милли дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургии онро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Вахдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд.
Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди бузурги миллат, Эмомалӣ Раҳмон гашт.
Дар чунин рӯзи барои миллат муқаддас ва тақдирсоз як лаҳза ҳам бошад, биёед рӯ ба таърих биёрем. Салтанати бузурги Сосониён то замоне, ки ваҳдат асоси сиёсати онро ташкил медод қарнҳо пойдору устувор буд. Замоне, ки ваҳдат дар он халалдор шуд, он империяи бузург мувоҷеҳ ба шикаст шуд. Ё мисоли дигар - Давлати Сомониён. То замоне, ки фарҳанги ваҳдатсозӣ асосгузори ин давлати бузурги аҷдодии мо Исмоили Сомонӣҳукмрон буд, Давлати Сомониён ҳам пойдор буд ва таърих гувоҳ аст, ки дар замони ин ду империяи бузург аҷдодони мо ба чӣ дастовардҳои бузурги илмию эҷодӣ муваффақ гаштаанд.
Махсусан дар замони давлатдории Сомониён аҷдодони мо ба пешравиҳои беназире дар илму фарҳанг, сиёсати давлатдорӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар соҳаҳо ноил гаштаанд. Ситораҳои илму фарҳанги он замон, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва даҳҳо дигарон бо дастовардҳои бузурги илмию эҷодии худ дар таърихи башарият нақши босазои худро гузоштаанд, ки ифтихори миллатанд. Ҳамаи он дастовардҳо аз ваҳдат ба даст омада буданд. То замоне, ки ваҳдат поянда буд, халқ орому осуда зиндагии осоишта ба сар мебурд. Пас бузургии ваҳдатро пос бояд дошт ва ба қадри бебаҳо будани ин дастоварди миллат бояд расид. Онро ҳамчун дастоварди муқаддас пос бояд дошт!
Қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза амал намояд. Дар ин хусуси Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карда буданд: «Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.
Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарури ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.»
Ваҳдати мо дар ҳакикат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.
Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Ҳамаи ин аз болоравии обрӯ ва эътибори роҳбари давлати мо дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад. Обрӯю эътибори сардори давлат албатта ин обрӯю эътибори миллат аст, ки дар миқёси байналмиллалӣ барои халқу Ватани мо аҳамияти бузург дорад. Вале ҳастанд қувваҳое, ки аз ин болоравии обрӯю эътибори Ватани мо дар ҳаросанд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати моро халалдор карда, обрӯю эътибори халқу Ватани моро паст кунанд. Бинобар ин замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат аз ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарди ватандӯст яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа ҷадал кунем. Фақат ва фақат чунин амали мо пойдевори Ҷомеаи навини демократиро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа пойдор месозад.
Агар мо хоҳони онем, ки дар Ҷомеаи мутамаддин ҷои сазовори худро дарёбем ва ҷаҳониён моро ҳамчун миллати бофарҳангу тамаддуни бузург бишносанд, пас биёед иттиҳоду ваҳдати миллатро пешаи худ қарор диҳем ва сулҳу оштиро пойдор нигаҳ дорем. Зеро асоси ҳама пирӯзиҳо дар иттиҳоду ваҳдат аст. Бузурге фармудааст:
Пирӯзӣ аз иттиҳод хезад,
Парокандагӣ аз нифоқ хезад.
Роҳбари давлат дар фароварди баромади худ ҳамчунин ироъа доштанд, ки “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор кунем ва доимо дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати худ бошем”.
Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 29 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад!Ва аз забони шоир мегӯем:
Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,
Ӯ ба иқболу саодат мерасад.
Варқаи Зайниддин, ёвари калони Прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи якум
















