02:23:06 24-уми Июни 2026 сол

Пешвои сулҳ ва меъмори ваҳдат

Рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ин на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рамзи наҷоти миллат аз вартаи нобудӣ ва оғози марҳалаи нави давлатсозӣ аст. Барои дарк кардани бузургии ин рӯйдод, бояд ба ду нуктаи муҳим таваҷҷӯҳ кард: аввалан, ба вазъияти фоҷиабори солҳои 1992-1997, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат расонида буд; дуввум, ба талошҳои беамон ва иродаи қатъии мардони таърихсоз, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонистанд аз парокандагӣ ва хунрезӣ роҳи сулҳу созишро пайдо кунанд.

Вазъияти бади иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон

peshvoi millat 8965541254Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистони ҷавон дар гирдоби буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор гирифт. Сохторҳои идоракунӣ фурӯпошида, низоъҳои дохилӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардида буданд ва хатари пурраи аз байн рафтани давлатдорӣ ба таври воқеӣ вуҷуд дошт. Аксари муҳаққиқону таърихнигорон оғози расмии ҷанги шаҳрвандиро 5 уми маи соли 1992 ҳисобиданд, зеро маҳз дар ҳамин рӯз муқовимати сиёсӣ ба бархӯрди мусаллаҳона табдил ёфт ва ҳисоби қурбониён оғоз шуд. Ин ҷанги таҳмилӣ то 27 уми июни соли 1997, яъне ба муддати 5 солу 1 моҳу 22 рӯз ё 1880 шабонарӯз идома ёфт.

Зарари ин ҷанг ба иқтисодиёти кишвар фоҷиавӣ буд. Зиёда аз даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, садҳо бинову иншооти истеҳсолӣ, муассисаҳои тиббӣ ва маориф хароб гардиданд. Корхонаҳо аз кор монда, буҷети давлат холӣ, инфрасохтори нақлиёт ва энергетика дар ҳолати фалокатбор қарор дошт. Бекорӣ ва камбизоатӣ, хисоротҳои моддӣ зарари бузурги маънавӣ низ илова мешуд. Ҷанги бародаркушӣ ҷомеаи тоҷикро ба ду табақаи муқобили хам табдил дода, ҳазорҳо одамон маҷбур шуданд кишвари худро тарк кунанд. Дар чунин шароит, наҷоти давлат ва миллат танҳо тавассути иродаи қатъии сиёсӣ ва ҷустуҷӯи роҳи сулҳ имконпазир буд.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, нуқтаи гардиши тақдирсоз

Дар шароите, ки ҳокимият фалаҷ шуда, кишвар ба канори парокандашавӣ расида буд, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Ин иҷлосия дар таърихи тоҷикон ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз дохил шуд. Агар Эъломияи истиқлол давлатро бо номи Тоҷикистон эълон карда бошад, ин иҷлосия ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.

Дар кори иҷлосия аз 222 вакил 197 нафар ширкат доштанд ва дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун ва 52 қарор қабул гардид. Муҳимтарин натиҷаи он интихоби Раиси Шӯрои Олӣ ва сарвари давлат буд. Рӯзи 19 ноябр бо овоздиҳӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом интихоб шуд. Зимни суханронӣ вай чунин гуфт: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Ин суханон сар оғози роҳи душвору пурмашаққати сулҳ буд.

Дар ҳамин иҷлосия, қонунҳои муҳим ба монанди «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи афви умумӣ» қабул шуданд, Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Иҷлосия бо фармондеҳони саҳроии тарафҳои муқобил вохӯрда, барои оғози музокироти сулҳ замина гузошт. Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон 26 ноябри соли 1992 Рӯзи Сулҳ ва Ҳамраъйии халқҳои кишвар эълон гардид.

Раванди тӯлонии музокироти сулҳ 9 давра ва 7 вохӯрии сатҳи олӣ

Пас аз Иҷлосияи XVI, раванди дарёфти роҳи сиёсӣ барои ҳалли низоъ оғоз ёфт. Раванди музокироти байни тоҷикон иборат аз 9 давра буда, 3 солу 3 моҳу 3 рӯз, ё худ 1180 шабонарӯз давом кардааст. Музокирот дар шаҳрҳои гуногун Маскав, Теҳрон, Машҳад, Исломобод, Алмаато, Ашқобод, Бишкек ва Кобул баргузор мешуданд. Ин раванд бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афгонистон, Русия, Эрон, Покистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сурат мегирифт.

Дар ин муддат, ки ҷанги мусаллаҳона пурра хомӯш нашуда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳафт маротиба бо роҳбарияти нерӯҳои мухолифин вохӯрд, дар Кобул, Хустдеҳ (Афғонистон, 1995, 1996), Теҳрон (1995), Маскав (1996), Машҳад (1997) ва Бишкек (1997). Июни 1997 Маскав мулоқоте, ки бо имзои Созишномаи умумии сулҳ анҷом ёфт.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва аҳамияти он

Самараи ин раванди душвор рӯзи 27 июни соли 1997 дар Маскав ба даст омад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бо имзои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мухолифин С.А. Нурӣ ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Г.Д. Меррем қабул гардид. Бо ин санад ба ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ нуқтаи гузошта шуд ва дар таърихи навини давлатдории тоҷикон давраи нав оғоз ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуд: «Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки "сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Ин суханон нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки оғози марҳалаи нави эҳё ва созандагии миллат мебошад.

Пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ, барои иҷрои амалии он Комиссияи Оштии Миллӣ таъсис дода шуд. КОМ як органи муштараке буд, ки вазифадор шуд тамоми асноди Созишномаи Умумии Сулҳро ба ҳаёт татбиқ намояд. Ин мақомот расман аз 7 июли соли 1997 дар Маскав оғоз ба кор кард ва то 1 апрели соли 2000, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъи фаъолияти он фармон содир намуд, фаъолият мекард. Ҳамин тариқ, КОМ барои ба ҳаёт татбиқ намудани нуктаву талаботи Созишномаи Умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон 2 солу 8 моҳу 25 рӯз ё ба ибораи дигар 999 шабонарӯз фаъолият дошт.

Нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марҳилаҳо

Таҳлили ин раванди тӯлонии 1180 рӯз ва 7 вохӯрии сатҳи олӣ нишон медиҳад, ки нақши шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми марҳилаҳо аз Иҷлосияи XVI то имзои Созишнома ва то қатъи фаъолияти КОМ беназир ва ҳалкунанда буд. Ӯ на танҳо ба боздоштани хунрезӣ ва барқарор кардани сулҳ талош намуд, балки ба эҳёи сохторҳои идоракунӣ, қабули Конститутсияи нави соли 1994 ва бунёди асосҳои давлатдории навин асос гузошт.

Дар солҳои пас аз ҷангӣ, бо талошҳои ӯ садҳо ҳазор гурезагон ба Ватан баргардонда шуданд, хонаҳои харобгардида барқарор гардиданд ва фаъолияти мактабҳо, беморхонаҳо, инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ оҳиста-оҳиста эҳё ёфт. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ чунин гуфта буданд: «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27 июн дар Тоҷикистон на ҳамасола як ҷашни расмӣ, балки дарси бузурги таърихӣ ва ёдоварии сарнавиштсози давлатдорӣ мебошад. Бозгашт ба давраи 1991-1997, ба Иҷлосияи XVI-и тақдирсоз, ба 9 давраи музокирот ва 7 вохӯрии сатҳи олӣ, ба 1180 рӯзи талош ва иродаи қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки ваҳдат чӣ гуна неъмати бузургест. Агар сулҳ барқарор намешуд, Тоҷикистон ҳамчун давлат аз харитаи ҷаҳон маҳв мешуд. Имрӯз Ваҳдат ҳамчун пойдевори субот, амният ва рушд, кафили ояндаи Тоҷикистон буда, ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ин сарзамин мебошад.

Субҳиддини Султон, «Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ