02:23:51 24-уми Июни 2026 сол

Чемпионати ҷаҳонии соли 1954

Оё футбол як бозӣ аст ё метавонад тағйирдиҳандаи қадриятҳои миллӣ гардад? Ҷавоби ин саволро Чемпионати ҷаҳонии соли 1954 дод. Ин мусобиқа на танҳо аз сабаби бозиҳои пургол, балки бо сабаби ҳодисае, ки ба "Мӯъҷизаи Берн" машҳур шуд, дар ёдҳо монд.

Чӣ гуна ва дар куҷо?

chempionat mira 625454545Пас аз 16 сол, Ҷоми ҷаҳон бори дигар ба Аврупо баргашт. Чун соли 1954, 50-солагии ФИФА таҷлил мешуд, Созмондиҳандагон футбол кишвари Швейтсария-ро, ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бетараф монда буд, ҳамчун мизбон интихоб кард.

Бозихо аз 16 июн шуруъ шуд 4 июли соли 1954 ба итмом расид. Берн, Женева, Лозанна, Люцерн, Сион, Базел шаҳрҳои мизбон буданд. Мусобика дар 6 варзишгоҳ доир гардид. Ин аввалин бор буд, ки 16 даста дар Ҷоми ҷаҳон иштирок карданд. 16 даста ба 4 гурӯҳи 4-дастагӣ ҷудо шуда буданд

Олмони Ғарбӣ аввалин қаҳрамонии ҷаҳониро ба даст овард. Аммо роҳи онҳо ба ҷом, ки интизор мерафт, хеле печида буд.

Олмони Ғарбӣ дар даври гурӯҳӣ ба ҳайати пурқуввати Венгрия бохт, ки қавитарин дастаи замон буд. Бо вуҷуди ин, дар финал, ки 4 июли соли 1954 дар Варзишгоҳи Ванкдорфи шаҳри Берн баргузор шуд, ҳамин дастаи Олмон тавонист, ки Венгрияро бо ҳисоби 3:2 шикаст диҳад.

Ҳелмут Ран 2 гол дар финал, марди асосии "мӯъҷиза". Фритс Валтер капитан ва "руҳи" даста. Тони Турек дарвозабоне, ки бозигарони Венгрияро мағлуб кард

Ин чемпионат ба сабабҳои зерин дар хотир мемонад:

- Венгрия дар чаҳор сол ягон бозиро набохта буд ва дар Чемпионат бо натиҷаҳои калони 9:0 ва 8:3 оғоз карда буд. Аммо онҳо мағлуб шуда, ин серияи беназир хотима ёфт.

- Дар ин мусобиқа 26 бозӣ доир шуд ва дар онҳо 140 гол заданд дар ҳар бозӣ миёна 5,38 гол, ки ин нишондиҳанда то имрӯз рекорд боқӣ мондааст.

- Ин аввалин Чемпионати ҷаҳон буд, ки қисме аз бозиҳо дар телевизиони зинда нишон дода шуд.

- Инчунин бори аввал дар таърихи Ҷоми ҷаҳон дар либоси бозигарон рақамҳо пайдо шуданд.

  • Чемпионати ҷаҳонии соли 1954 сарфи назар аз натиҷаи ғайричашмдошт, ба футболи ҷаҳон як ҷодуи абадӣ бахшид. "Мӯъҷизаи Берн" ба ҳама исбот кард, ки дар футбол ҳеҷ чиз то дастаи финалӣ аз пеш муайян нест. Ин зафари бемисл бори дигар собит кард, ки Ҷоми ҷаҳон ҳамчун бузургтарин чорабинии варзишии сайёра, ҳамеша барои мӯъҷизаҳо омода аст.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ