13:38:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БИГЗОР, ТО БИГИРЯМ ЧУН АБР ДАР БАҲОРОН…

Хабари маргаш ба зудӣ паҳн гашт. Дӯстону шогирдон ба сӯи хонааш шитофтанд. Рӯйи хона ҷасади беҷонаш мехобид. Кабӯтари рӯҳаш аз қафаси бадан ба сӯйи Парвардигораш парвоз карда буд. Қалби саршор аз ишқу имонаш дигар наметапид. Бо чашмони нимбоз гӯё бо дӯстону ҳамнишинон видоъ мекард… 

bigzortobigiryamРостӣ, ҷудоӣ ва аз даст додани ин зани фидокору мусалмон барои шавҳар, ду фарзанди дӯстрӯ ва ҳам дӯстону шогирдонаш саҳлу осон набуд. Ҳамин буд, ки парвонавор даври ҷасади беҷонаш болу пар зада, зор-зор мегиристанд. Ягона духтараки зебояш Зайнаби ёздаҳсола бо дастони нозукаш рухсораҳои сардгаштаи модарро сила карда, оҳу фиғон мебаровард. Кист ин зан, ки бо сафари охират карданаш ҳама либоси мотам ба бар кардаанд? Соли 1970 дар наздикиҳои шаҳри Маскав дар оилаи яке аз набераҳои маршал Жуков духтаре ба дунё омад, ки ӯро Наталя ном ниҳоданд. 

Наталя ҳанӯз аз даврони тифлӣ аз соири бародару хоҳаронаш фарқ мекард; хеле зираку доно ва сухандону хушахлоқ буд. Аз ҳамон замон аз аъмоли ғайришаръӣ, ки падару модар, бародару хоҳар, хешу ақрабо ва атрофиёни онҳо анҷом медоданд, дурӣ меҷуст. Аз хӯрдани гӯшти хук , машруботҳои масткунанда даст кашида буд. Дар мактаб ҳам намунаи ибрат буд. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Техникуми полиграфӣ супурд. Онро бомуваффақият ба итмом расонида, ба яке аз бонкҳои шаҳри Маскав ба кор даромаду зиндагии хубе дошт... 

Боре Наталя дар нақлиёти мусофирбарии шаҳр бо мӯйсафед ва пиразани чечентабор ҳамроҳ мешаваду ҳамсӯҳбат. Сӯҳбат, хислат, навозиш ва меҳрубониҳои он ду шахс ба Наталя писанд омада, эшон бо ҳам аҳди дӯстӣ мебанданд. Чун аҳди дӯстӣ баста мешавад, чеченҳо Наталяро ба хонаашон, ба шаҳри Грознӣ даъват мекунанд... 

Тобистони соли 1991 Наталя ба Грознӣ меравад. Хислатҳои наҷиб, зиндагии дур аз ҳар олудагӣ, равиш ва оини поки Ислом, меҳрубонию меҳмоннавозии онҳо Наталяро ба фикр фурӯ мебарад. Аз он ҷой ба зодгоҳаш бармегардад, аммо қалби ба шӯромадааш ба дарёфти ҳаққонияти ҳастии зиндагӣ водор месозад. Аввалан барои яқин кардани андешаи худ ба яке аз калисоҳои шаҳри Маскави Русия меравад. Вале дар он макон ҷуз бутпарастию аъмоли бемаънӣ ва бефоида чизи дигареро намебинад. 

Баъд аз ин ҳар лаҳза ишқи рафтори мусалмонон ва равиши Ислом дар қалбаш туғён менамояд. ӯ барои ошно шудан ва маълумоти бештаре дар бораи ин дини осмонӣ пайдо кардан ба ҷустуҷӯ ва хондани китобҳо пардохт. Бо мутолиаи осор дар бораи дини Ислом ва зиндагии мусалмонон гавҳари имон дар қалбаш дурахшонтар мегардид. Гоҳ аз шавқи дарёфти неъмати имон ба худ меболиду гоҳ аз надонистани равиши ибодат ба пешгоҳи Худо гиря мекард. Худро ба чаҳор тараф мезад, то чӣ гуна ба даргоҳи ӯ биёяду саҷдааш кунад. 

Ин аъмоли Наталя ва шавқу завқи ӯ аҳли хонавода ва ҳамкоронро мутаҳайир карда буд. Модараш гумон мекард, ки Наталя ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуда. Касе ӯро дарк намекард. Бинобар ин ноилоҷ дар минтақаи дуртар аз ҷои зисти аҳли оилаашон утоқеро барои зиндагӣ кардан интихоб кард, ки шароити хубе надошт. 

Наталя дарёфт, ки барои ибодат кардан сараввал вузӯ лозим аст. «Аз надонистани тарзи анҷоми он рӯзе панҷ бор дар оби хунук ғусл мекардам», гуфта буд боре. Либосҳояш ҳам мутобиқ ба пӯшиши мусалмонҳо набуданд. Наталя дар ҷустуҷӯи либоси муносиб баромад. Аз бозори шаҳр пироҳани дароз ва сарандозе харид. Аз мағозаҳои варзишӣ барои мушаххас кардани қибла қутбнамо пайдо намуд. «Танҳо калимаи шаҳодат, тайиба ва чанд калимаи дигарро зикр карда, Худоро саҷда мекардам ва ҳамду сипос мегуфтам», ба ёд меовард Наталя. 

Рӯзе аз радиои «Голос Ислама» сомеъи барномае мешавад, ки дар он нишонаи Маркази исломии Русия дар шаҳри Маскав баён мешавад. ӯ, ки дар суроғи чунин маконе буд, ҳамон лаҳза ба он ҷо занг мезанад ва мақсади худро иброз медорад. Наталяро ба онҷо таклиф мекунанд. Бо ҷустуҷӯҳои зиёд марказро пайдо карда, бо кормандони марказ ҳамсӯҳбат мегардад. Онҳо чанд китобро ба ӯ медиҳанд. Дар чунин ҳол, Наталя калимаи шаҳодатро бар забон меронад. Кормандони марказ аз такрори ин калима аз забони Наталя «Аллоҳу акбар» гӯён, иброз медоранд: хоҳарҷон, муборакат бод, ту аллакай мусалмон ҳастӣ». Ин рӯзи хушбахтӣ 7 апрел буд ва ӯ ҳар сол он рӯзро чун рӯзи таваллуди худ қайд мекард. 

Пас аз сурат гирифтани ин падида масъулини марказ Наталяро назди ду русдухтари мусалмонгаштаи огаҳ аз таълими шариати Ислом мефиристанд. Ҳамон замон Наталя исмашро бо Алия иваз намуда, ба омӯзиши Ислом ва Қуръон пардохт. Алия азбаски аз падару модар, бародару хоҳарон, хешу таборон ва дӯстону кормандон ҷудо гашта буд, ғусса мехӯрд, аммо аз дарёфти неъмати имон, омӯзиши Қуръон ва ёру дӯстони мусалмон Худоро шукр мегуфт. Гоҳо бо дӯстонаш ба масҷиди мусалмонон, ки дар шаҳр воқеъ буд, мерафт. 

Рӯз аз рӯз Алия дар байни мусалмонони он ҷо шинохта мешуд. Азбаски духтари қоматбаланду зебочеҳра буд, хостгорони зиёде аз арабзанҳо, чеченҳо ва дигарон пайдо намуд. Алия, ки духтари боақлу боандеша буд, дар ин замина саросема намешуд. Оқибат тақдири ӯро бо ҷавонмарди боору номус, донишманду диндори тоҷик Саидиброҳими Муҳаммадназар, ки он замон дар Маскав кору зиндагӣ мекард, пайваст. Моҳи июли соли 1993 эшон издивоҷ намуданд. ӯ забони тоҷикиро ба зудӣ омӯхт ва то охири умри худ ба забони тоҷикӣ ҳарф мезад. 

Саидиброҳим дар бораи оғози зиндагии якҷояашон чунин нақл мекунад: ӯ барои ҷудоӣ аз падару модар ва аҳли оилаашон ва ҳидоят наёфтани онҳо зиёд ғусса мехӯрд. Рӯзе ӯро назди устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки аз сабаби нооромиҳои Тоҷикистон дар он ҷо мезист, бурдам. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҷиҳати ба даст овардани неъмати имон ва қабули дини Ислом Алияро муборакбод гуфт ва баъди баёни зебое аз суханҳои пандомезаш Алияро фарзанди хеш хонд. Алия шабу рӯз дар роҳи шинохти маърифати Илоҳӣ талош меварзид ва дар ҳавои ишқи ӯ сайр менамуд. Зиндагияшон дар шӯои имон бо нишоту шодмонӣ сипарӣ мешуд. Соҳиби ду фарзанд -Исмоил ва Зайнаб шуда буд. Гоҳ-гоҳ бо маслиҳат ва роҳнамудҳои шавҳараш ба дидорбинии падару модар ва аҳли хонаводаашон мерафт. Ононро ба қабули дини мубини Ислом даъват мекард… 

Баъди барқарории сулҳу ваҳдат ва осоиштагии ватан Алия ҳамроҳи аҳли оилааш ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Душанбе истиқомат карданро ихтиёр кард. Орзуи деринааш ҳам ин буд, ки дар миёни ҷамъияти мусалмонҳо зиндагӣ кунад. Аммо бо мушоҳидаи мардуми шаҳр, ки дар анҷоми дастуроти динӣ бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мекарданд, нороҳат мешуд. ӯ ҳамеша ба омӯзишу тадрис, таълиму тарбияти фарзандону шогирдон машғул буд. Дар маҳфилу маъракаҳо аз Қуръон сухан мегуфту мардумро насиҳат мекард. Ҳар касе ки дар сӯҳбати ӯ ширкат мекард, бе таассурот барнамехест. Ёд дорам, дар маҳфиле аз фазилати намози шаб ва иғвоҳои шайтон суханронӣ мекард. 

Масали ҷолибе аз ҳаёти худ нақл кард: Шабҳои аввале, ки ба намози шаб баланд мешудам, ошкоро васвасаҳои шайтонро эҳсос мекардам. Замоне ба утоқи намозхонӣ дохил мешудам, ҳатто қадамзаниҳояш ба гӯшам мерасид. Чун бар болои ҷойнамоз дар қиём меистодам, садои ғиҷирроси нишастани ӯро бар рахти хоб мешунидам. Бар Худо таваккул мекардам ва намозамро бидуни ҳеҷ парешонӣ адо менамудам. Баъд аз салом рӯй ба ҳамон тараф карда, мегуфтам: медонам, шайтон ҳастӣ, ки дунболам мегардӣ. Биё, раҳоям куну баромада рав, зеро ман аз ту наметарсам. Ман бо паноҳ бурдан ба даргоҳи Худо, иншоаллоҳ, ҳаргиз мутеъи ту нахоҳам шуд... Сипас дур шудани ӯро аз канори худ эҳсос менамудам... 

Ҳар намози ҷумъа канораш будаму медидам, саҷдагоҳаш аз оби дида тар буд. Боре аз ӯ пурсидам: лаззати намозро аз кадом аъмол ва аз кадом роҳ дарёфтаӣ? Ҷавобаш ин буд: оё бо неъмати имон, ки Худо бароям ато карда, аз шукргузорон набошам? Талошу кӯшиши зиёд дар тарбияи ду фарзанд дошт, то онҳоро боодобу донишманд ба камол расонад. Дар ҳама корҳо бо шавҳараш машварат мекарду маслиҳат мепурсид. Дар тозагию озодагӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ назир надошт. Аммо чӣ илоҷ, ки рангорангии тақдир ва фарозу нишебиҳои зиндагии инсон аз ҷониби Офаридгори бузург тарҳрезӣ шуда. Алия соле пеш ба дарди бедавои саратон гирифтор гашт. Бо чанд нафар дӯстон ба аёдаташ ба беморхонаи Қарияи боло рафтем. ӯ хандон наздамон омад, дар ҳоле ки табибон яке аз узвҳои қафаси синаи ӯро ҷарроҳӣ карда буданд. 

Боз бо ҳамон суханони ширину пандомези худ гуфт: ман Худоро ҳазорон бор шукр мегӯям, ки ҳамакнун яке аз узвҳои бадани ман дар зери хок аст ва маро ҳамеша ба ёди олами қабр меандозад. Талошу кӯшишҳои шавҳараш барои шифо ёфтани ӯ дигар бефоидаву табибон аз дармони дарди Алия оҷиз монда буданд. ӯ дигар лаҳзаҳои расидани маргро интизорӣ мекашид, аммо заррае бетобӣ ва нороҳатӣ намекард. Дар дуо ва муноҷотҳояш назди Худо илтиҷо мекард, то ба ӯ сабру таҳаммул ато кунад. Кӯшиш мекард, қалби касеро озор надиҳад ва дар ин беморӣ боиси заҳмати дигарон нагардад. 

Дар муддати як соли беморияш дӯстону наздикон, шогирдону ҳамсабақонаш наздаш мерафтанд. Соатҳо назди рахти хобаш менишастем ва ӯ бо нармию хушзабонӣ амри маъруф ва наҳйи аз мункар мекард. Ҳадис мегуфту аз ривоятҳои донишмандони аҳли Ислом қиссаҳо мехонд То охирин лаҳзаи ҳаёташ боре ҳам бе узр намозашро қазо накардааст. Дӯсташ Бибисоро, ки рӯзи охирини ҳаёташ назди ӯ буд, мегӯяд: Алия аз шиддати дарди ҷонкоҳ менолиду нафасҳои башумор мекашид. Аммо дидам, ки вақти намози пешин рӯйи ҷойгаҳи худ нишаст ва чун шахси солим, бидуни ҳеҷ оҳу нолае намозашро адо кард. Он лаҳзаҳо ширинтарин аъмоли ӯро назорат мекардаму аз намозхониҳояш лаззат мебурдам. 

«Худи ҳамон рӯз намози шомро ҳам хонд. Лаҳза ба лаҳза ҳолаш бад шудан мегирифт. Ҳушу хаёлаш ба намози хуфтан банд буд. Алия мегуфт, ки шояд дигар мӯҳлат надошта бошад ва намози хуфтану витри воҷиб нохонда монад. ӯ хоҳиш кард, рӯйи рахти хоб баландаш кунем. Мо ӯро баланд кардем ва ӯ намозашро ба ҷой овард. Сипас рӯи ҷойгаҳ дароз кашиду бар забон калимаи шаҳодат мегуфт. Наздаш сураи «Ёсин» мехондам, ӯ оҳи чуқуре аз сина бароварду ҷон ба Ҳақ таслим кард»,- бо ғаму дард нақл мекард шавҳараш. 

Моҳе пеш хоҳари бузургаш аз Русия ба аёдаташ омада буд. Ҳамеша ӯро ба қабули дини Ислом даъват мекард. Як рӯз пеш аз маргаш ҳам бо ӯ телефонӣ сӯҳбат карда гуфтааст: апаҷон, ман, ки хоҳари ту ҳастам, рӯзҳои охирини ҳаётамро сипарӣ мекунам. Ман акнун дигар аз ҷавон мурданам ва боқӣ гузоштани фарзандони ноболиғам ҳеҷ парвое надорам, зеро Худованд бузургтарин неъмати худро бароям арзонӣ дошта, ман танҳо мулоқоти ӯро орзу дораму халос. Апаҷон, бори охирин аз шумо хоҳиш мекунам, ки сари он гуфтаҳои ман андеша намоед. Бидонед, ки ҳазрати Исо (а) писари Худо нест, ӯ паёмбар ва фиристодаи Худо аст... 

Ёдоварии кӯтоҳи ҳаёти рангин ва ширини ин дӯсти азиз ва хоҳари меҳрубон бо гардиши қаламу резиши қатраҳои ашк бароям хеле дарднок аст ва бад-ин хотир бо мисраъҳои Саъдӣ ба навиштаи худ ҳусни анҷом мебахшам: 

Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон,

К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон…

 Сабзнигор, «Наҷот»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4343-bigzor-to-bigiryam.html

 



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 22.02.2011 00:09
Худованд, чояшро чаннат кунад ва аз он баракате, ки дар умри худ муъмина сохиб шудааст ба кулли банда хо насиб гардад, ин видоъро чуз Саъди, касе дуруст калам назада. Рахмат барои ин ...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi