СОХТМОНИ "РОҒУН". МАВҚЕЪ ҲАМОН АСТ, КИ БУД
Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як изҳороти вижа гуфтааст, расонаҳои хабарии бархе кишварҳои минтақа барқасдона роҷеъ ба "Роғун" иттилооти ғалат нашр мекунанд. Бо пахши ин баёния Тоҷикистон нигаронии худро аз нашри матолиби зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун баён намуда, вале ҳамзамон таъкид кардааст, ки мавқеи давлати Тоҷикистон дар робита ба зарурати анҷоми ин барнома бетағйир хоҳад монд.
"БАРНОМАИ СОХТМОНИ "РОҒУН" ҚАТЪ НАХОҲАД ШУД"
Баёния бидуни зикри номи нашрияи мушаххас, расонаҳои хориҷиро ба пахши «маълумоти таҳрифомез» дар бораи нерӯгоҳи “Роғун” муттаҳам мекунад. Тоҷикистон ҳамеша гуфтааст, ки тарҳи Роғун як барномаи ошкор аст ва ин далел, ки коршиносони байналмилалӣ ба омӯзиши он ҷалб шудаанд, бояд ҷойеро барои шубҳаву гумон боқӣ нагузорад ва ин тарҳро ҳамчун далели боз будани мақомот дар ин самт пешниҳод мекунад.
Сӯҳроб Шарифов, мудири Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо нашри ин изҳорот давлати Тоҷикистон бори дигар таъкид кардааст, ки барномаи сохтмони Роғунро ба ҳеҷ ваҷҳ қатъ нахоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Шарифов, нашри ахбори ҳангомаомез ва пурвоҳима дар атрофи нерӯгоҳ тасмими давлатро дар заминаи то ба охир расонидани ин тарҳ дигар намекунад.
ҲАНГОМАИ РАСОНАҲОИ УЗБАКИСТОН
Ахиран дар бархе аз сайтҳо ва расонаҳои хориҷӣ матолиби интиқодӣ дар иртибот ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» зиёд ба нашр расиданд. Барои мисол сайти интернетии Centrasia.ru бо нашри як мақола давлати Тоҷикистонро дар ситонидани маблағ аз аҳолӣ барои сохтмони “Роғун” муттаҳам кардааст.
Ва ё нашрияи «Правда Востока» -и чопи Тошканд низ дар яке аз мақолаҳои ахири худ Тоҷикистонро ба сарпечӣ аз тавсияҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба “Роғун” муттаҳам кард ва идомаи пажӯҳиши коршиносони ин бонкро таҳти шубҳа қарор додааст. Дар як моҳи ахир танҳо дар сайти вазорати хориҷаи Ӯзбакистон 8 матлаб дар робита ба хатаровар ва зиёнбор будани Роғун мунташир шудааст. Аммо Тоҷикистон ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, «қоидаҳои амалкунандаи Бонки ҷаҳониро риоят» хоҳад кард.
НАРМИШ ДАР МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН?
Бо ин ҳол коршиносон ва таҳлилгарони мустақил мегӯянд, ки баёнияи давлати Тоҷикистон то ҳадде аз нармиши мавқеи ҳукумат дар мавриди таблиғоти барномаи сохтмони “Роғун” гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикистон бо он, ки мавқеи худро иваз кардан намехоҳад, аммо мехоҳад масъаларо тавре матраҳ кунад, ки ҷонибҳои зидахл онро бипазиранд.
Саймиддин Дӯстов- масъули созмони иҷтимоии « Индем» мегӯяд, ки маъракаи алайҳи “Роғун” ва ё ҷанги иттилоотӣ дар берун ба ҳадде густариш пайдо кард, ки ҳукумат ночор шуд, ҳамин гуна изҳороти сиёсиеро мунташир кунад. Ва ба пиндори оқои Дӯстов, изҳороти мазкури ҳукумат асосан ба кишварҳо ва шариконаш нигаронида шудааст.
Дар баёнияи давлати Тоҷикистон ин нукта низ ишора шудааст, ки то ҳол дар ин сохтмон танҳо корҳои тармим ва таҷдиди ончи аз замони Шӯравӣ боқӣ монда буд, ҷараён доранд ва корҳои умда ҳанӯз шурӯъ нашудаанд. Кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон, ки аз ҳама бештар нигарони татбиқи тарҳи Роғун шудааст, мегӯяд, ки ин тарҳ хисороти ҷиддӣ ба думбол дорад ва набояд сохта шавад.
НЕРӮГОҲҲОИ ХУРД НИЁЗИ ТОҶИКИСТОНРО БАРОВАРДА МЕКУНАД?
Ҳукумати Узбакистон борҳо ба ҳамсояи сероби худ машварат додааст, аз пайи сохтани нерӯгоҳҳои хурд шавад ва аз “Роғун” даст бикашад. Аз ин ҷост, ки Сӯҳроб Шарифов- мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ гуна пешниҳодҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва ё ҷустани роҳҳои алтернативии дарёфти манбаи энергетика аз ҷумла бодӣ ва ё офтобӣ ҷои нерӯгоҳҳои миёна ва бузургро гирифта наметавонад.
Агар тарҳ дар ниҳояти амр бунёд шавад, Тоҷикистон истиқлолияти энержӣ ба даст меорад ва ба кишвари содиркунандаи нирӯи энержӣ табдил мешавад, ки дар бозорҳои минтақаи Осиё харидори бешумор дорад. Бо назардошти ин имконот, аксари коршиносон пофишории Узбакистонро ба сабқати пештозӣ дар бозорҳои энержии Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон маънидод мекунанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
425
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
313
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
346
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
406
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
984
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
686
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1369
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
108
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
287
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
184
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
872
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1188
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2278
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2340
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
503
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1125
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
272
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1345
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4393
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб











































Шарҳҳо
RSS Обуна