ОЁ ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАД БА СОХТМОНИ РОҒУН ИДОМА ДИҲАД?
Бонки Ҷаҳонӣ бар хилофи пешбинӣ ва умедвориҳои Тоҷикистон ба давлати ин кишвар тавсия додааст, ки аз марҳилаи якуми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун худдорӣ бикунад.
Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ ва гурӯҳи мустақили коршиносони байналмилалӣ марҳалаи аввали омӯзиши худро дар бораи имкони идомаи тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба поён расонд. Боздиди коршиносон аз сохтмони ин нерӯгоҳ, аз нерӯгоҳи Норак ва аз ҳавзаи рӯдхонаи Вахш даҳ рӯз давом кард.
Ин гурӯҳ дар ин муддат бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, раҳбарони сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва бо ширкати “БарқиТоҷик” мулоқот анҷом дод. Гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба хулосае расидааст, ки омӯзиши имконоти сохтмони нерӯгоҳ, ки моҳи марти соли ҷорӣ оғоз шуда буд, бо муваффақият пеш меравад. Дар давоми панҷ моҳи омӯзиш ин гурӯҳ корҳои зиёде анҷом додаст ва гузоришҳои муқаддамотии худро ба нашр расондааст.
Пас аз мубоҳисоти зиёд пиромуни сохтмони сарбанди баланди обанбори ин нерӯгоҳ ҷониби Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ба тавофуқ расида буданд, ки то нашри натиҷагириҳои кори кумиссиюн Тоҷикистон аз идомаи корҳои асосии сохтмонӣ худдорӣ мекунад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Мото Канишӣ, раиси минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ пурсидем, бо назардошти хулосаҳои коршиносон оё Тоҷикистон метавонад ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома бидиҳад?
Мото Канише гуфт: “Дар ҳамин авохир марҳалаи аввали омӯзиш ба поён расид. Ман бояд рӯшанӣ андозам, ки Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаҳои ин омӯзишро ҷонибдорӣ мекунад. Вале барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳеҷ ӯҳдадорӣ бар дӯш намегирад. Ин омӯзишро кумиссиюне иборат аз коршиносони байналмилалӣ анҷом доданд. Тибқи натиҷаҳои омӯзиши кумиссиюн, ҳоло тавсия дода намешавад, ки дар баландии бештар аз 1 ҳазору 100 метр аз сатҳи баҳр сохтмони марҳалаи аввали тарҳ, яъне обанбори баландиаш 120 метр шурӯъ шавад. Чунин хулосаҳоро коршиносони байналмилалӣ ва гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ карданд ва мо бо ин пешниҳодҳо мувофиқ ҳастем.”
Ба суоле дар ин бора, ки ҷониби Тоҷикистон бо ин натиҷагириҳои кумиссиюни байналмиллалӣ розист ё хайр, ҷаноби Канише чунин посух дод: “Бовар дорам, ки Тоҷикистон ҳам худаш ин масъаларо меомӯзад ва бо раисиҷумҳур машварат мекунад. Вале масъала ин аст, ки оё онҳо бо ин натиҷагириҳо розӣ хоҳанд шуд ё хайр. Мо умед дорем, ки чунин шавад ва онҳо дар ин замина баррасиҳои кофӣ хоҳанд дошт ва гузоришро дар бораи натиҷагириҳои коршиносон қабул хоҳанд кард.”
Чун Тоҷикистон ҳар сол ба камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешавад, Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки роҳҳои алтернативии таъмини барқ дар Тоҷикистонро ҷустуҷӯ хоҳад кард ва сармоягузорӣ дар ин бахш беҳтар хоҳад шуд.
Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»-
22.03.2026 15:28
479
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
457
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
594
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
362
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
388
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
476
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
272
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
997
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1034
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
717
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1403
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2330
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
140
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
300
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
337
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:35
194
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
229
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
372
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
10.12.2025 16:56
903
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1220
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1170
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2318
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2376
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3400
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
535
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1889
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2039
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:59
1118
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1003
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1185
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
24.06.2026 10:35
320
Натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 (21-23 июн)
-
22.06.2026 00:09
344
Натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 (18-21 июн)
-
20.06.2026 13:32
236
Чемпионати ҷаҳонии соли 1954
-
17.06.2026 16:29
224
Муҳаммад Алӣ: Муште, ки ба адолат зарба зад
-
14.06.2026 14:06
346
Юрий Гагарин: Аввалин садои инсон аз кайҳон
-
11.06.2026 00:58
295
Аша Бхосле - Садои ҷовидонаи Ҳиндустон











































Шарҳҳо
RSS Обуна